Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ РАДИКАЛИЗМИ ДИНӢ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

РАДИКАЛИЗМИ ДИНӢ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

by admin
178 views

Яке аз падидаҳои номатлубе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ин радикализми динӣ ба ҳисоб меравад. Ҷуҳурии Тоҷикистон низ аз ин раванд дар канор нест ва рӯз то рӯз ин авҷ гирифта истодааст.

Боиси таасуф ва нигарони аст, ки ин дар миёни ҷавонони ноогоҳ пештар паҳн гардидааст.

Мафҳуми радикализм ҳамчун истилоҳ дар адабиёти илмӣ ва матбуоти даврӣ дар асоси фаҳмишу ҷаҳонбиниҳои гуногун арзёбӣ мегардад. Зери ин истилоҳ таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ ва таассубгароӣ фаҳмида мешавад. Албатта, падидаи радикализм дар ҷомеаи мо падидаи навзуҳур буда ба қавли ҷомеашиносон он дар кишварҳое реша медавонад, ки давраи гузаришро аз сар мегузаронанд.

Вожаи радикализм аз калимаи лотинии «radix» гирифта шуда, ба маънои «реша», «бех» далолат мекунад. Радикализм ҳамчун истилоҳ ва маҷмўи андешаҳои ҳаракатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ аст, ки мақсади дигаргун кардан, аз беху бун сарнагун сохтани институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро дорад. Радикалҳо дигаргуниҳои фаврӣ ва қатъӣ ворид намуданро ҳатто бо роҳи зўрӣ дуруст мешуморанд. Ин мафҳум ҳамчун истилоҳи илмию сиёсӣ ҳанўз дар асри XVIII аввалин бор дар Англия вобаста ба ислоҳоти интихоботӣ дар соли 1832 истифода гардидааст. Ба таври оммафаҳм калимаи радикализм маънои изҳори амали қатъӣ ва канорагирӣ карданро дорад.

Дар замони муосир баъзе аз ҷавонони дур аз фарҳанг ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ шомил мегарданд, ки на танҳо мушкилии ҷидии Тоҷикистон, балки зуҳуроти номатлубу нигаронкунандаи тамоми ҷаҳони муосир мебошад. Радикализми динӣ яке аз намудҳои ниҳоят хатарноки ифротгароӣ мебошад, ки дар натиҷа шахс ба хурофоти динӣ аз ҳад зиёд дода шудани шахс ба таълимоти диниии ғайри шариатӣ, ки онро шариати исломӣ манъ кардааст дар худ раво мебинад. Дар як муддати муайян шахс ин гуна фаҳмишу ақидаи динии худро дар амал татбиқ карда мехоҳад, ба фазои радикализми динӣ (тундравии динӣ) шомил гардад. Минбаъд агар амалҳои ифротгароёнаи шахс пешгирӣ карда нашаванд, баҳри паҳн намудани ақидаҳои хурофотии хеш даст ба таҳдиду куштори одамон мезанад.

Ифротгароёни динӣ барои расидан ба мақсадҳои худ асосан ба ҷавонони фанатики динӣ, дорои саводи хело пасти динию дунявӣ ва зудбовару мушкилидор таваҷҷуҳ менамоянд ва медонанд, ки онҳо ҳақро аз ноҳақ ростро аз чап, ростро аз дуруғ фарқ карда наметавонанд. Тавассути сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонони гумроҳ ваъдаҳои пучу дурӯғ дода, нисбати дин, давлат ва шахсиятҳои бонуфуз ҳар хел овозаҳои беасосоро паҳн мекунанд, бадбинӣ ва низоъҳои мазҳабиро бармеангезанд. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз дошта буданд: “Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муќаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд”.

Мушоҳидаҳо ва натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои ифротии динӣ шомил шудаанд, муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ мебошанд. Аз рӯи андешаҳо сабабҳои дар хориҷи кишвар, махсусан, Россия ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ гаравидан ва ифротӣ шудани баъзе аз муҳоҷирони меҳнатӣ чунинанд:

Дар ҳаёти иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дин нақши калон дорад, зеро аксарияти онҳо ба арзишҳои динӣ афзалият медиҳанд, дин ба сифати дастгирии маънавӣ ва танзими муҳити иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ баромад менамояд. Бо сабаби дар хориҷӣ кишвар рӯ ба рӯ шудан ба мушкилоти гуногун, беадолатиҳо ва нобаробариҳои зиёди иҷтимоӣ таваҷҷуҳи баъзе аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба дин бамаротиб меафзояд. Аз ин вазъият гурӯҳҳои ифротгаро ва шахсони алоҳидаи манфиатҷӯ моҳирона ва макорона истифода мебаранд.

Дар хориҷи кишвар баъзе аз руҳониёни ифротгарои динӣ нисбатан озодона фаъолият намуда, мақоми баланди иҷтимоиро соҳиб шудаанд ва ба рафтори иҷтимоии муҳоҷирони меҳнати таъсири назаррас расонида метавонанд. Онҳо ба Россия рафта, ҷонибдорони худро ҷамъ меоранд ва ба воситаҳои гуногун, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои динии ифротии худро паҳн менамоянд.

Ғуломов М.Н., устоди факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Related Articles

Leave a Comment