Дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 29.10.2023 маҳфили навбатии “Менеҷерон ва маркетологони ҷавон”-и назди кафедраи менеҷмент ва маркетинг баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедраи мененҷмент ва маркетинг, номзади илмҳои иқтисодӣ, Ғуломов Зикрулло, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шарипова Файзигул ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал, мудири кафедра Ғуломов Зикрулло суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас Ҳакимова Раҷабгул, донишҷӯи курси 1-уми факултет дар мавзуи “Қадамҳои нахустини бунёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб” баромад намуд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.