Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИК

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИК

by admin
275 views
Ба шарофати истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шумори кишварҳои дигар мавқеву манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ пайваста устувор менамояд. Сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мӯҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди истиқлолият, таъмини амният, беҳбудӣ ва рушду шукуфоии беш аз пеши ҷумҳурӣ ба комёбиҳои назаррас мушарраф мегардад.
Дар ин росто тарҳандозӣ, татбиқ ва пешрафти сиёсати хориҷии кишвар нақши муҳим дорад. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун идораи асосӣ дар раванди пиёдасозӣ ва пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон бомуваффақият фаъолият намуда, дар роҳи афзоиши эътибори байналмилалии ҷумҳурӣ, муаррифӣ ва касби ҷойгоҳи сазовори он миёни кишварҳои ҷаҳон саҳми бо сазоеро соҳиб аст.
Ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ гардад ва сиёсати мустақили ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардум ва кишварро роҳандозӣ намояд. Ба манзури ба таври муассир ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ дар ҷумҳурӣ мақомоти давлатии таъминкунандаи фаъолиятҳои хориҷӣ ва заминаи ҳуқуқии равобити хориҷӣ ба вуҷуд оварда шудаанд. Заминаи ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ, усулҳо ва ҳадафҳои сиёсати хориҷии ҷумҳуриро Конститутсияи Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини татбиқи сиёсати ягонаи хориҷӣ», Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо «Дар бораи хизмати дипломатӣ», «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, дигар асноди меъёрии ҳуқуқии марбут ташкил медиҳанд.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳияти худ сулҳҷӯёна, қонунгароёна, башардӯстона буда, дар якҷоягӣ бо дигар ҳавзаҳои сиёсати давлат барои боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини амнияти онҳо роҳандозӣ мегардад.
Пас аз истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, эълон дошт, ки фаъолияти он ҳамчун давлати комилҳуқуқ барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол равона карда мешавад. Ин масъала дар Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бараъло дарҷ гардидааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор менамояд, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад».
Имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда 190 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.
Бояд хотирнишон сохт, ки барқарории равобити хориҷӣ ва шиносонидани Тоҷикистон чун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали истиқлол буд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафи сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд.
Мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талоши пайгирона ва хастагинопазири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Пешвои миллат бо қабули масъулияти кишвар дар солҳои басо вазнин ва пайгирии ҳадафи олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои дигар боло гузошта, боварии халқро соҳиб гардиданд. Корҳое, ки тайи солҳои гузашта анҷом доданд, боис шуд, ки дар дохили мамлакат тамоми халқ, махсусан равшанфикрон ва нерӯҳои ақлонӣ ба нақшаву барномаҳои ояндаи ӯ бо диди умед бингаранд ва бо боварӣ пайрави роҳашон бошанд.
Президенти мо ҳанӯз дар рӯзҳои душвор ва печидаи кишвар, дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон, роҳандозии тамосу равобити дӯстона бо кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ва муаррифии кишвару миллат дар ақсои олам нақши созанда ва беназир доранд. Даҳҳо кишвари хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз намуда, ҳамзамон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон – аз Осиё то Аврупо ва аз Африқо то Амрико намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду ва чандҷониба муваффақона фаъолият доранд.
Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводди мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзӯъ, боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ҳамчунин, ӯ пайваста аз паёмади номатлуби тағйирёбии иқлим бонги хатар зада, зимни таъкид бар зарурати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, рушди устувори кишварҳои куҳсор ва таваҷҷуҳ ба рушди энергияи таҷдидшаванда ҷомеаи ҷаҳониро ба иқдому ҳамкории наздик даъват менамоянд.
Эмомалӣ Раҳмон муаллифи панҷ ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудан доранд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Соли 2025-соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо.
Бояд гуфт, ташаббусҳо дар соҳаи об, пеш аз ҳама ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибат дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикӣ ва куҳнашудаи он раҳо мекунанд ва назари навро дар истифодаи захираҳои обии минтақа талқин менамоянд, ҳадафи истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои пурбаҳсу низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар пайгирӣ мекунанд.
Бояд гуфт, сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати санҷидашуда, прагматикӣ ва воқеъбинона буда, ҳамзамон бо пазириши меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва эҳтиром ба манофеи шарикон, риояи қатъии манфиатҳои миллиро дар фаъолияти дипломатӣ дар мадди аввал мегузорад. Имрӯз Тоҷикистон бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад.
Ҳамин тариқ, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шуда, барои амалӣ намудани онҳо шароити зарурӣ низ муҳайё гардид. Президенти Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба парлумони кишвар моҳи апрели соли 2012 бо ишора ба замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ зикр кард: «ба мо муяссар шуд, ки асосҳои сиёсати хориҷии мустақили кишварро шакл диҳем, усули пойдор ва анъанаҳои арзишманди онро муайян кунем ва асли «ҳамкорӣ бо ҳамаи мардуми ба мо некхоҳ»-ро шиори кори худ намоем. Идомаи мантиқии ин сиёсат, ки мо онро бо номи «дарҳои кушода» муаррифӣ кардем, низ ба эҳёи равобити қадимаи фаромӯшшуда ва ҳам ба дарёфти ҳамшарикону ҳамёрони ҷадиди ғайримаъмул дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуда, ҷиҳати рушди кишвар имкониятҳои нав ба вуҷуд овард».
Сафаров Ҳакимшо – ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment