Home ХАБАР ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ, ҲУҚУҚ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ, ҲУҚУҚ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

by admin
160 views

Санаи 21-уми сентябри соли равон дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар бахшида ба рӯзи Рӯдакӣ ва истиқболи 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ декани факултет, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Ҳусайнзода Аминҷон, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Муродова Гулчеҳра, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет Каримзода Исроил ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст дотсент Муродова Гулчеҳра суханронӣ намуда, чорабиниро ифтитоҳ намуданд ва ҳозиронро бо ин ҷашни давлатӣ шодбош гуфтанд. Сипас донишҷӯи соли сеюми факултет Расулзода Абдулбосит баромад намуда, қайд карданд, ки Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ аз шоирони пуркор ва сермаҳсули ҷаҳон аст. Эҷодиёти ӯ аз 8-солагиаш оғоз шуда, қариб 70 сол давом кардааст. Ин шоири баргузида аз худ ба мо мероси гаронбаҳои адабӣ боқӣ мондааст.

Шинохти Рӯдакӣ ва шеъри ӯ дар замонаш бо андешаҳои ҳамасрони машҳури шоир, аз қабили Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ ва дигар ҳамасрони шоир оғоз гардида, сипас дар навиштаҳои адибону адабиётшиносоне, мисли Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Муҳаммад Авфии Бухороӣ ва Шамс Қайси Розӣ идома ёфтааст. Аз он айём то ба имрӯз, дар тӯли беш аз 1000 сол, аҳли илму адаби Шарқу Ғарб аз Рӯдакӣ ёд оварда, шеъри ӯро пайваста мавриди нақд ва баррасӣ қарор додаанд. Дар ин муддат рӯдакишиносӣ ба ҳайси як шохаи ҷудогонаи адабиётшиносӣ шакл гирифт ва рӯдакишиносон ба туфайли кӯшишу заҳматҳои зиёд асарҳои воқеан шоиста ва арзишмандеро ба вуҷуд оварданд.

Дар қисмати охири чорабинӣ гурӯҳи донишҷӯёни факултет дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти устод Рӯдакӣ маърӯзаҳои худро ироа намуданд, инчунин порчаҳои назмиву насрӣ аз эҷодиёти шоир қироат гардид.

Related Articles

Leave a Comment