Home ХАБАР СОЗИШНОМАҲОИ ҲАМКОРӢ БО МТОК-И ХОРИҶИ КИШВАР ТАТБИҚИ АМАЛӢ МЕЁБАНД

СОЗИШНОМАҲОИ ҲАМКОРӢ БО МТОК-И ХОРИҶИ КИШВАР ТАТБИҚИ АМАЛӢ МЕЁБАНД

by admin
77 views

Дар доираи татбиқи амалии Созишномаи ҳамкориҳои илмӣ миёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Алтайи Федератсия Россия, инчунин бахшида ба эълон гардидани соли 2023 — Соли забони русӣ дар миқёси ИДМ аз 12 то 16 декабри соли равон дар донишгоҳ Ҳафтаи забони русӣ ва барои омӯзгорони ихтисосҳои математика, забоншиносӣ ва психология курсҳои такмили ихтисос баргузор гардид.

Гурӯҳи кории мутахассисон аз ДДОА ФР дар ҳайати Борисенко Оксана Викторовна, н.и.педагогӣ, дотсенти кафедраи математикаи методикаи таълими математика, Обласова Олга Владимировна, н.и. психология, дотсенти кафедраи психология, Тюкаева Надежда Ивановна, н. и. филологӣ, дотсенти кафедраи забоншиносии умумӣ ва русии ДДОА тӯли 5 рӯз ба шунавандагони курсҳо, ки наздики 87 нафарро ташкил медод, дарс гуфтанд.

Ҳамзамон санаи 13 декабр миёни донишҷӯён олимпиада аз фанни забони русӣ баргузор гардида, натиҷаҳои озмун рӯзи 16 декабр эълон ва 9 нафар ғолибони даври ниҳоӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфарозонида шуданд.

Баҳри густариши ҳамкориҳои миёни муассисаҳо дар оянда ва дар сатҳи хуби ташкилию методӣ баргузор намудани курси такмили ихтисос омӯзгорони дарсдиҳанда Борисенко Оксана Викторовна, Обласова Олга Владимировна ва Тюкаева Надежда Ивановна бо Сипосномаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки  Созишномаи ҳамкориҳои илмӣ миёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Алтайи ФР моҳи декабри соли 2022 ба имзо расонида шуда буд ва дар пасманзари ин ҳуҷҷати расмии ҳамкориҳо харитаи муштараки роҳ (нақшаи баргузории чорабиниҳо) таҳия гардида, тибқи ин нақша дар давоми сол суҳбату вохӯриҳо, дарсҳои видеоии онлайнӣ, баргузории дарсҳои назариявии мустақим бо иштироки устодони ДДОА, дар маҷмуъ беш аз 12 ҳамоишу чорабиниҳои гуногунмуҳтаво бо сарпарастии шуъбаи муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ амалӣ карда шуданд.

Related Articles

Leave a Comment