Home ХАБАР СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ ДУНЯВӢ

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ ДУНЯВӢ

by admin
123 views

Истиқлол оғози эҳёи миллат ва василаи расидан ба орзую ормонҳои воло мебошад. Чуноне ки Президенти кишвар дарҷ намудаанд: «Таҳти мафҳуми давлати соҳибистиқлол мо чунин давлатеро дар назар дорем, ки комилан соҳибихтиёр аст, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Нишону Парчам ва муқаддасоти хосаи давлатдориаш ворид мегардад, чун кишвари озод сиёсати мустақилонаи худро пеш бурда, дар миёни кишварҳои дигари олам мавқеи шоиста меёбад. Чунин давлате, ки дар он сулҳу субот ва волоияти қонун ҳукмфармо мебошад, халқаш осуда зиндагӣ мекунад, марзу бумаш дахлнопазир аст ва сиёсатмадоронаш мардумро ба фардои нек раҳнамун месозанд. Мо маҳз ҳамин гуна давлатро дар назар дорем ва дар роҳи бунёди он устуворона пеш рафта истодаем. Аз ин рӯ, расидан ба истиқлолияти комили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мароми асосӣ, парчами сарфароз, ояндаи нек ва субҳи умеди мост» (Раҳмонов Эмомалӣ. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Душанбе: Ирфон, Ҷ.4, 2002. — С 402- 403).

Мо насли даврони истиқлолият хушбахт мардуме ҳастем, ки баъди эълони Истиқлолият дар интихоби Сарвари сиёсии ташаббускору созанда муваффақ шудем. Эълони Истиқлолияти давлатӣ ин як масъала вале масъалаи асоси дар ин миён таъмини ҳифзи истиқлолият, таъмини амнияти давлатӣ давлатӣ мебошад. Донишманди Юнони қадим Афлотун дар асараш “Давлат” “Вақте, ки давлат оқилона, хирадмандона, дурандешона идора мешавад. Тавоноии вай ба таври фавқулода бузург мегардад”. Дастовардҳои бузурги миллати тоҷик дар даврони Соҳибистиқлолӣ маҳз бо шарофати сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти маҳбубамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давалатӣ 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди дигар кишварҳои собиқи Иттифоқи Советӣ барои муайян намудани роҳи ояндаи давлатдории хеш талош менамуд. Он замон барои муайян намудани сохти давлат андешаҳои гуногун мавҷуд буданд. Шурои Олии Тоҷикистон барои дар фазои ором ва бехатар инкишоф ёфтани давлат қарорро дар бораи дохил намудани тағйирот ба Конститутсияи амалкунанда қабул намуд ва тибқи он Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон кард. Сессияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 декабри соли 1991 Қонун «Дар бораи давровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Дар Моддаи якум пас аз калимаи «ҳуқуқбунёд» калимаи «дунявӣ» ҳамроҳ гардид. Ҳамин тавр, мафҳуми «дунявӣ» дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри сиёсию ҳуқуқӣ гардид.

Дар воқеъ, бунёди модели нави давлати дунявӣ аз иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ оғоз шуда буд. Дар ин маврид ҳанӯз 15 ноябри соли 1993 Мӯҳтарам Президент Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ чунон ки маълум аст, эҳтироми ҷумҳурии моро ба принсипҳои эътирофшудаи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократию дунявӣ эълон намуд”.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 “Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ” амал мекард ва танҳо 26 марти соли 2009 Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” қабул карда шуд. Ин санади қонунӣ дар воқеъ, назар ба асноди пешина бештар хусусияти миллӣ дорад. Нахуст, ин ки дар даромади он омадааст: “Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, ба арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, дар эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар рушди фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии мардуми Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад”.

Нахуст моддаи Конститутсия, яъне соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагӣ тағйирнопазир буда, барои мо ҳамчун чароғи раҳнамо, ситораи қутбӣ мебошад, ки ҳамеша роҳи моро ба ояндаи дурахшон равшан мекунад ва доимо дар мадди назар, зеҳну хотираи ҳар як афроди ҷомеа, шаҳрвандони ин кишвар, алалхусус зиёиёну рӯҳониёни он ҳамчун усули муқаддас, бояд ҷой дошта бошад.

Мафҳуми давлати дунявиро дар Фарҳанги забони тоҷикӣ дар маъноӣ “давлати дунявӣ — давлате, ки дар асоси қонунҳои умумибашарӣ поягузорӣ шудааст”.

