Дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 16.12.2023 маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарипова Одинамо, ҷонишини декан оид ба тарбия Иброҳими Аҳмадхон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Раҳимова Савронбӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ғуломова Садбарг, раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Давлатов Камолиддин, раисони ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултетҳо ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Сараввал, ҷонишини декан оид ба тарбия Иброҳими Аҳмадхон суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Оминаи Қудратулло дар мавзуи «Проблемаҳои актуалии омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои олӣ», Шомадова Фарида дар мавзуи «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО БПНМ» ва Гулямова Мадина дар мавзуи “Нашъамандӣ-вабои аср” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар бахши музокирот миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон вобаста ба мавзуъҳои баррасишуда мубодилаи афкор сурат гирифт.