Санаи 15-уми январи соли равон дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби маркази рушди касбият ва инноватсия семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Пайваст шудан ба махзани миллии библиографии иқтибосҳои илмӣ (РИНЦ)» бо иштироки омӯзгорони донишгоҳ баргузор гардид.
Дар семинар сардори марказ- Изатов Умедҷон, дар мавзуи “Пайваст шудан ба махзани миллии библиографии иқтибосҳои илмӣ (РИНЦ)” маърӯза намуда, оид ба тарзи ворид шудан ба ин махзани илмӣ ва ҷой додани мақолаҳоро ба омӯзгорон фаҳмонид. Ҳамзамон иштирокдорон тарзи дурусти пайваст шудан ба ин махзани илмиро омӯхта, раванди воридшавӣ ба махзанро дар амал нишон доданд.
Тазаккур бояд дод, ки махзани миллии библиографии иқтибосҳои илмӣ буда, зиёда аз 12 миллион нашрияҳои муаллифони рус, инчунин маълумот дар бораи истинод ба ин нашрияҳо беш аз 6000 маҷаллаҳои Русияро дар бар мегирад. Он на танҳо барои сари вақт таъмин намудани тадқиқоти илмӣ бо маълумоти муосири маълумотнома ва библиографӣ пешбинӣ шудааст, балки як воситаи пурқуввати таҳлилӣ буда, имкон медиҳад, ки самаранокии ташкилотҳои таҳқиқотӣ, олимон, сатҳи маҷаллаҳои илмӣ ва ғайра дида шавад.