Home ХАБАР КОНФРОНС. ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

КОНФРОНС. ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
173 views

Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи хосса бархӯрдор буда, ҳамасола ба хотири гиромидошти он санаи 5-уми октябр дар мамлакат Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бо ин мақсад имрӯз бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ ва Рӯзи омӯзгор дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар бузургдошт ва рушди забони тоҷикӣ» баргузор гардид.

Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Худойдодова Шарофат, муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир ва ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Ҷаласаи ифтитоҳиро дотсент Рафиев сафархон оғоз намуданд.

Сипас профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, зимни суханронии хеш аз мақому манзалати ин рукни давлатдории миллӣ ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ бо таърихи кӯҳанбунёди миллати тоҷик робитаи ногусастанӣ дошта, дар тӯли таърих яке аз василаҳои аслии ҳифзу нигоҳдошти мероси гаронбаҳои маънавии халқи ин марзу бум ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, таҷлил аз Рӯзи забони давлатӣ яке аз падидаҳои таърихии даврони истиқлоли кишварамон маҳсуб мешавад. Ҳамзамон ҳозиринро бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва забони давлатӣ шодбош гуфтанд.

Сипас Вализода Ҳокимхон, дотсенти кафедраи забони муосири Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Рисолати забони тоҷикӣ”, Қаюмова Мубина, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони донишгоҳ дар мавзуи “Сарҳади тоҷик – забони тоҷик аст” ва Назаров Ҳотам, дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи донишгоҳ дар мавзуи “Омӯзгор — ташаккулкунандаи олами маънавии инсон” маърӯзаҳои илмӣ намуда, таъкид доштанд, ки забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардонидани захираи луғавии ин забони нобу шоирона, вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад.

Мо бояд дар шароити кунунӣ ба рушди забонамон эътибори ҷиддӣ диҳем ва онро аз таъсири манфии ҳар гуна унсурҳои бегона эмин нигоҳ дорем.

Дар фарҷом тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор омӯзгорони донишгоҳ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон барои саҳми муносиб дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор як қатор омӯзгорони донишгоҳ, бо Сипосномаи ректори донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.

Related Articles

Leave a Comment