Home ХАБАР ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

by admin
240 views

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вобаста ба татбиқи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030” ҷиҳати пешбарии занон ба хизмати давлатӣ ба мансабҳои роҳбари бо ҷалби занону донишҷӯдухтарони муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ — назариявӣ баргузор гардид.

Дар конфронс Абдулмаинзода Зарина Қадамшо — муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродова Дилбар — корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмудзода Руъё — мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Шарофат Худойдодова – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ ва фаъолон аз ҳисоби  занону бонувони шаҳр иштирок доштанд.

Конфронсро муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова оғоз намуда, меҳмононро ба даргоҳи илму маърифат-Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хуш омадед намуда, қайд карданд, ки занону духтарон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор доранд, ин аст ки Роҳбари мамлакат пайваста иброз менамоянд: “Нақш ва мақому манзалати зан дар ҷомеаи мо имрӯз бениҳоят муҳим мебошад. Бе иштироки фаъолонаи занон, бидуни фикру ақида ва пешниҳодҳои онҳо ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ-сиёсӣ ғайри имкон мебошад”.

Сипас, Абдулмаинзода Зарина Қадамшо — муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродова Дилбар — корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмудзода Руъё — мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону бонувони ҷумҳурӣ ёдовар шуданд.

Муҳимияти қабули барномаи мазкур барои марҳилаи навбатӣ, тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани мақом ва манзалати занон дар ҷомеа, фаъолгардонии онҳо дар соҳаҳои гуногун, расидан ба натиҷаи муайянгардидаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, то ҳадди 25 фоиз расонидани занон дар мансабҳои роҳбарикунанда, фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои ҳамаҷониба ҷиҳати иштироки фаъолонаи занону духтарон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва дар ин замина баланд бардоштани мавқеи занон, саводнокӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, таъмини дастрасӣ ба хизмати давлатӣ, баланд бардоштани дараҷаи ҷамияти хизмати давлатӣ, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони болаёқат мебошад, иброз намуданд Абдулмаинзода Зарина Қадамшо — муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамзамон, баромадкунандагон ҳозиринро ба муносибати 31 – солагии қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷавондухтарон даъват ба амал оварданд, ки дар рушду нумӯи кишвар бетараф набуда, бо шукргузори аз сулҳу суботи ин давлати соҳибистиқлол таҳсил намуда ва ҳамчун мутахассиси баландихтисос ба халқу ватани хеш хизмат намоянд.

Related Articles

Leave a Comment