Санаи 8-уми ноябри соли равон маҳфили адабии «Парвози шоҳин»-и факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Корманди шоистаи Тоҷикистон, шоира Хосият Вализода дар ҳошияи истиқбол аз «Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон» ва 29-умин солгарди «Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» таҳти унвони «Шеър мебояд, ки инсонро ситояд» баргузор гардид.
Дар маҳфил ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, шоира Хосият Вализода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз, аҳли зиё ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Маҳфили адабиро муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, ки ровигии онро бар зимма дошт, оғоз намуда, меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфтанд.
Сипас, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, аҳли нишастро бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон» ва 29-умин солгарди «Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» табрик ва муборакбод намуда, таъкид доштанд, ки “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ доранд, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ин муқаррароти конститутсионї бозгӯи таҷассуми волои ҳайсияти беназири инсон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар меҳвари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳозирини гиромӣ ва меҳмонони арҷуманд мо дар остонаи таҷлили ҷашнҳои хеле шарафманд, натанҳо барои шаҳрвандони кишвари маҳбубамон, балки кулли сайёра- “Рӯзи байналмиллалии ҳуқуқи башар”, ки санаи 10 декабр ҳамасола дар олам таҷлил мегардад ва ҳамзамон басо рамзист, ки таъсиси ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор ба ҳамин сана мувофиқ омадааст. Бо назар ба Оинноми ҲХДТ маълум мегардад, ки беш аз нисфи меъёрҳои оиннома баҳри муқаддас донистану воло шинохтани ҳайсияти инсон равона шудааст. Рисолати асосии ҲХДТ низ дар меҳвари ҳуқуқҳои инсон Тоҷикистонро ба фатҳи қуллаҳои баландтарини мурод ҳидоят кардан аст.
Баргузории маҳфили адабии “Парвози шоҳин” бо иштироки Корманди шоистаи Тоҷикистон, шоира Хосият Вализода, ки ғояи шеър ва мавзуи меҳвари эҷодиёташро арзиши инсон ва гиромидошти он ташкил медиҳад ва маҳфили имрӯза низ таҳти унвони “Шеър бояд, ки инсонро ситояд” дар ҳошияи истиқболи чорабиниҳои муҳим басо рамзист.
Дар идомаи маҳфил, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз суханронӣ намуда, эҳёи дубораи маҳфили “Парвози шоҳин”-ро дастоварди муҳими фарҳангӣ арзёбӣ намуда, даъвати адибону чеҳраҳои маҳбубро рамзи қадршиносӣ ва нақши сӯҳбатҳоро бо ин гурӯҳи пешбарандагони маърифату фарҳанг дар тарбияи ватандустии насли наврасу ҷавон маънидод намуданд.
Сипас, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқова Зайналбӣ дар мавзуи “Тараннуми Ватан ва сулҳу ваҳдат дар ашъори Хосият Вализода”, дотсент Содиқов Ёралӣ дар мавзуи “Инсон ва шеър” ва котиби Ташкилоти ҳизбии «Олимон»-и донишгоҳ Бадалов Исфандиёр дар мавзуи “Аз таърихи пайдоиши ҲХДТ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар қисмати дигари маҳфил, бо иштироки мутрибону сарояндагон ва донишҷӯёну иштирокчиёни маҳфил барномаи фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистика порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти Корманди шоистаи Тоҷикистон, шоира Хосият Вализода қироат гардид. Ҳамчунин ҳунарманди маҳбуби кишвар Иззат Шарифӣ ва кормандони ансамбли “Наво”-и донишгоҳ сурудхонӣ намуда, хотири ҳозиринро шод намуданд.