Санаи 23.01.2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши ҳайати профессорону омӯзгорон ва магистрантону докторантони PhD-и факултет таҳти унвони “ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ-ШУКУҲИ ҶАШНИ СОҲИБДАВЛАТӢ” дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 28.12.2023 баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худододова, декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, дотсент Худойдодова Шарофатӣ суханронӣ намуда, ҳамоишро ифтитоҳ намуданд ва қайд карданд, ки “Ҳамасола Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олӣ ва кулли шаҳрвандони кишвар расонида шуд. Дар он тамоми самтҳои фаъолияти асосии соҳаҳои гуногуни давлат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Роҳбари давлат тамоми дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро дар марҳилаи мавҷудияташ таҳлил намуда, саҳми шаҳрвандони бонангу номус ва содиқу фидокору асилро махсус қайд намуд. Дар асоси таҳлилҳои гузаронидашуда айён мегардад, ки ҳадафҳои стратегии кишвар рӯ ба афзоиш дорад. Барномаҳои давлатӣ дар амалигардии ин ҳадафҳо мавқеи муҳим дорад. Дар ҳамаи Паёмҳои Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои инсонӣ ва некуаҳволии мардуми кишвар мавқеи меҳвариро касб менамояд”.
Ҳамзамон дар идома декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад дар мавзуи “Паёми Роҳбари давлат-сайқали ҷавҳари илму маърифат”, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Содиқов Ёралӣ дар мавзуи “Масъалҳои мактабу маориф дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ”, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, дотсент Холиқова Зайналбӣ дар мавзуи “Нақши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа”, мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид дар мавзуи “Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати сиёсӣ ва тақдирсози мардуми шарифи Тоҷикистон”, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Алиева Бахтиниссо дар мавзуи “Мавқеи занон дар соҳаи маориф”, докторанти PhD-и соли якуми факултет Умаров Саидшо дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар таълиму тарбияи ҷавонон” ва магистранти курси дуюми факултет Зулфираи Сайвалӣ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ ва нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар қисмати музокирот муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Тоиров Шермад ба сухан баромада, қайд намуданд, ки Паёми Сарвари давлат дар баробари ҳуҷҷати муҳимму барномаи мукаммали сиёсати давлатӣ, ҳамчун рамзи соҳибихтиёриву соҳибдавалтии тоҷикон ба ҳисоб рафта, вазифаҳо ва ҳадафҳои дар он пешбинигардида барои ояндаи дурахшони мамлакат ва зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.