Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МАЪЮБОН

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МАЪЮБОН

by admin
87 views

Бо шарофати сиёсати башардӯстонаи роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар имрӯзҳо тамоми табақаҳои ниёзманд, ятимон ва маъюбон таҳти ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифта шуда, аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ меёбанд.

Дар пайрави аз гуфтаҳои боло санаи 01.12.2023 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг ҳамоиши илмӣ-амалӣ бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии маъюбон дар мавзуи “Таҳқиқи масъалаҳои тарбияи томактабӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд” баргузор гардид.

Дар конфронс муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултет Исозода Парвиз, ҷонишини муовинони соҳавии факултет, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълим он, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шералиева Садбарг, мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими он Акбарова Маҳрамбӣ, номзади илмҳо педагогӣ, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Шарипов Бахтовар, сардори Марказ рушди касбият ва инноватсия Иззатов Умед ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Нахуст дотсент Рафиев Сафархон ба сухан баромада аз ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлати ҷиҳати дастгири намудани табақаҳои ниёзманд, ятимон ва маъюбон ёдовар шуданд.

Сипас, номзади илмҳо педагогӣ, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Шарипов Бахтовар дар мавзуи “Таҳсилоти фарогир дар низоми таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ”, муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Табарова Зарторбӣ дар мавзуи “Рушди таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ассистенти кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Ҳақназарзода Ноҳира дар мавзуи “Маъюбият, маҳдудият ва намудҳои он” баромад намуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо ва шахсони саховатпеша ба ниёзмандон, барҷомондагон, ятимон дар арафаи иду ҷашнҳо ва дигар идҳои миллӣ кумакҳои моддӣ расонда, руҳияи онҳоро баланд мебардоранд.

Солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ятимон на танҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, балки дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Барои соҳикасбу соҳибҳунар шудани наврасон низ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегардад, ки ин ҳам ҳадди ниҳоии ғамхорию сарпарастии ятимон нест.

Related Articles

Leave a Comment