Бо ҳамин унвон 22-юми феврали соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба истиқболи 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Донишгоҳ, собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ, ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани ифтитоҳии чорабинии ҷашнӣ собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавҳари аслии онро эҳсосоти наҷибе чун ватандориву садоқат, ҷавонмардиву ҷасорат, қаҳрамониву шуҷоат ва фидокориву матонат ташкил дода, ҷиҳати қадршиносии собиқадорони ҷангу меҳнат ва ташвиқи ҷавонону наврасон ба хидмати Модар — Ватан, ҳифзи сулҳу субот, тамомияти арзии кишвар, амнияту осоиштагии мардум, истиқлолияти давлативу ваҳдати миллӣ ҳамасола дар саросари кишвар бошукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мешавад, табрику таҳният гуфта, ба ҳозирин ва кулли ҳамдиёрон, ҷавонмардони далеру шуҷои Ватан саломативу сарбаландӣ, бахту иқболи баланд ва дар таҳкими амнияту суботи кишвар, ҳифзи арзишҳои милливу истиқлолияти давлатӣ шарафи хидмати шоиста ва фаъолияти пурсамарро таманно намуданд.
Ҳамчунин дар идомаи суханронӣ ректори донишгоҳ иброз доштанд, ки ойинаи таърихи миллат мунъакиси ин воқеият аст, ки Артиши миллии мо дар вазъи ниҳоят мураккаби сиёсӣ бо сарварии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳбари сулҳҷую Ваҳдатгаро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо итминони қавӣ ба азму иродаи мардуми кишвар созмон дода шуд. Бо эъмори ин сипари боэътимоди давлатдорӣ, зери ливои иттиҳоду сарҷамъӣ ва дар натиҷаи фаъолияти пурсамару заҳматҳои мушкилситез, мо ба комёбиҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ ноил шуда, арзишҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик, ҳамакнун, маълуми ҷаҳониёнанд.
Бо ифтихормандӣ иброз гардид, ки Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон бо раҳнамоиии хирадмандонаву дастуроти созандаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша чун дарси ватандориву вафодорӣ, василаи ташвиқу тарбияи наслҳо пос медоранд.
Дар идомаи чорабинӣ бо ибтикори раёсати Донишгоҳ бахшида ба 31-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ бо қироати фармоиши ректори Донишгоҳ собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки айни ҳол дар Донишгоҳ фаъолияти илмӣ-педагогӣ доранд, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин 20 нафар омӯзгорону кормандони ҷавони Донишгоҳ, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида, хизмати Модар-Ватанро мардонавор иҷро намудаву барои фаъолият ба Донишгоҳ баргаштаанд, бо «Сипоснома»-и ректори Донишгоҳ барои фаъолияти назаррасу судманд сарфароз гардонида шуданд.
Дар идома чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатии ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги донишгоҳ бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии суруду таронаҳои тараннумгари сулҳу дӯстӣ табъи ҳозиринро болида гардонида, ба шукӯҳи чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.