Санаи 17-уми феврали соли 2024, соати 12:00 дар гурӯҳи таълимии 209-и ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳони факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ Мирсаидов Муҳаммаднаим бахшида ба 31-умин солагарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи «Артиши миллӣ – ҳимоятгари боэътимоди давлату миллат» гузаронида шуд.
Дар дарс декани факултети молиявию иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, сардори раёсати тарбияи Донишгоҳ Холматов Баҳром, ҳайати устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни гурӯҳи таълимӣ иштирок намуданд.
Дарсро сарпарасти гурӯҳи таълимӣ дотсент Мирсаидов Муҳаммаднаим тибқи муқарраоти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс оид ба «Артиши миллӣ-ҳимоятгари боэътимоди давлату миллат» маълумоти муфассалу ҷолиби диқатро ироа намуда, баён доштанд, ки “Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳиллаи ниҳоят ҳассос ва вазъи печида рӯйи кор омадааст. Яъне, ҷомеаи кишвари мо дар заминаи таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти замони Истиқлоли давлатӣ ин ҳақиқатро медонад, ки дар ибтидои соҳибистиқлолӣ, сарфи назар аз он, ки вазъият бисёр ҳассосу печида буд, барои бунёди Артиши миллӣ дар мамлакат ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, бо иродаи Сарвари давлат барномаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ рӯи даст гирифта шуд. Дар ин замина, 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис ёфт. Дар ҳамин ҳол, бо гузашти бештар аз ду моҳ 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
Ҳоло бо гузашти 31 сол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ин сипари боэътимод дар заминаи сиёсати дурбинона ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи тавоное табдил шуда, қудрати комили мудофиавӣ ба даст овардааст”.
Зимнан дар рафти дарс аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳи таълимӣ мафҳумҳои тарбияи ватандӯстӣ, ҳифзи Истиқлолу озодӣ, хизмат ба Ватан, садоқат ба марзу бум ва ифтихормандию ҳифзи арзишҳои он маънидод гардида, доир ба таърихи таъсис, саргузашт ва заминаи рушди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон наворҳои видеоӣ намоиш дода шуд. Ҳамчунин донишҷӯён дар васфи қаҳрамонӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан сурудхонӣ намуданд.
Дар интиҳои дарс декани факултети молиявию иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ ва сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром изҳори андеша намуда, ба дотсент Мирсаидов Муҳаммаднаим ва аҳли донишҷӯёни гуруҳи таълимӣ ҷиҳати ташкилу баргузории чунин дарси сатҳи баланди тарбиявии фарогири мавзуоти ватандӯстонаву хештаншиносона изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.