Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

by admin
118 views

Имрӯз, (12.01.2024) Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи пешбар кори илмии докторанти PhD-и кафедраи кори иҷтимоии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-Гулов Раҳмоналӣ Бобохоновичро дар мавзуи «Технологияҳои иҷтимоии бо шуғл таъминкунии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон», зери роҳбарии илмии доктори илмҳои фалсафа, сарходими илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддини АМИТ- Қаҳҳоров Ғаюр Ғафурович, таҳия гардидааст, дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳ муҳокима намуд.

Дар муҳокимаи рисола кормандони раёсати илм ва инноватсия, ҳайати устодону омӯзгорони кафедраи фалсафаи Донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар зимн Абдуллоев Насулло, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедра, муаллимони калон-Камолов Шодмон, Яъқубзода Фирӯз, Ғаюров Лоиқ баромад намуда, фикру мулоҳизаҳояшонро доир ба паҳлуҳои кор баён намуданд.

Related Articles

Leave a Comment