Ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ки зери парчами ислом ва дигар адён ба хотири сари қудрат овардани чанд нафар «бозича»-и абарқудратон имрӯз дар кишварҳои гуногун (махсусан, кишварҳои исломӣ) пинҳону ошкор фаъолият доранд, таъсири баде дар мафкураи инсонҳо ворид менамоянд. Асли мақсад ин аст, ки аз ҷониби абарқудратон тақсимоти бозори ҷаҳон бо шаклҳои нав сурат гирифта истодааст, ки як шохаи он сари қудрат овардани бехираду беҳувияте чанд ва ба ин васила, истифода аз сарватҳои табиии кишварҳои рӯ ба рушд аст. Махсусан, фирефта намудани ҷавонони ноогоҳ, бесавод ва орӣ аз тафаккури пешрафта ҳадафи асосии ин гурӯҳҳост. Дар ҳамаи кишварҳои дунё дар ҷустуҷӯи ҳамин ҷавонони ноогоҳанд ва баъзан духтарон ва кӯдаконро ҳам ба доми худ афтонида, аз онҳо террорист омода мекунанд.
Имрӯз дар ҷаҳон бештар 80 ҳизбу гурӯҳи гуногуни исломӣ, ки мақсадашон бо роҳи ҷиҳоду зӯроварӣ ғасб кардани қудрату давлат дар ҷаҳон аст, фаъолият дошта, ҳар кадом дар ин ё он кишвар ба қатлу куштору даҳшатафканӣ миёни мардум ва базӯр паҳн намудани ақидаҳои зиддибашарӣ машғуланд.
Яке аз омилҳои дар солҳои 90 –уми асри 20 сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳам ба дасти бехираде чанд афтодани яроқ ва афрӯхтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба кишвар аз ҷониби ҳамин гурӯҳҳо буд.
Боиси таассуф аст, ки равияву ҳизбҳои ба ном исломӣ дар шакли дигар ва бо нақшаҳои муғризона вориди сиёсат ва ғорату тарсафканӣ дар кишварҳои алоҳида гардида, оромию субот ва ҳаёти мардуми осударо зери суол бурдан мехоҳанд.
Терроризм зодаи экстремизм ва бадтарин падидаи номатлуби инсонӣ буда, марбут ба як дину мазҳаб нест. Як девонаи сиёсӣ ва ё кӯчагӣ ҳам метавонад дар доираи якравӣ ва ақидаи ботилу девонавори хеш мардумро парешону ҳаросафканӣ намояд ва бо ҳамин рафтор метавонад террорист бошад.
Дар дарозои таърих ин амали ҷиноятӣ дар миёни пайравони динҳои гуногуни яҳудӣ, насронӣ, ислом, ҳиндуизм, буддоӣ ва ҳатто қабилаҳои ваҳшитабор ҳам вуҷуд доштааст. Вале дар замони муосир ин рухдод он қадар миёни мусулмонон доман густардааст, ки ҳар ҷо метавон нақши сиёҳу хуношоми онро эҳсос намуд. Бадбахтӣ дар он аст, бештари онҳое, ки дар олами ислом нуфуз ва обрӯе доранд, аз ин гурӯҳҳо ҳимоят ва пуштибонӣ менамоянд. Пуштибонии як идда кишварҳои арабӣ аз Толибон, ДОИШ ва даҳҳо ҳаракати террористӣ ба бештари мардум маълум аст.
Ҳазорон ганҷинаи таърих бо дасти ҳамин гурӯҳҳо дар асри 20 ва 21 тахрибу вайрон ва бо хок яксон гардид. Қадимтарин ганҷинаҳои таърихии кишвари Сурия, ки намунае аз тамаддуни олами башарӣ буданд, пора — пораву нобуд карда шуданд. Ҳайкалҳои буддои Бомиёнро, ки дар тӯли таърихи 1400 — солаи ислом дар сарзамини Афғонистон касе даст назад, чанд толиби ношустарӯ ва бефарҳангу бесавод тарконида, нобуд карданд. Осори қадимию нодири шаҳрҳои Ҳироту Ғазниро, ки намунаи осори бузурги гузаштагони мо хисоб меёбанд, ҳамин гурӯҳҳои ваҳшӣ ба коми оташ ва харобӣ кашиданд. Бояд таъкид намуд, ки ин гурӯҳҳо на танҳо бо зиндаҳо, балки бо таърихи гузаштаи миллату халқиятҳо ҳам хусумат доштаву бо такя ба хоҷагони пасипардагии худ ҳар нишоне аз тамаддунро дар кишварҳои шарқи исломӣ аз бунёд вайрон дидан мехоҳанд.
