Дар таърихи 25-уми ноябри соли равон дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии унвонҷӯи кафедраи менеҷмент ва маркетинг Шарифов Суҳроб Каримхонович дар мавзуи “Такмили методҳои арзёбии иқтидори иқтисодӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи заминҳои кишоварзӣ (дар мисоли вилояти Хатлон)” (роҳбари илмӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Мирсаидов Аврор Бобоевич) баргузор гардид.
Дар муҳокима декани факултети иқтисод ва идора, дотсент Расулова Лутфия, роҳбари илмии унвонҷӯй, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Мирсаидов Аврор Бобоевич, декани факултети молиявию иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, сардори шуъбаи ТАКИП Қурбонзода Умеда, дотсентон Комилов Низомиддин, Ҳасанова Фарзона, Ғуломов Зикрулло ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарриз доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қурбонов Абдулҳай Каримович, декани факултети молиявию иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилов Низомиддин баромад намуданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии унвонҷӯй Шарифов Суҳроб Каримхонович бо дарназардошти тавсияҳо барои муҳокима ба зинаи минбаъда тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба унвонҷӯй ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамояд.