Ҳамасола дар доираи Лоиҳаи «Нашрияи байналмилалии Китоб» озмуни «Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ” бо ташаббуси Ассотсиатсияи шахсони ҳуқуқии Ҳаракати умумимиллии “Бобек”-и Ҷумҳурии Қазоқистон миёни муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати дарёфти корҳои илмӣ — таҳқиқотии беҳтарин ва дар амалия татбиқ намудани онҳо доир карда мешавад ва дар он шумораи зиёди намояндагони кишварҳои ИДМ иштирок менамоянд.
Боиси ифтихору сарфарозии аҳли раёсат ва устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакист, ки Комилов Низомиддин Бегаҳмадович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳ дар 8-умин озмуни байналмилалии «Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ — 2023» бо пешниҳоди мақолаи илмӣ таҳти унвони “Таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон” иштирок намуда, дар бахши иқтисодиёт ғолибиятро ба даст овард ва бо медалу Дипломи дараҷаи 1-уми “Беҳтарин олими ҷавони ИДМ — 2023” қадрдонӣ карда шуд.
Раёсат ва аҳли устодону кормандони Донишгоҳ Комилов Низомиддин Бегаҳмадовичро барои мушарраф гардидан ба ин дастоварди бузурги илмӣ самимона табрик гуфта, барояш дар фаъолияти минбаъдаи илмиву эҷодӣ муваффақиятҳо таманно менамоянд.