Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ

by admin
77 views

Санаи 13-уми декабр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии Одинаева Гулбону, номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Абулқосим Лоҳутӣ” дар гурӯҳи таълимии 301-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.

Дар дарс Зулфиев Гадомад, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултет, Холиқова Зайналбӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира ва дигар устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Нахуст, дарсро муаллима Одинаева Гулбону оғоз намуданд. Ҳангоми рафти дарс муаллима доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устод Абулқосим Лоҳутӣ сухан ронда қайд карданд, ки “Устод Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ 4 декабри соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон зода шудааст. Ӯ дар ғарби Эрон дар хонаводаи мӯзадӯз ба дунё омадааст. Яке аз сармоядони назми форсу тоҷик, аз оилаи косиб. Саводи ибтидоиро дар мактаби муллои деҳаи Барзадимоғ ва баъдтар дар назди падараш баровард, вале давом додани таҳсил ба вай муясар нашуд. Сахтии рӯзгор ва вазнинии маишати аҳли оила Лоҳутиро маҷбур кард аз хурдсолӣ меҳнат кунад. Чанде дар дӯконҳои дӯзандагӣ кор карда ба ҳаёти пурмашаққату меҳнати тоқатшикани аҳли ҷомеа шинос гардид”.

Сипас, донишҷӯёни гурӯҳи таълими мазкур: Назарзода Саида, Сайфурова Идимо, Дустаҳмадзода Зиёвиддин, Раҷабзода Фарзона, Шукронаи Саймурод доир ба ҳаёт ва эҷодиёти устод дар замони Шуравӣ, мавзуъ ва мундариҷаи ашъори устод Абулқосим Лоҳутӣ маърӯза намуданд.

Инчунин ҳангоми дарс муаллим донишҷӯёнро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, миёни онҳо саволу ҷавоб гузаронид. Ҳамзамон донишҷӯён дар навбати хеш фаъоли намуда, ба ҳамаи саволҳои додаи муаллим ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз Абулқосим Лоҳутӣ мероси адабии зиёд боқӣ мондааст. Маҷмӯаи шеърҳои шоир, аз ҷумла, ба номҳои «Девони Абулқосим Лоҳутӣ» (1946), «Асарҳои мунтахаб» (1949), «Сурудҳои озодӣ ва сулҳ» (1954), «Нидоҳои зиндагӣ» (1956), «Девони Абулқосим Лоҳутӣ» (1957) ва «Гавҳари ишқ» (1958) чоп шу- даанд. Осори мукаммали А.Лоҳутӣ дар Куллиёти шашҷилда (1960 — 1963) дастраси хонанда гардиданд.

Related Articles

Leave a Comment