Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва сатҳи маълумотнокии донишҷӯён санаи 19.12.23 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ семинари илмӣ — назариявӣ дар мавзуи “Техникаҳои бартараф намудани хашму асабоният” баргузор гардид.
Дар семинар мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипов Бахтовар, муаллими калони кафедраи мазкур Табарова Зарторбӣ, муаллимони калони кафедра Абдуллоева Шаҳноза ва Сайдаҳтамова Садбарг, ассистенти кафедра Назарова Хосият ва ҳайати донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Нахуст, мудири кафедра Шарипов Бахтовар суханронӣ намуда, семинарро ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас, ассистенти кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Назарова Хосият дар мавзуи “Техникаҳои бартараф намудани хашму асабоният” баромад намуданд.
Дар охир семинар бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.