Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ФОНУСИ САБЗ” ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ФОНУСИ САБЗ” ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС

by admin
79 views

Дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 13.12.2023 маҳфили “Фонуси сабз” дар мавзуи “Александр Сергеевич Пушкин-офтоби тобноки адабиёти рус” баргузор гардид.

Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарипова Одинамо, ҷонишини декан оид ба тарбия Иброҳими Аҳмадхон, мудири кафедраи забони муосири рус, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Асоева Комилахон, муаллими калони кафедраи забони муосири рус Сайдамирова Клара, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бобоқулов Ҷумахон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Сараввал муаллими калони кафедраи адабиёти рус ва МТЗАР Ҳалимова Мавҷуда маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас, донишҷӯи курси 3-юми факултет Каримова Ф. дар мавзуи “Хусусиятҳои хоси эҷодиёти лирикии Пушкин” баромад намуд.

Дар қисмати дигари маҳфил аз ҷониби донишҷӯён суруду таронаҳо дар васфи Соли нави мелодӣ пешкаши ҳозирин гардид.

Related Articles

Leave a Comment