Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМ

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМ

by admin
278 views

Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст». Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд. Дар ин росто санаи 24 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин ҷашни давлатӣ бо як шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, номзади илмҳои таърих Шарифзода Абдувалӣ, муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба тарбия номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир ва ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Баъди садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ба толор ворид гардид.

Сипас, қисмати тантанавиро ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ шодбош гуфта, қайд намуданд: “Таърихи парчамдорӣ баёнгари он аст, ки ниёгони сарбаланди мо шаъну шарафи дирафши коваёниро чи дар дохили кишвар, чи дар набардҳои сарнавиштсоз нигаҳбонӣ кардаанд.

Ҳоло хушбахтона дар саросари марказҳои навоҳӣ, вилоятҳо ва пойтахти кишвари азизамон — шаҳри Душанбе парчами давлати Тоҷикистон партавафшон мебошад ва ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун дирафши коваёнӣ дубора барафрохта буда моро даъват месозад, ки ба арзишҳои миллии худ арҷгузорӣ карда, барои ба абад болидаву парафшон будани дирафши миллӣ, тану ҷон дареғ надорем”.

Ҳамзамон номзади илмҳои таърих Шарифзода Абдувалӣ маърӯзаи худро дар мавзуи “Инъикоси Парчами (дирафши) ковиёнӣ дар сарчашмаҳои хаттӣ ва маводи бостоншиносӣ” ироа намуда, доир ба таърихи пайдоиши  парчам, шаклу намудҳои он ва нақши он дар зимоми давлатдорӣ изҳори андеша намуд.

Инчунин як қатор омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ барои хизматҳои шоистаи бисёрсолаи худ дар соҳаи маориф ва бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ректори донишгоҳ бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Дар қисмати фарҳангӣ ҳунармандони Хонаи маданияти донишгоҳ бо роҳбарии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Холов таронасароӣ карданд.

Related Articles

Leave a Comment