Home ХАБАР КӮЛОБ. ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ САДА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

КӮЛОБ. ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ САДА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

by admin
264 views

Боиси ифтихору хушнудии миллати фарҳангофару маърифатпарвари тоҷик аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз гузашти ҳазорсолаҳои фаротаърихӣ дар марҳилаи нави давлатдорӣ се ҷашни муқаддаси миллии мо — Меҳргон, Сада ва Наврӯзро ҷашнҳои расмии миллӣ эълон намуданд ва онҳо ҳамасола дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдилии мардуми кишвар ба таври шоиставу сазовор таҷлил карда мешаванд. Гиромидошт ва дар сатҳи балади сиёсиву давлатӣ таҷлил намудани онҳо дар роҳи худогоҳии миллӣ аҳамияти бузурге доштанд ва доранд.

Дар ин росто бо мақсад арҷ гузоштан ба фарҳангу тамаддуни миллӣ санаи 27.01.2024 Чорабинии вилоятӣ бахшида ба Иди Сада дар шаҳри Кӯлоб дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Нахуст, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳамроҳонаш аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ниҳолону гулбуттаҳо, ки дар майдони “Ҷавонон”-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуданд. Намояндагони шаҳру навоҳии вилоят беҳтарин намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, анвои мухталифи таомҳои миллӣ, қаннодӣ, ниҳолони дарахтони мевадиҳанда ва ороиширо ба маъраз гузошта буданд.

Сипас, дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қисмати тантанавии чорабинии идона барпо гардид.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳозиринро ба муносибати ҷашни ниёгон — Сада шодбош гуфт. Қайд гардид, ки “Ҷашни Сада чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон, муждае аз наздик расидани баҳор ва чун гиромидошти ойини ниёгон ва бузургдошти Хуршед истиқбол гирифта мешавад.

Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад. Ба хотири гиромидошти он мардум, бахусус деҳқонон гулханҳои бузург афрӯхта, шодиву хушҳолӣ менамоянд.

Дар зимн таъкид карда шуд, ки соли 2023 вилояти Хатлон дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, шароити зиндагии халқ дар қиёс бо солҳои пешин беҳтар шуд. Сафарҳои кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон файзбахшу нусратовар буданд ва дар доираи он даҳҳо иншооти муҳимми таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ, маъмуриву маишӣ, саноативу кишоварзӣ бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд”.

Дар идома ба беҳтаринҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорон, асалпарварон, чорводорон, полезкорон, пилапарварон, ҷангалбонҳо, боғдорон, парандапарварон, олимони соҳа ва дигар фаъолони комплекси агросаноатӣ Ифтихорнома ва мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

Ҳамзамон чанде аз рӯзноманигорон, ки баҳри инъикоси васеи дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ маводу матолиби ҷолиб дар телевизиону рӯзнома ва сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ пахшу нашр кардаанд, бо Диплом ва маблағҳои пулӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ва  ҳунармандони шинохтаи кишвар барномаи ҷолиби консертӣ иборат аз рақсу суруд, шеъру тарона пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment