Санаи 29.01.2024 бо ибтикори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо садоратҳои факултетҳо конференсияи ифтитоҳии сафарбаркунии магистрантону докторантони PhD ба таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, номзади илмҳои педагогӣ Қурбонзода Умеда, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобоев Бахтовар, роҳбарони таҷрибаомӯзии факултетҳо, методистони тахассусӣ ва магистрантону докторантони PhD-и ба таҷрибаомӯзӣ сафарбаршаванда иштирок намуданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон дар сӯҳбат бо таҷрибаомӯзон таъкид намуд, ки дар низоми таҳсили макотиби олӣ таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ барои магистрантон ва докторантураи PhD аз омилҳои муҳимтарин ва маъмули тайёр намудани кадрҳо барои макотиби олӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи талаботи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои мухталифи зинаи магистратура ва докторантураи PhD магистрантони курсҳои 1-ум ва 2-юм ба таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ, докторантони PhD-и курси 1-ум ба таҷрибаомӯзии педагогӣ ва докторантони PhD-и курси 2-юм ба таҷрибаомӯзии касбӣ (илмӣ) ба назди кафедраҳои тахассусӣ сафарбар гардида, дар муддати 4 ҳафтаи таълимӣ тибқи роҳнамоиҳои роҳбарони илмӣ ва методистони тахассусӣ ба тарзи таҳия ва омоданамоии барномаҳои кории фанҳои таълимӣ, таҳияи рунамо (презентатсияҳо), методҳо ва роҳу усулҳои ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо ва дигар намуди фаъолият вобаста ба таҷрибаомӯзӣ ва раванди кор дар макотиби олӣ ошно мешаванд.
Зимнан, дар идомаи конфронс сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар доир ба масъалаҳои психологӣ ва омодагии равонии муаллим дар раванди таълиму тадрис маълумот дода, ба таҷрибаомӯзон машваратҳои психологиро ироа намуд. Ҳамчунин сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, номзади илмҳои педагогӣ Қурбонзода Умеда ва мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобоев Бахтовар талаботи Низомомаи таҷрибаомӯзии магистрантони Донишгоҳро доир ба тартиби баргузории таҷрибаомӯзӣ, вазифа ва уҳдадориҳои магистранту докторанти PhD дар раванди он ба иштирокчиён фаҳмонид.
Кори конфронс бо саволу ҷавоб миёни таҷрибаомӯзону методистон ва баррасии масъалаҳои марбут ба таҷрибаомӯзии педагогӣ ба охир расид.