Донишманди тоҷик доктори илмҳои сиёсӣ Муҳаммад А.Н. қайд менамояд, ки: «Давлати дунявӣ сохтори сиёсие мебошад, ки дар он дин аз сиёсат ҷудо карда шудааст. Дар давлати дунявӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ на дар асоси меъёрҳои динӣ, балки дар асоси меъёрҳои шаҳрвандӣ танзим мегарданд. Дар давлати дунявӣ қарорҳои сиёсии қабулшуда низ асоси динӣ дошта наметавонанд. … Дар давлати дунявӣ ташкилотҳои динӣ институти сиёсӣ ба шумор нарафта, танҳо яке аз институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дониста мешаванд. Яке аз нишонаҳои муҳимми давлати дунявӣ озодии виҷдон аст. Яъне, шаҳрвандон метавонанд озодона ба дилхоҳ дину мазҳаб пайравӣ намоянд ва ё баръакс пайравӣ накунанд».

Дар даврони истиқлолият принсипҳои давлатдории дунявӣ ба таври беҳтару хубтар амалӣ мешавад:

— эътирофи нақши созандаву бунёдии дин дар таъриху тамаддуни инсоният, нақш ва ҷойгоҳи ислом ҳамчун яке аз аслпояҳои фарҳанги миллӣ ва эътирофи нақши таърихии тараққипарвари он.

— бузургдошти уламо ва бузургони миллат…. (1310 – солагии Имом Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит; 700 – солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ; 800 – солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва ғ.)

— сол аз сол мунтазам афзудани миқдори зоирону ҳоҷиёни Хонаи Худо.

— ҳамчунин рӯзҳои иди расмӣ шинохта шудани Иди Рамазон ва Қурбон.

— иқдом ва оғози бунёди масчидҳо махсусан масчиди калонтарин дар ш.Душанбе.

— тарҷумаи содаву хонои тоҷикии Қуръони маҷид ва ғ.

— омӯзиши фани диншиносӣ дар мактабҳои Олии мамлакат.

Аз давраи соҳибистиқлолӣ ҳукумати Тоҷикистон тавонист тарҳи нави давлати дунявиро ба вуҷуд овард. Дар ин давра Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрии кишвар ба муносибатҳои давлат ва дин таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекард ва аҳамияти аввалиндараҷа медод. Тоҷикистон дар минтақа кишваре дониста мешуд, ки демократитарин навъи муносибатро байни дин ва давлат бунёд карда буд, ки тибқи он дар кишвари мо тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои имону эътиқодии шаҳрвандон нисбат ба дин комилан риоя мешавад.

Дар ин замина Президенти кишварамон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд, ки “… дин ва аҳкоми динӣ бояд барои амали гаштани ормонҳои наҷиби миллӣ, тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа, инчунин донишу фазилати башардӯстонаи ҷавонон ба давлат мадад расонад. Ҳам давлат ва ҳам аҳкоми дин барои тезтар барҳам додани рӯҳияи ҷаҳолат, авомфиребӣ, бадахлоқӣ дар ин марҳилаи ҳассос бояд мубориза баранд”. (19 марти соли 1997 мулоқот бо зиёиён).

Вале мутаассифона, баъзе аз гурӯҳу нерӯҳои сиёсии ҳангомаҷӯ ва ҳизбҳои қудратталаб ин вазъи осоиштагӣ ва дастовардҳои сиёсии давлатро дидан намехоҳанд, ба ҷои ҳамкорӣ ва дастгирии давлат дар корҳои нек, ки хидмат ба миллат ва дин аст, бо ҳар баҳонае, алалхусус аз буд зиёд ҳангома кардан дар атрофи як ду масъалае, ки ба назари онҳо маҳдудкунии озодии диёнат аст, ҷомеро ноором кардан мехоҳанд. Албатта, мардум дигар худаш қудрати ташхис кардани некро аз бад, осоиштагиро аз нооромӣ, душманро аз дӯст дорад, аммо ҳадафи ин гурӯҳҳо он қисмати камтаҷрибаи ҷомеа, асосан ҷавонон мебошанд. Дар ин ҳолат вазифаи аҳли зиё ва рӯҳониён пеш аз ҳама ҳидояти ҳамин насли ҷавон ба роҳи рости зиндагӣ, ташхиси неку бад ва тарбият дар рӯҳияи Ватандустӣ, Худшиносӣ, Худсозӣ, Кишварободӣ ва Номуси ватандорӣ мебошад. Имрӯзҳо душманони дохиливу хориҷии миллат барои ба банду қайди худ даровардани онхо дар сари роҳашон домҳои зиёде чидаанд, ки хело рангорангу фиребандаанд. Яке аз чунин домҳо бо мақсади сӯистифода кардан аз эҳсосоти динии ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа ва бо сиёсат омехта кардани масоили динӣ — исломгароӣ, яъне сиёсигардонии ислом ва худро ҳомии ислом нишон додан ва таблиғи муборизаи сиёсӣ бо роҳҳои ифротгароию тундравӣ, таҳаммулнопазирию таъассуби динӣ мебошанд.

Барои дар ҳолати хуб ташаккул ёфтани дунявияти давлат ва сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули як қатор санадҳои меёрию ҳуқуқӣ, стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои ояндасозро зарур дониста, қабул намудааст. Масалан, яке аз чунин консепсияҳои қабулшуда барои дурнамои рушди давлати дунявӣ қабули Консепсияи (системаи ақоид ва нуқтаи назарҳо оид ба ягон масъала ё ҳодиса)  сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин мебошад. Ин консепсия аз 04 апрели соли 2018, таҳти №1042  тасдиқ шудааст. Дар консепсияи мазкур тамоми навъи сиёсати давлатро бо дин дар ҷумҳуриямон нишон дода шудааст.

Ҳадафи асосии Консепсия муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар мебошад.

Яке аз заминаҳои асосии қабули консепсия ин солҳои охир ба фазои динии кишвар ворид гаштани ғояву ақидаҳои ҳизбу ҳаракатҳои исломии барои муҳити динии Тоҷикистон нораво, ки моҳияти сиёсии таблиғотӣ доранд, сабаби дар ҷомеа ривоҷ ёфтани дидгоҳҳои ифротию тундравона гаштааст, ки аз ин вазъият бахши муайяне аз аҳли илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ аҳли чомеа изҳори ташвиш ва нигарони менамоянд. Густариши фаъолияти ин ҷараёну равияҳои навпайдо, ки арзишҳои аслии мазҳабӣ ва анъанавии мардуми Тоҷикистонро зери шубҳа ва хатар мегузорад, боиси пеш омадани таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботу оромиши ҷоме мегардад.

Ҷиҳати бартаридошта дар консепсияи мазкур ин амалисозии вазифаҳои зерин мебошад:

— Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ, таҳкими суботи ҷомеа ва амнияти миллии кишвар, рушди устувории робитаҳои созандаи давлат ва иттиҳодияҳои динӣ;

— Таъмини татбиқи кафолатҳои конститутсионӣ дар соҳаи озодии виҷдон, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои беҳтар ҷиҳати татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба пайрави кардан ва ё накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб кардан ва ё тағйир додани эътиқоди динӣ;

— Таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод;

— Таъмини мақом ва нақши аслии дин ҳамчун манбаи маънавию ахлоқӣ ва тарбиявии аҳли ҷомеа, тақвият додан ва ба самти созандагӣ равона намудани неруи маънавию ахлоқии ҷомеа;

— Мусоидат ба раванди эҳёи фарҳангу худшиносии миллӣ, посдории мероси маънавию фарҳангӣ ва анъанаҳои динию таърихии мардуми тоҷик;

— Ташаккули низоми шаффофу муосири таълими динӣ ва тафаккури динии ҷомеа, ҳимояи гуфтугӯи доимӣ ва таҳаммулпазириву ҳамзистӣ байни дину мазҳабҳо ва иттиҳодияҳои динии гуногун, инчунин таҳкими фазои ваҳдату ризоият дар ҷомеа;

— Пешгирии барангехтани кинаю адовати динӣ, падидаҳои номатлуби ифротгароӣ дар муҳити динӣ.

Ҳамин тариқ, ҳолати муосири инкишофи Тоҷикистонро ба инобат гирифта, аниқ дарк намудан зарур аст, ки раванди ташаккули давлати дунявӣ дар ҷомеа бо вижагиҳои махсуси худ ташаккул ёфта, ба нишондодҳои бисёр назарас мувафақ шудааст. Дунявияте, ки дар давлати мо амали шуда ва такмилу тақвият ёфта истодааст, ба воситаи сиёсати давлати дар соҳаи дин ва иттиҳодияҳои динӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ асоснок шудааст. Рушду инкишофи онро позитивӣ гуфта метавонем. Ҳамкориву ҳамбастагӣ, махсусан дар корҳои тарбиявӣ, маънавию ахлоқӣ ва барангехтани рӯҳияи миллию ватанхоҳӣ ҳукмрон аст.

Яқубзода Фируз – муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment