Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ КӮЛОБ-ШАҲРИ БОСТОНӢ, МАРКАЗИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ВА ДИЁРИ ШАХСИЯТҲОИ БУЗУРГ

КӮЛОБ-ШАҲРИ БОСТОНӢ, МАРКАЗИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ВА ДИЁРИ ШАХСИЯТҲОИ БУЗУРГ

by admin
141 views

Шаҳри бостонии Кӯлоб аз ҷумлаи қадимитарин шаҳрҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таърихи ин шаҳри зебоманзар зиёда аз 2700 солро ташкил медиҳад. Бо дарназардошти ин, соли 2006 ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонон аз дохилу хориҷи кишвар бо тантана ҷашн гирифта шуд.

Шаҳри Кӯлоб маҳалли бисёре аз ёдгориҳои таърихӣ ба шумор меравад. Яке аз ин ёдгориҳои таърихӣ мақбараи орифи бузург- Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, мебошад, ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст. Ҳамасола дар баробари шаҳрвандони кишвар меҳмонон ва сайёҳони зиёде аз кишварҳои гуногун, аз қабили Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон ва кишварҳои дигар аз мақбараи мазкур дидан менамоянд.

Ин шаҳри бостонӣ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии Ватани азизамон-Тоҷикистон ба шаҳри ободу зебоманзар табдил ёфта, дар канори аҳолии ватандӯсту пуршарафи худ ва дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат шаҳри дилҳо, макони ободу зебо ва маҳбубе гардидааст.  Кӯлоб диёри мардуми меҳмондӯсту ҳимматбаланд ва ашхоси ватанпарвар, зодгоҳи ҳунармандони шинохта, аз қабили Сурайё Қосимова, Давлатманди Хол, марҳум Одинаи Ҳошим ва Мирзоватан Миров мебошад.

Дар шаҳри Кӯлоб даҳҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, муассисаҳои таълимии то мактабӣ ва ҳамагонӣ, китобхонаҳо, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, колеҷҳои тиббию омӯзгорӣ, меҳмонхонаҳо, беморхонаҳои шаҳрию вилоятӣ, клиникаҳои табобатию ташхисӣ, бинои Қасри Маданият, Театри мусиқию мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода, Осорхонаи » 2700-солагии шаҳри Кӯлоб», боғи ҳайвонот, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, аз қабили Гулгашти Сафар Амиршоев, Боғи фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализода, Боғи Хуталон, Боғи фарҳангию фароғатии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ки ҳамарӯза мавриди истифодаи сокинони шаҳр қарор доранд, мавҷуд ҳастанд.

Айни замон дар шаҳри Кӯлоб 77 муассисаи таълимӣ, ки дар он 54 797 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, мавҷуд аст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолии Ватан дар маркази шаҳр барафрохта шудани парчаму нишони давлатӣ, таъмири бинои Ҳукумати шаҳр, ба истифода додани бинои «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб» ва азнавсозии роҳҳо намуди зоҳирии шаҳрро тағйир дод. Инчунин, даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб бозсозӣ гардида, дар паҳлуи он бо супориши Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр муҷассамаи модар, чун рамзи садоқат ва эҳтиром ба зан, модар ва фариштаи инсонӣ қомат барафрохт, ки диққати сайёҳонро ба худ ҷалб намуда, модари даст ба дуо бардоштаи ҳар як шахсро пеши назар меорад.

Аҳолии ҳунарманду меҳнат дӯсти ин шаҳри бостонӣ ба истеҳсоли пахта ва коркарди он, ғалла ва чорводорӣ, заргарӣ, чеварӣ, махсусан, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ машғуланд. Инчунин, дар шаҳр заводҳои хишт, нон, шир ва равған фаъолият мекунанд.

Кӯлоб диёри гулдухтарони куртачакан, ҷавонписарони бонангу номус, бонувони ҳунарманд, мардони қавиирода мебошад. Фарзандони фарзонаи шаҳр бо қувваи донишу малака, нерӯи зеҳнӣ, бо зӯри бозу ва саводу матонат номи Кӯлобро дар арсаи ҷумҳурӣ ва ҳатто берун аз он баланд бардошта, обрӯю ифтихори шаҳри худ гардидаанд. Аз ҷумла Мавзуна Чориева бо зӯри бозу, Давламанди Хол бо садои дилнишин, Сурайё Қосимова бо таронаҳои маҳбуби худ номбардори шаҳри азизамон гардидаанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талоши пайвастаи Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, инчунин пайи созандагиву бунёдкории сокинони шаҳр рӯз то рӯз шаҳри Кӯлоб тамошобоб ва ободу зебо гардида истодааст. Мумфаршгардонӣ ва аз навсозии роҳҳои мошингард, насб гардидани чароғакҳои роҳнамо, ба истифода додани биноҳои истиқоматии баландошёна аз меҳнатдӯсту созанда ва ташаббускор будани мардуми шаҳри Кӯлоб дарак медиҳад.

Имрӯзҳо теъдоди аҳолии шаҳри Кӯлоб зиёда аз 220 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва ҳар яки онро мебояд ба тозагиву сарсабзии ин шаҳри маҳбуб аҳаммияти ҷиддӣ дода, дар корҳои ҷамъиятиву созандагӣ саҳми худро гузоранд.

Шаҳри Кӯлоб дар тӯли соҳибистиқлолии давлат, дастгириҳои Перезиденти маҳбуби кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талоши сокинони худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, соҳаҳои илму маориф, тиб, технология ва саноат пешрафт намудааст. Дар шаҳр 13 муассисаи томактабӣ бо ҷалби беҳтарин мураббияҳо, 52 муассисаи таълимӣ, гимназия, литсейҳо ва Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат зери роҳбари омӯзгорони соҳибтаҷриба ва босавод фаъолият менамоянд. Инчунин, дар шаҳр баҳри ғамхорӣ ва парастории ятимон 2 ятимхона вуҷуд дорад, ки дар он нимятимон ва ятимони кулл нигоҳубин карда мешаванд. Дар ҳарду ятимхонаи шаҳр шароит барои оромиву осудаҳолии наврасону кӯдакон, аз ҷумла хӯрду хоб, сифати беҳтари таълим барои аз худ кардани илму дониши онҳо ба роҳ монда шудааст.

Шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби аҳолӣ, зебоӣ ва ободӣ дуюмин шаҳри вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихор аст, ки шаҳри бостонии Кӯлоб соли 2022 дар озмуни «Шаҳри беҳтарин»  миёни шаҳру навоҳии вилоятии Хатлон сазовори ҷойи аввал гардид.

Дар интиҳои матлаб, аз мардуми шарафманду қавииродаи шаҳри азизам даъват менамоям, ки мо бояд дастуру супоришҳо ва таъкиду роҳнамоиҳои Сарвари давлат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои ташаббускоронаи раиси шаҳр муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёрро сармашқи кори худ намуда, бо касби донишҳои наву замонавӣ, ҳисси баланди худшиносиву ватандӯстӣ кӯшиш намоем, ки дар ободӣ, рушду нумӯ, созандагиву бунёдкорӣ ва пешравии шаҳри азизамон саҳмгузор бошем.

Худобахш Бобоев-донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси Идораи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment