Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҲУНАР ДОРӢ-ХАЗИНАИ ЗАР ДОРӢ”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҲУНАР ДОРӢ-ХАЗИНАИ ЗАР ДОРӢ”

by admin
81 views

Дар таърихи 07.12.2023  дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Ҳунар дорӣ-Хазинаи зар дорӣ” назди кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо баргузор гардид.

Дар маҳфил, муовини декан оид ба тарбия Абдуљаббори Сафаралӣ, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шералиева Садбарг, номзади илмҳои педагогӣ, ҳамзамон роҳбари маҳфил Мирзоева Бунафша ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал роҳбари маҳфил Мирзоева Бунафша, суханронӣ намуда, ба ҳозирин барномаи маърӯзаҳои баррасишавандаи маҳфилро маълумот доданд.

Сипас, донишҷӯи курси сеюми факултет Рањмияи Файзимад дар мавзуи “Санъати кулолгарї, сафолот ва рушди он дар замони муосир ”, донишҷӯи дигари факултет Тањминаи Даврон дар мавзуи “Тасвири зарфњои кулолгарї ва сафолот” ва Шукрияи Ш. дар мавзуи “Нотаҳо (иљрои суруди халќї, навозиши оњанги халќї)” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.

Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки дар маҳфил маҳсули дасти донишҷӯён, ки бо ёрии омӯзгорони хеш омода шуда, аз қабили  тасвири нақшу нигорҳои санъати кулолгарӣ дар рӯи коғаз тасвир ва пешниҳод карда шуд.

Related Articles

Leave a Comment