Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ БАРРАСИИ ВАЗЪИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ ВА БЕҲСОЗИИ САТҲИ НЕКУАҲВОЛИИ МАРДУМ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

БАРРАСИИ ВАЗЪИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ ВА БЕҲСОЗИИ САТҲИ НЕКУАҲВОЛИИ МАРДУМ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

by admin
149 views

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28.12.2023 ба Маҷлиси Олӣ ва тамоми мардуми кишвар ироа гардид, Пешвои миллат вазъи тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, масоили муносибатҳои байналмилаӣ ва хусусан беҳшавии сатҳи некуаҳволии мардуми кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Дар оғози суханронӣ Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид”.

 Пешвои мллат қайд намуданд, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Инчунин, таъкид намуданд, ки бо мақсади тадриҷан идома додани ин раванд ва то солҳои наздик ба 10 фоиз расонидани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат чораҳои мушаххас андешида, мунтазам рушди иқтисодиётро дар сатҳи 8 фоиз нигоҳ доранд.

Таҳлилҳо ва рақамҳои дар Паём зикршуда аз он далолат медиҳад, ки Роҳбари давлат аз ваъзи воқеии масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дурнамои дигар соҳаҳои калидии кишвар комилан иттилоъ дошта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва замина гузоштан барои рушди самтҳои муҳим, ки зиндагии босаодати аҳолии кишвар аз он алоқаманд аст, тасмимҳои ҷиддӣ мегиранд.

Ҳалли масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, бозори меҳнатӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ барои тамоми шаҳру минтақаҳои кишвар хеле муҳим буда, ин масъала дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ бештар ба танзими давлатӣ ниёз дорад. Дар Паёми Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардиданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар шароити мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин тағирёбии иқлим ва хушксоливу камобии соли 2023, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррасро ба даст оварда, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 8,3 фоиз зиёд гардида ва беш аз 130 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 2022 15 миллиард сомони зиёд гардида, қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардидааст.

Маълум аст, ки бо мақсади дастгирии давлатии дараҷаи некуаҳволии аҳолӣ вобаста ба рушди иқтисодиву иҷтимоии дар заминаи танзими шуғли меҳнат, бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии мардум дар кишвар танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат доир ба фишангҳои иқтисодию иҷтимоии амалкунандаи танзими шуғли аҳолӣ, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бештар гардида, барои васеъгардонии фондҳои асосӣ, ташкили истеҳсолоти саноатӣ, бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, сармоягӯзорон, шарикони рушд ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти наву рақобатнок диққати аввалиндараҷа дода, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва маблағи корхонаҳо зиёда аз 7 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 1,5 баробар зиёд мебошад.

Бо назардошти аҳаммияти соҳаи саноат, барои рушди минбаъдаи мамлакат, Ҳукумати кишвар солҳои 2022-2026-ро солҳои рушди саноат эълон намуд. Ҷиҳати амалисозии ин иқдом ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Ҳол он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз соҳибистиқлолӣ тайи 75 соли замони гузашта, яъне то соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият мекард. Бояд қайд намоем, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар зиёд гардида, ба 46 миллиард сомонӣ расида, танҳо аз соли 2017 то соли 2023 ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст. Дар баробари муваффақиятҳои соҳаи саноатӣ кишвар бархе аз камбудиҳо низ ҷой дорад, ки соли 2022-юм содироти маҳсулоти соҳаи саноат, ба 22,8 миллиард сомонӣ расида буд, вале дар соли 2023-юм бошад ин нишондиҳанда ҳамагӣ 18,5 миллиард сомониро ташкил карда, 19 фоиз кам гардид. Ба андешаи мо дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, Ҳукумати мамлакат дар робита ба ислоҳоти низоми ҷалби сармоя ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, махсусан, дар бахшҳои саноативу агросаноатӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои баланд бардоштани имкониятҳои сармоягузорӣ ба масъалаи фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос, афзоиши назарраси ҳаҷми коркард ва маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, самаранокии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таъсиси маҷмааҳои саноатиро дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ таҳия намуда, боз ҳам беҳтар гардонад.  

Маврид ба зикр аст дар раванди рушди саноатикунонии босуръати кишвар рушди соҳаи энергетика заминаи мусоидро фароҳам хоҳад овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дошта,  баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои таъмиру навсозии низоми энергетикии кишвар аз ҷониби Ҳукмати мамлакат 85,7 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ барои агрегати сеюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун равона гардида, то соли 2025-ум итмомёбӣ ва ба истифода супоридани агрегати сеюми Роғун дар назар аст. Дар баробари ин соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли нерӯи барқ 22 миллиард киловатт-соатро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт-соат ё 28 фоиз зиёд мебошад.

Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, чуноне ки таҷрибаи аксарияти кишварҳои рушдкардаи иқтисодӣ нишон медиҳад, аз истифодаи самараноки меҳнат, таъмини шуғли пурмаҳсул, бо истифода аз технологияҳои нави инноватсионӣ ва дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна алоқаманд мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки масъалаи ташкили ҷойҳои нави корӣ истифодаи самараноки иқтидори захиравӣ-табиӣ, музди меҳнат заминаи муҳимми ташаккули даромадҳо арзёбӣ мегардад, ки танҳо дар соли 2023 аз ҷониби соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Дар баробари ин, ҷиҳати ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ дар ҳаҷми 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стпендияҳо 40 фоиз, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқарар карда шуд. Инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз зиёд карда шуд.

Омӯзиш ва таҳлили сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар аз нигоҳи омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ шароити муҳим барои вусъатгирии рушди мамлакат мебошад. Алалхусус, аҳолӣ, ҳаракат ва тағйирёбии он тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2023 теъдоди шумораи аҳолӣ 10 миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил дода, талабот ба маводи ғизоӣ ду баробар афзоиш ёфтааст. Шумораи аҳолии қобили меҳнат ва машғул дар иқтисодиёти бозорӣ рӯ ба афзоиш буда, дар панҷ соли охир 8,4 фоиз зиёд гардидааст. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки даромади пулии аҳолӣ соли 2017 37,2 миллиард сомонӣ буда, дар соли 2023 ба 112,7 миллиард сомонӣ расида 3,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Музди миёнаи меҳнат дар ҳафт соли охир беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардидааст. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар соли 2023 нисбат ба соли 2017 ба ҳисобии миёна 7,5 фоизро ташкил намуда, 1,5 баробар зиёд гардидааст. Дар 20 соли охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 29,5 фоиз дар соли 2017 ва 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш ёфта, то соли 2030 ба 10 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар назар аст. Новобаста аз болоравии нархҳои ҷаҳонӣ дар кишвар сатҳи таваррум мӯътадил нигоҳ дошта, соли 2023 3,8 фоизро ташкил намуд.

Ин рақамҳо ифодакунандаи заминаи захиравии ислоҳоти иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои иҷтимоии баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат, таъмини шуғли аҳолӣ, бозори меҳнатӣ ва кам кардани  сатҳи бекорӣ хизмат хоҳанд кард. 

Ҳамчунин, дар яке аз нуктаҳои Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаккули иқтисоди сабз, суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намуданд.

Дар шароити имрӯзаи кишвар масъалаи аввалиндараҷаи танзими пурраи шуғли аҳолӣ ин баланд бардоштани истифодабарии самараноки иқтидори меҳнатӣ, кам кардани афзоиши беисти бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Аз ҳисоби дуруст татбиқ гардидани сиёсати Ҳукумат шумораи аҳолии қобили меҳнат рӯ ба афзоиш буда, аз соли 2019 то соли 2023-ум, 8,4 фоиз зиёд гардидааст. Дар ин давра барои кам кардани сатҳи бекрӣ ва рушди бозори меҳнатӣ Ҳукумат бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ танҳо дар соли 2023 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ, 117 иншоот дар соҳаи маориф барои беш аз 43 ҳазор хонанда ва 139 иншоот дар соҳаи тандурустӣ сохта ба истфода дода, ин таркиби ҳақиқии бозори меҳнатро ҳамчун бозори шуғли корӣ муайян менамояд.

Ҳамин тавр, механизми самараноки фаъолият ва рушди бозори меҳнатӣ бо ҷалби аҳолии мардуми кишвар шарти муассир дар ташаккули сатҳи мувофиқи зиндагӣ мебошад.

Дар танзими дастгирии давлатии механизми самараноки шуғли аҳолӣ барномаҳои мақсадноки давлатӣ мақоми хосса доранд. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат дар Паёми худ иброз намуданд, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ бояд на камтар аз 8 фоизро таъмин намояд. Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳама сола зиёд гардида, ҳаҷми он нисбат ба соли 2017 дар соли 2023 1,6 баробар афзоиш ёфта, бо фароҳам омадани хусусиятҳои иҷтимоии буҷети далатӣ, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ зиёд гардида, соли 2017 ин нишондиҳанда 9,6 миллиард сомониро ташкил намуда бошад, дар соли 2023 ба 18,5 милиард сомонӣ расонида шудааст, ки 1,9 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар баробари баъзе муваффақияти сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, бархе мушкилиҳо низ ҷой дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-уми июни соли 2008 бо ташаббуси худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро пешниҳод кардаанд, ки ин тадбир дар шароити кунунӣ ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Аз ин рӯ мушоҳидаҳои чандсолаи сарвари давлат ба хотири ояндаи фаровонии дастархони ҳар як сокини мамлакат ин қонунро пешниҳод намуданд. Муатасифона, баъзе оилаҳои то ҳол ҳастанд, ки ба вайрон намудани муқаррароти Қонуни мазкур даст зада, талаботро риоя намекунанд.  Аз ин ҷост, ки ҳиссаи хароҷоти истеъмолии хонаводаҳо барои маҳсулоти хӯрокворӣ солҳои 2018-2019 ба ҳисоби миёна зиёда аз 62%-и даромадҳои аҳолӣ истифода гардида, дар истифодаи маҷмуи даромад солҳои охир майли мусбат гирифтааст. Хароҷот барои пардохти музди хизматрасонӣ, инчунин андоз ва дигар пардохтҳои аҳолӣ афзудаанд.

