Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ АЗ ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

АЗ ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

by admin
95 views

Терроризм ҳамчун руйдоди сиёсӣ таърихи қадима дорад. Калимаи «террор» аз лотинӣ гирифта шуда, маънои тарс, даҳшатро дорад. Он ҳамчун мафҳуми сиёсӣ аз тарафи инқилобчиёни фаронсавии жирондистон ва якобчиён истифода мешуд, ки онҳо бо ин роҳ барои тарсонидан ва ба даҳшат овардани ҳукумати Людовики XVI мардумро ба ошуб меоварданд.

Гуфта мешавад, ки аввалин гурӯҳи терористӣ дар таърихи инсоният гурӯҳи сикаристҳо буданд, ки дар солхои 66-73 асри I мелодӣ дар Фаластин мезистанд. Дар асри XI дар Шарқ бошад, бо номи гуруҳи «асосиҳо», ки ба онҳо Ҳасани Саббоҳ роҳбарӣ мекард ва ҳамчун асосгузори идеологияи терроризм машҳур аст, фаъолият мекард.

Ҷамъиятҳои махфии террористӣ дар Шарқи Дур, Хитой ва Ҳиндустон вуҷуд доштанд. Аз нимаи дуюми асри XIX ҳаракати террористӣ дар Аврупо ҳарактери доимӣ гирифт. Махсусан дар Россия ташкилоти «Озодии Халқ» (Народная Воля) хеле фаъол буд. Дар муддати се соли мавҷудияти худ онҳо амалиётҳои зиёди террористӣ анҷом доданд. Аз он ҷумла, куштори генерал-Губернатори Петербург, роҳбарии шуъбаи сеюм генерал Мезенсев, Шоҳ Александри II аз тарафи онҳо амалӣ  карда шуд.  Давомдиҳандаи амали тер¬рористӣ дар Россия эсерҳо буданд. Тахминан ҳамаи кушторҳои дар аввали садаи XX руйдодаро эсерҳо ташкил мекарданд. Дар ин муддат қариб 263 ҳаракати террористӣ фаъолият мекард.

Дар   Амрико президентҳо   Мак-Кинли ва Гарфилд   аз ҷониби террористҳо ба қатл расонида шуданд. Ҳамчунин соли 1894 Президенти Фаронса Карно, соли 1987 сарвазири Испания Кановас, соли 1898 маликаи австриягӣ Елизавета ва соли 1990 шоҳи Италия Умберто дар натиҷаи амали террористӣ ҷони худро аз даст доданд. Баъди ҷанги якуми ҷаҳон ташкилотҳои террористӣ аз тарафи гурӯҳҳои сепаратистӣ ва гурӯҳҳои фашистӣ дастгирӣ меёфтанд.

Пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон бошад, гӯё амалиёти террористӣ ба гӯшаи фаромушӣ расида буд. Дар зери таъсири ҷангҳо дар Корея ва Ветнам мавқеи онҳо суст гардид. Аммо ин гурӯҳҳо вуҷуд доштанд.

Чунончи соли 1972 гурӯҳи террористии «Сен¬тябри сиёҳ» варзишгарони Исроилро гаравгон гирифтанд,  ки дар натиҷаи ҳуҷум бисёри варзишгарон, террористон ва  кормандони полис кушта шуданд.

Дар таърихи нави ҷаҳон мавҷи нави ҳаракатҳои террористӣ авҷ гирифта истодааст. Пас аз сентябри соли 2001 терроризм хусусияти глобалӣ пайдо кард. Мувофиқи методҳои таъсиррасонӣ терро¬ризм  чунин  шакл  мегирад:

  1. Бо расонидани зарари ҷисмонӣ;
  2. Нобуд сохтани объектҳои моддӣ;
  3. Бо истифодаи фишороварии руҳӣ-равонӣ.

Терроризм дохилӣ ва байналхалқӣ шуда метавонад. Терроризми дохилӣ вобаста ба субъектҳои худ мумкин аст ба терроризми давлатӣ, терроризми мухолифӣ ва террориз¬ми байниҳизбӣ тасниф меёбад. Тер¬роризми байналхалқӣ бошад, ба дав¬латӣ ва ғайридавлатӣ ҷудо мешаванд. Аз руйи ғаразҳо терроризми ҳозираро чунин муайян кардан мум¬кин аст:

  1. Дар тактикаи амалиёти терро¬ристӣ дигаргунӣ ба вуҷуд омадааст (аз куштори як-ду нафар ба садҳо-ҳазор расидааст);
  2. Таркиби гурӯҳҳои террористӣ бисёр мураккаб гардидааст;
  3. Шаклҳо ва роҳҳои террор боз ҳам даҳшатнок шудааст;
  4. Терроризми имрӯза аз пешрафти воситаҳои техникӣ васеъ истифода мебаранд;
  5. Гурӯҳҳои террористӣ зиёдтар ба арзишҳои динӣ ва нажодӣ такя мекунанд;
  6. Сарчашмаҳои маблағтузории терроризми байналхалқӣ зиёд шудаанд.

Ҳанӯз дар солхои 90-уми асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зуҳуроти номатлуби терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ рӯ ба рӯ гардида буд, яъне ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашидани ин миллат дасти ҳамин гурӯҳҳо буд, ки ҷони зиёда аз 150 ҳазор сокинони мамлакатро даррабуд.

Воқеаву ҳодисаҳои мухталифи Ҷаҳони имрӯза собит месозад, ки проблемаи терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ, яке аз масъалаҳои муҳим ва доғи рӯз боқӣ мондааст ва ҳал намудани ин мушкилӣ дар хамбастагии қудрат ва имконоти дохилию хориҷии кишварҳои ҳампаймон имконпазир мегардад. Маҳз ба ҳамин хотир дар чаҳорчӯбаи Созмони амният ва хамкории дастаҷамъӣ ва дигар созмону ташкилотҳои байналхалқии бехатарӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи он бар зидди тер-роризму экстремизм, нашъаҷаллобӣ, ҳодисаҳои сарҳадшиканӣ ва дигар  ҷиноятҳои муташаккул муборизаи беамон бурда истодааст.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла пешгирӣ ва решакан намудани терроризму экстремизми динӣ дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ борҳо иштирок ва суханронӣ намуда, аз ин минбарҳои баланд ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намудааст. Натиҷаи таъкид ва роҳнамоии  хирадмандонаи Роҳбари давлат боиси он гардид, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, ба изтироб афтода, барои бозпас омадани онҳо чораҳои қатъӣ андешиданд.

Насли ҷавони кишвар ва ҷомеаи моро лозим аст, ки аз имконоти фароҳамовардаи давлату ҳукумат барои таълиму тадрис, пойдории сулҳу субот дар кишвар самаранок истифода бурда, фарзандонро дар руҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ тарбия намуда, насли солиму хирадманд  ба воя расонида, дар шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон саҳмгузор бошанд. Зеро ин сарзамини биҳиштосо мероси аҷдодии гузаштагонамон буда, мебояд, ки барои эъмору гулгулшукуфоии он софдилонаву хештаншиносона заҳмат кашида, ба ҷараёну равияҳои хусусиятҳои террористиву экстремистӣ дошта оштинопазир бошанд.

Ҳамин тариқ, барои пойдории сулҳу суботи ҷомеа, сохтори конститутсионии он, таъмини амният ва ҳифзи арзишҳои моддиву маънавӣ имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмону ташкилотҳои байналхалқӣ буда, хамкориҳои судманди сиёсию ҳарбӣ, иҷтимоию фарҳангиро ба роҳ монда, ба¬рои аз байн бурдани омилҳои террористӣ ва экстремизми динӣ саҳми муносиби хешро мегуз

Related Articles

Leave a Comment