Ҳамин бешарафу бехирадонанд, ки таҷлили иди Наврӯзро, ки зодаи тафаккури баланди инсонии ниёгони бохиради мост ва мусиқиро, ки инсонсоз аст, кори шайтон медонанд, таҳсили занону духтаронро намеписанданд, никоҳи духтарони 9 — солаву 12 — соларо муҳиммоти шаръӣ медонанд, одам куштан ва террору таҷовузро як кори маъмулӣ мешуморанд.
Барои пешгирӣ аз ворид шудани ҷавонон ба ҳаракату равияҳои тундрав нақши тарбия, махсусан, таъсири тарбияи хонаводагӣ ниҳоят калон мебошад. Баъдан ба хотири пурқувват намудани тадбирҳои тарбиявӣ ҳамкории муассисаи таълимӣ бо муҳити оила ва ҷомеа ва зери таъсири се ниҳоди бузург ва назорати доимӣ қарор доштани наврасону ҷавонон дар дарки бештари масъалаҳо ва махсусан, дурӣ аз қонуншикании онҳо замина мегузорад.
Экстремист ва террорист шахсест, ки барои ӯ муқаддасот, арзишҳои миллӣ, гуманизм, зебоӣ, фарҳангу ҳунар ва хираду дониш арзише надоранд. Омили асосии ба ифротгароӣ майл намудани шахс ҷоҳилӣ, бедонишӣ, бемаърифатӣ ва тақлидкории ӯ ба амалҳои ғайриинсонӣ мебошад. Дар як идда кишварҳои исломӣ 40-50 фоизи кӯдакони синни мактабӣ ба таҳсил ҷалб намешаванд ва дар доираи муассисаҳои таълимии онҳо муллои ҷоҳиле ба кӯдакон таълим медиҳад ва ҳар амали ҷоҳилонае, ки мавриди писанди ӯ бошад, ба кӯдакон талқин менамояд ва ба ҷойи дониш кӯдакону ҷавононро ба ҷиҳод ва куштору қатлу ғорат роҳнамоӣ мекунад.
Нақшаву барномаҳои таълимӣ ва китобу дастурҳои таълимии дунявӣ дар мадрасаҳои ин кишварҳо мавҷуд набуда, талқини ғанимат донистани ҳастӣ, бунёдкорию ободкорӣ, ғамхорӣ ба мардуми нотавону бечора, аз тамоми ганҷҳои олам болотар донистани илму дониш дар ин муассисаҳо умуман ном бурда намешавад. Манқуртсозии кӯдакон дар ин муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуда, онҳо ба ҷуз куштану аз ёд кардани чанд пора аз китоби Қуръон чизи дигареро намеомӯзанд.
Аз ҳама нанговар ин аст, ки падидаи номатлуб дар доираҳои ҷосусии кишварҳои манфиатдор ва лухтаккишварҳои исломии бозичаи дасти ин кишварҳо бо номи террористи исломӣ, экстремисти динӣ ва ғайра ёд шуда, қатлу ғорати худи мусулмонон бо дасти ҳамин лухтакҳо ва манқуртҳо амалӣ шуда, нооромии ҷомеа ва кишварҳо, тарсу ҳарос, гуреза ва дар ба дар кӯ ба кӯ шудани мардум мегарданд.
Дар ду соли ахир ба сари қудрат оварда шудани Толибон дар Афғонистон, инфиҷору таркишҳои пай дар пай дар Покистон, аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ фаъол гардидани ДОИШ ва дигар ҳизбу гурӯҳҳои экстремистию ифротӣ дар кишварҳои мазкур ва ба тарзи махфӣ дар чанде аз кишварҳои дуру наздик набояд ҳеҷ як фарди бонангу номуси тоҷикро бетараф гузорад.
Ин ҳама моро водор месозад, ки ҳамчун зиёӣ, омӯзгор ва фарзанди ҳамин диёр дар тарғиби оромию суботи кишвар, ифшои чеҳраи манфури гурӯҳҳои ифротӣ ва талқини мардум ба сӯи хирад, дониш, суботи кишвар ва расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши доимӣ дошта бошем.
Ҷалолиддин Амир, корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон