Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии муҳаққиқону омӯзгорон имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ семинари илмӣ-машваратӣ дар мавзуи “Талабот нисбат ба таҳияи рӯйхати адабиёти истифодашуда тибқи муқаррароти стандартҳои давлатӣ” баргузор гардид.
Дар кори семинар-машварат сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар, муовини сардори раёсати илм ва инноватсия Сафарзода Манучеҳр, ҷонишини декан оид ба таълими факултети филологияи тоҷик ва журналистика, дотсент Шамшоди Ҷамшед ва дигар омӯзгорон ширкат варзиданд.
Нахуст, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар суханронӣ намуда, мақсади баргузории семинарро ба иштирокчиён шарҳу тавзеҳ дод.
Сипас, ҷонишини декан оид ба таълими факултети филологияи тоҷик ва журналистика, дотсент Шамшоди Ҷамшед дар мавзуи “Талабот нисбат ба таҳияи рӯйхати адабиёти истифодашуда тибқи муқаррароти стандартҳои давлатӣ” маърӯзаи худро ироа намуданд.
Қайд гардид, ки “Маводи дар маҷаллаи илмӣ чопшуда одатан аз мақолаҳои илмӣ иборат мебошад. Бинобар ин, ҳангоми дар рӯйхати адабиёт нишон додани маводи ин ё он маҷалла ҳатман талаботи зерин бояд ба инобат гирифта шавад: Насаби муаллиф пурра ва номи ӯ дар шакли ихтисор, номи мақолаи муаллиф, номи муаллиф баръакс, номи маҷаллаи илмӣ, соли нашр, рақами маҷалла, саҳифаҳое, ки дар онҳо мақола чоп шудааст”.
Дар фарҷом семинар бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорон ба анҷом расид.