Таъмини шуғли пурраи аҳолӣ ва механизми танзими давлатии он дар заминаи  рушди соҳибкорӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди минтақа дар ташаккули иқтидори молиявии субъектҳои хоҷагидор ва хонаводаҳои алоҳидаи он аҳаммияти зиёди иҷтимоӣ дорад. Маҳз номуайянӣ дар фаъолияти соҳибкории хурду миёна, механизми номукамали бозор зарурати дастгирии давлатиро дар робита ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва васеъ намудани шароити шуғл дараҷаи некуаҳволии аҳолии кишвар ба амал меорад. Дар баробари рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккул ёфтани маданияти баланди идоракунӣ хело муҳим мебошад. Ин омили хело таъсирбахши баланд бардоштани самаранокии шуғл ва яке аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсати мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар таъмини дараҷаи некуаҳволии аҳолии кишвар мебошад. Бо ин мақсад, дараҷаи рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар, ташаккули ҷойҳои нави корӣ бо роҳи соҳибкорӣ, суръат бахшидани рушди маҷмааҳои агросаноатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалӣ гардида, сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти ғизойӣ афзоиш ёфта, соли 2023 назар ба соли 1991-ум истеҳсоли гандум 5,6,  шолӣ 6,7, картошка 10,8, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 баробар афзоиш ёфтааст, ки боиси баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, кафолати самаранокии гардиши захираҳои иқтисодӣ барои молҳои истеъмолӣ ва ғайристеъмолӣ дар кишвар баромад карда, ҳамзамон, имкони пайдо кардани мавқеи рақобатпазириро ба амал меорад. Бинобар ин, таҳия ва татбиқи механизми самараноки рушди соҳибкории хурд ва истифодаи захираҳои меҳнатӣ дар кишвар бахши муҳимтарини тадбирҳо дар самти баланд бардоштани дараҷаи некаҳволии аҳолӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар кишвар барои соҳаҳои иқтисод имкон дорад. Масалан, аз ҷониби корфармоён ва дигар ташкилоти маблағгузор баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ дар ҳамкории зичи шарикӣ бо давлат воқеият пайдо менамояд.

Дар чунин шароит густариш ва таҳкими имконияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ аз ҳисоби миёнаравӣ дар бозори меҳнат муҳим мебошад. Алалхусус, аз ҳисоби мусоидат ба шуғли занон ва фаъол гардонидани онҳо дар бозори меҳнат мебошад. Бинобар ин, сифати кор дар самти вусъати касбияти занон ва татбиқи барномаҳои таҳсилот оид ба мутобиқгардонии касбии онҳо ба бозори меҳнат, таъмини шуғли хонагӣ дар шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ шароити барои баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ мусоидат менамояд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат мақоми занонро дар ҷомеъа баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардааст.

Соли 2023 дороии сохторҳои молиявию қарзии кишвар нисбат ба соли 2022-юм 22 фоиз зиёд гардида, 39,6 миллиард сомониро ташкил карда, дар соли 2023 пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ нисбат ба соли 2022-юм 31,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,5 миллиард сомонӣ баробар гардидааст. Дар ин давра ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 32,1 фоиз зиёд гардида 13,3 миллард сомониро ташкил дод. Ба занону бонувони соҳибкор бошад қарзҳои пешниҳодшуда 30 фозиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расидааст. Дар ин давра бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзӣ 32 фоиз зиёд гардида, ба 18,6 миллиард сомонӣ расид, ин натиҷа боиси зиёд гардидани шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар гардид, ки соли ҷорӣ ба 350 ҳазор расида, нисбати соли 2017-ум 288 ҳазор зиёд гардид.

 Ҳамин тавр, аз суханронии Пешвои миллат пайравӣ намуда мо бояд ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона, содиқона ва оқилонаи худ Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ободу зебо созем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта гардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Асоев Илҳом Зикрёевич, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment