Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ-ЗАМИНАИ РУШД ВА ОМИЛИ МУВАФФАҚШАВӢ

ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ-ЗАМИНАИ РУШД ВА ОМИЛИ МУВАФФАҚШАВӢ

by admin
494 views

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28.12.2023)

Мусаллам аст, ки дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз масъалаҳои муҳим ва ногузир ба ҳисоб рафта, яке аз самтҳои афзалиятнок дар соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб меравад. Дар робита ба масъалаи мазкур ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои таълиму тадрис ва касби донишҳои наву замонавӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар мунтазам тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи масоили соҳаи маориф ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар ҳар як паёму суханрониҳояшон дар алоқамандӣ ба ин мавзуъ дастуру супориш ва таъкиду роҳнамоиҳои  мушаххасеро рӯйи кор меоранд. Зеро Роҳбари кишвар рушди маорифи миллиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат  дониста, ғамхорӣ нисбат ба маорифро – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи Ватан меноманд.

Дар воқеъ, маориф ва ҳалли мушкилоти соҳа аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хирадбунёди Пешвои маҳбуби миллат аст. Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ бa Мaҷлиси Олӣ аз 28.12.2023 масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисос ва омӯзиши забонҳои хориҷиро вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳаи маориф дониста, иброз доштанд, ки “Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”. Ҳамзамон муҳиммият ва мубрамияти масъаларо дар назар дошта, таъкид намуданд, ки «Таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ бояд дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ, ташкилоту идораҳо ва мақомотҳои қудратӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад». Албатта, дар ҷаҳони пуртазод ва рушди бесобиқаи навгониҳои илмӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ пешрафт тасаввурнопазир аст. Рушди бемайлони илму техника ва навгониҳои илмӣ қариб дар тамоми соҳаҳо донистани забонҳои хориҷиро омили муҳим гардонида, талабот ба донистан ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ рӯз то рӯз меафзояд.

Бояд тазаккур дод, ки донистани якчанд забон имкониятҳои насли ҷавонро васеъ гардонида, шароит муҳайё месозад, ки неруи хешро дар соҳаҳои гуногуни фаъолият самаранок татбиқ намоянд. Аз ҷумла, ҳамгироии фаъолият бо низом ва анъанаҳои дигар мамолик, имконияти фаъолият дар шароити бисёрфарҳангӣ, имконияти пешбурди тиҷорат ва муносибат бо шарикони хориҷӣ дар фазои бисёрзабонӣ ва заминаи мусоидро дар ҳалли масъалаҳои баҳсбарангези корӣ  ва ё дилхоҳ ҳамоиш ва конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ фароҳам орад.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Ҳамзамон, таъкид доштанд, ки бо вуҷуди ба низоми муайян даромадани раванди таълим, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забони русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷаро тақозо дорад. Бинобар ин, Пешвои миллат зарур донистанд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишу касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа дода шавад. 

Дар ҳақиқат, омӯзиши забони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар буда, дар миёни забонҳои хориҷӣ забони русӣ муддати тулонӣ нақши забони муоширати байни миллатҳоро иҷро менамояд. Донистани забонҳои хориҷӣ имконияти насли наврасро бештар мекунаду барои амалисозии зарфиятҳо дар бахшҳои гуногун мусоидат менамояд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ омӯзиши забонҳоро омили муваффақият ва пешравӣ дониста, ба масъалаи таълиму тадриси он аз синни хурди томактабӣ ишора намуда, таъкид доштанд, ки забони хориҷӣ ба наврасон аз давраи боёғча бояд омӯзонида шавад. Дар робита ба таъкидоти Пешвои маҳбуби миллат таъсиси  ихтисоси «Забон ва адабиёти  рус. Таҳсилоти томактабӣ»-ро дар зинаи макотиби олии кишвар, ки таъсиси он омил ва заминаи омодасозии кадрҳои баландихтисоси таҳсилоти томактабӣ мегардад, ба манфиати кор медонем. Таъсиси чунин ихтисос заминаи ҷалби донишандузонро аз рӯйи равия ва касби мазкур мустаҳкам мегардонад. Ҳамчунин таъсиси гурӯҳҳои русӣ ва тайёр намудани кӯдакони синни томактабӣ дар боғча ба таъмин намудани эҳтиёҷоти кадрии муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳо вобастагии амиқ дорад.

Шарифзода Одинамо- дотсент, декани факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment