Home ХАБАР ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ДОНИШГОҲ

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
138 views
Санаи 7-уми сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони «Тараннуми Истиқлол» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ноиби ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон ва ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст қисмати тантанавиро ректори Донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, қайд намуданд: “Сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки зиёда аз 32 сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии хешро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳову аркони давлатдории миллӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия гардиданд. Аҳамияти истиқлолу соҳибдавлатиро бо тамоми тобишҳои таърихиву нақши калидиаш дар суханони зерини Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфтан мумкин аст: «Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад».
Пеш аз оғози қисмати фарҳангии чорабинӣ ба як қатор омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм ва бо «Ифтихоронома»-и Раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби Хонаи маданияти Донишгоҳ баҳри болидарӯҳии ҳозирин барномаи ҷолиби консертӣ, иборат аз рақсу суруд, шеъру тарона дар васфи Истиқлол манзури ҳозирин гардонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment