Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
87 views

Санаи 18.12.2023 дар толори Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷамъияти илмии донишҷӯёни  факултети филологияи хориҷӣ дар мавзуи “Нақши омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар баркамолӣ ва муваффақшавии мутахассисони ҷавон” баргузор гардид.

Дар конференсия муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муродов Баҳриддин, мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ Саидова Нилуфар, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва типалогияи муқоисавӣ Сайдалиева Зуҳро, мутахассиси Маркази рушди касбият ва инноватсия Сафарзода Сироҷиддин, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Давлатов Камолиддин ва дигар донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал, дотсент Шарофат Худойдодова ба сухан баромада конфронсро ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, декани факултет Муродов Баҳриддин дар мавзуи “Нақши омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар баркамолӣ ва муваффақшавии мутахассисони ҷавон”,  Саломатшозода Мадина — донишҷӯи курси 1-уми факултет дар мавзуи «Шароитҳои психологӣ — педагогии таълими забони англисӣ дар асоси технологияи сайёру мултимедӣ барои донишҷӯёни равияҳои ғайризабонӣ», Бегматова Ясмина–донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи “Хислатҳо ва хусусиятҳои муаллими хуб” ва Исоева Дилдода — донишҷӯи курси 3-юми факултет дар мавзуи «Донистани забонҳои хориҷӣ — гарави муваффақияти касбӣ» маърӯзаҳои худро баромад намуданд.

Дар охир конференсия бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment