Home ХАБАР РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТАИ ҲАЙАТИ БИСЁРҲАЗОРНАФАРАИ ДОНИШГОҲ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТАИ ҲАЙАТИ БИСЁРҲАЗОРНАФАРАИ ДОНИШГОҲ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

by admin
218 views

Субҳи 23.11.2023 бахшида ба истиқболи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоиштаи ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзи давлатдориву ойини худшиносӣ-Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Роҳпаймоӣ аз назди бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз гардид ва он то гузаргоҳи кӯчаи Ҳамадонӣ, инчунин аз кӯчаи Ҳамадонӣ то бинои Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб, воқеъ дар кӯчаи С.Сафаров сурат гирифт. Дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ, ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ, аз ҷумла роҳбарияти донишгоҳ, устодони унвондор, собиқадорону кормандон ва унвонҷӯёну донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар радифи намояндагони соҳаҳои мухталифи шаҳри Кӯлоб: донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва дигар қишрҳои ҷомеа дар даст Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан-модар, арзишҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлатдории миллӣ бо рӯҳияи идона иштирок намуданд.

Баъд аз баргузории роҳпаймоии осоишта ҳайати кормандони донишгоҳ дар чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳр баргузор гардид, иштирок намуданд.

Related Articles

Leave a Comment