Home ХАБАР АМРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАКОНЕ БА ТАҲАВВУЛОТИ МАЪНАВИИ ҶОМЕА

АМРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАКОНЕ БА ТАҲАВВУЛОТИ МАЪНАВИИ ҶОМЕА

by admin
60 views

(ҳамоиши илмӣ-назариявии устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ бобати тарғиби Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – ватани азизи ман» дар соли 2024)

Боиси хушҳолии хурду бузург, мояи суруру умедвории ҷомеаи мадании кишвар аст, ки тайи чанд соли охир таҳти cарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои фарҳангсолору маорифпарвари миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии аҳолӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҳамгироии илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, болобурди маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад.

Дирӯз амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузории озмунҳои мазкур дар соли 2024 ба тасвиб расиданд, ки барои ғолибон ва роҳбарони онҳо, маблағи умумии мукофот 12440000 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 710 000 сомонӣ зиёд пешбинӣ гардидааст.

Дар низомномаҳои озмунҳо, бо назардошти таҷрибаи баргузории озмунҳо дар солҳои қабл, пешниҳодҳои дастандаркорон, тағйироту имтиёзҳои назаррас ворид карда шудаанд.

Барои ташреҳи тағйироту дигаргуниҳои низомномаҳои озмунҳо, тарғибу ташвиқи омӯзгорону муҳассилин ҷиҳати омодагии қавӣ, иштироки фаъол ва касби ҷойҳои ифтихорӣ ва ба ин васила, афзудани нуфузу эътибори Донишгоҳ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявии олимон, устодон ва донишҷӯён таҳти унвони “АМРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАКОНЕ БА ТАҲАВВУЛОТИ МАЪНАВИИ ҶОМЕА” дар партави омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ҳайати раёсат, устодону омӯзгорон ва дастаҳои олимпии донишҷӯёни Донишгоҳ, иштирокчиёну ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ, ки маориф самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад ва насли наврасро лозим аст ҳар чи бештар омӯзанд, соҳибкасб гарданд ва мутахассиси варзида гардида, дар рушду нуми ватани худ саҳмгузор бошанд, инчунин, амрҳои Президенти кишаврро бобати баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2024 барои аҳли илму маориф, омӯзгорону муҳаққиқон, масъулину муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла коллективи бузургу муътабари устодону донишҷӯёни Донишгоҳ дастури раҳнамо ва асоси масъулияти бештару афзун ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд.

Боиси хушҳолӣ дониста шуд, ки соли 2023 чаҳор нафар шогирдони мо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз аҳли ҳузур, масъулин, роҳбарон ва донишҷӯёни шомил ба дастаҳои олимпӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар соли 2024 тадбирҳои омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳоро боз ҳам тақвият ва дастоварду натиҷаҳо, нуфузу эътибори Донишгоҳро бештар намоем.

Сипас, Зулфиев Гадомад, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, номзади илмҳои филологӣ, дотсент дар мавзуи «Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-асоси дарёфти чеҳраҳои нав ва тақвиятбахши неруи зеҳнии аҳолии мамлакат», Акбарова Маҳрамбӣ, мудири кафедраи фанҳои табиию, риёзӣ ва методикаи таълими онҳо, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент дар мавзуи «Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”-омили рушди тафаккури табиию техникии аҳолии кишвар» ва Холматов Баҳром, сардори раёсати тарбия дар мавзуи «Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва рушди фарҳангу ҳунар» маърӯза намуданд.

Инчунин, Мадасани Азизмад, ғолиби ҷойи 1-уми даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи “География” дар соли 2023, магистранти курси дуюми ихтисоси географияи факултети иқтисод ва идора дар мавзуи “Таъсири озмуни “Илм фурӯғи маърифат” ба фаъолияти пурсамари ҷавонон” изҳори андеша намуд.

Баромадкунандагон нақши озмунҳои ҷумҳуриявиро дар таҳаввулоти маънавии ҷоме муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки имтиёзоти муқаррагардида барои ғолибон, шуълаи умед ва талоши бештарро дар қалби насли наврас афзун гардонидааст. Таъкид гардид, ки имтиёзи вижа дар низомномаҳои озмунҳо ин аст, ки иштирокчиёни даври ниҳоии озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» (аз ҳисоби хонандагони синфи 11) метавонанд барои таҳсил дар гурӯҳҳои ройгони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгорӣ, фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ бидуни озмун қабул карда шаванд.

Ҳамчунин ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ чунин имтиёзи бесобиқа пешбинӣ шудааст. Соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун, дар баробари мукофоти калони пулӣ, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг бидуни супоридани имтиҳон ба таври ройгон қабул карда мешаванд.

Дар интиҳо аз ҷониби муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова ба намояндагони факултетҳои донишгоҳ Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – ватани азизи ман» дар соли 2024 ва Низомномаҳои озмунҳо дар шакли маҷмуа ҷиҳати корбарӣ ва омодагӣ супорида шуд.

Related Articles

Leave a Comment