“Мубориза бо терроризм ва экстермизм муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд”
Эмомалӣ Раҳмон
Терроризми байналхалқӣ дар қарни XXI ба масъалаи аввали мубрами рӯз мансуб ёфтааст. Ин падидаи номатлуб кулли мардуми солимақлу башардӯстро ба ташвиш овардааст. Ҳар як амалу рафтори ноҷавонмардонаи онҳо метавонад ҳар лаҳза ҷони бисёре аз бегуноҳонро рабояд, шаҳру деҳотро харобу валангор ва мардуми осоиштаро сарсону фирорӣ намояд. Гурӯҳҳои экстремистию террористӣ барои ба мақсади худ расидан аз ҳама гуна воситаҳо, аллалхусус, аз расонаҳои хабарӣ, интернет ва амсоли инҳо ба пурраги истифода менамояд. Онҳо хуб мефаҳманд, ки ҷавонони камхираду камсавод ва зудбовар кам нестанд ва онҳо тез ба доми фиребу найранги онҳо меафтанд.
Терроризм зуҳуроти мураккаб ва гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дорои таърихи чандасра ва хусусиятҳои равиявию даҳшатона мебошад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд.
Баъди чунин маънидодкунӣ аниқтараш дар асри XVIII калимаи “террор” аз ҷониби олимони фаронсавӣ таҳти омӯзиш қарор дода шуда, истилоҳи калимаи “teror”- ро ҳамчун “даҳшат” эътироф намуда, қайд карданд, ки даҳштро дар таркиш, сӯхтор ва тирпаронӣ дидан мумкин аст.
Дар охири асри XXI аз ҷониби олимон ҳаммонандии ду мафҳум “террор” ва “терроризм” муайян карда шуд.
1.“Террор” — системаи сиёсии тарсонидани аҳолӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҳизб ё ин ки ҳукумат ва баҳри расидан ба мақсадҳои гуногун анҷом дода мешавад.
2.“Терроризм” — даҳшат, тарсонидан, тасонидани аҳолӣ, одамкушӣ ки сарҳади ин мафҳумро васеътар намудааст.
Тамаддуну фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои фарҳангиро заиф месозад ва ҳатто тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур, эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.
Таҳлилгарони сиёсӣ ба он ақидаанд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгири аз ҷиноят ва амалҳои террористиву ифротгароӣ таъсири амиқи Воситаи ахбори омма (ВАО) аст.
ВАО ба мафкураи мардум таъсири гуногун мерасонад, аз худ намудан ва таҳлилу таркиби кулли ахбори олам фақат таввасути воситаҳои ахбори умум имконпазир гаштаанд. Зиёда аз ин, ВАО ба яке аз воситаҳои муҳими воқеанигории раванди сиёсӣ табдил ёфтаанд.
Терроризм ҳамчун характери байналмилалидошта сарҳад надорад. Ҳамчунин, ин тоифаҳо дини мубини исломро дастак намуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд ва онро бо яроқи идеологии худ табдил додаанд. Худи террорист бошад ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Чи тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон гуфтаанд: “Терроризм ва экстермизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад, чунки дини мубини ислом пок буда, танҳо ва танҳо покӣ, ростқавлӣ ва сулҳу суботро мепарастад”.
Хулоса мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ба воҳима ва таҳлука овардани одамон аст. Дар ин росто мо ҳамкории ҳамаҷониба бо равшанфикрону зиёиён, сиёсатмадорон, мутахассисон ва уламои дин, ки дар назди ҷамъият эҳтирому қадр дорад, ба роҳ монем, аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Рӯзиева САБРИНА, донишҷӯи курси 2-юми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