Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ-ЯКЕ АЗ РАМЗҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ-ЯКЕ АЗ РАМЗҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ

by admin
85 views

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Парчами миллии Тоҷикистон рамзи давлатдории мо дар ҷаҳон аст, ки он бо ҳамин шакл 31-сол қабл дар ҷаласаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардидааст.

Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон ва тоҷикистониён аст, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, таҷассумгари дирӯзу имрӯз ва фардои ормонҳои миллии мо мебошад.

Боиси хушнудист, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст.

Парчами Тоҷикистон ин нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтанд:

Парчами Тоҷикистон иборат аз рангҳои сурх (аз ҳама боло), сафед (дар мобайн) ва ранги сабз (аз ҳама поён) мебошад, ки таносубашон  мутаносибан 2:3:2. Мебошад. Дар байни парчами Тоҷикистон расми тоҷи тиллоии дорои 5 қуллаи нимдавраи ситорадор ҳаст.

Ранги сурхи парчам нишон аз муборизаҳои халқи тоҷик аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ, муҳофизати маданияташ, анъанаҳои миллиашро фаромӯш накарданаш дарак медиҳад.

Ранги сафеди парчам ин рамзи ростию покист. Ниёгони мо одамонро ба покизагии виҷдон, адлу инсоф ҳидоят мекарданд.

Ранги сабзи парчам ранги баҳору деҳқонӣ мебошад. Инчунин ранги сабз нишона ва ранги биҳишт дониста мешавад.

ТОҶ – дар мобайни Парчами давлатии мо тоҷи ҳафтситорадор таҷассум ёфтааст, ки нишона аз тоҷдорию давлатдории сарбаландонаи тоҷикон аст. Тоҷ рамзи истиқлолияту озодии кишвар. Ҳафт ситора – рамзи ҳафт қабати осмон, ҳафт бародарон, ҳафт диёри таърихии Тоҷикистон – Суғду Хатлону Бадахшон, Ҳисору Рашту Зарафшон ва Вахши зарнисор аст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчам ҳамчун рамзи давлатдории навини тоҷикон ва тоҷикистониён таҳти роҳнамоиҳои Эҳёгари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омаданд ва ҳамин Парчами давлатиро буса намуда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бо қабули рамзҳои сиёсӣ, махсусан Пачами давлатӣ, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонисориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷикон ва тоҷикистониён ба даст омад ва давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт.

Бо итминон ба фардои дурахшони кишвар, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикистониёни ҷаҳонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо дар таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям. Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқи моро ба қуллаҳои мурод расонида, дар фазои сулҳу субботи кишвар ҳамеша парафшон бошад.

Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азизам!

Самандаров Фаридун, ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносонии Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ

Related Articles

Leave a Comment