Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ НАҚШИ «ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР»-И ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

НАҚШИ «ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР»-И ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

by admin
218 views

Дар шароити кунуни, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баландбардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои натанҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати миллатро таъмин намуд.

Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарини таҳкими давлатдории миллиро инкишофи худшиносии миллӣ дар пояи истиқлолият ташкил медиҳад. Бо шинохти худ ва миллати хеш инсон метавонад манфиатҳои хешро ҳимоятгар бошад. Дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ раванди худшиносии миллӣ мавқеи муайянкунандаи худро дошта, дар мустаҳкамии асолати миллӣ ва ғояи миллӣ бевосита нақши асосии худро ишғол мекунад. Худшиносӣ дар соҳаи муайяни инкишофи шахсият дар зери таъсири тарзи ҳаёти одамон, дар заминаи муносибатҳои байни одамон, давлат ва ҷомеа ташаккул меёбад. Инчунин дар раванди худшиносӣ инсон мақом ва нақши хешро дар муносибатҳои мутақобилаи табиату ҷомеа дарк намуда, ба он мекӯшад, ки дар муносибатҳои ҷамъиятӣ саҳм дошта бошад. Раванди худшиносӣ як навъ дарёфти хеш дар доираи ҳодисаю падидаҳои ҷомеа мебошад. Яке аз навъҳои асосии худшиносӣ худшиносии миллӣ мебошад.

Бо шарофати Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ расида бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Маҳз худшиносии миллӣ метавонад ба омили муҳимми таҳкими давлатдорӣ табдил ёбад. Махсусан, дар давраи муосири инкишофи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зарурати дарки амиқ ва тавсифи пурраю фаҳмои масъалаҳои асосии рушди давлати миллӣ ва ташхиси пешомади давлатдорӣ ба миён омадааст.

Барои пешрафти ҳар як давлат пеш аз ҳама амнияти давлатӣ ва шароити мусоиди сиёсӣ зарур аст, чунки бе осоиштагӣ ягон давлат пеш рафта наметавонад. Ба ин мисол шуда метавонад ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз солҳои 1992 то соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давом ёфта буд. Сабабгори асосии паст рафтани иқтисодиёт, маҳз ана ҳамин ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки зарари зиёдро ба иқтисодиёти кишвари мо расонид. Хушбахтона, бо хирадмандию ташаббускории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Истиқлолияти давлати ноил гардида, ҳуввияти миллии худро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузӯрги тоҷик ва Тоҷикистони азиз ба бор овардааст.

Муттаҳид будани ҷомеа ва майли онҳо ба Ваҳдати миллӣ яке аз нишонаҳои давлати ташаккулёфта ва заминаи муҳимми таҳкими Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Истиқлолият ҳамчун падидаи беназири сиёсӣ дар раванди таърих мақсади ягонаи ҳама халқу миллатҳо, аз ҷумла ормони деринаи миллати тоҷик буд, ки баҳри ба даст овардан ва нигоҳ доштани он кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода шудааст. Истиқлолият манфиати аввалиндараҷа ва ягонаи халқ, миллат ва давлат ҳисобида шуда, мавқеи марказии мақсадҳоро фаро мегирад. Чунки берун аз истиқлолият дар амали кори худ соҳибихтиёр будан ғайриимкон мегардад.

Дар марҳалаи сифатан нави давлатдории мо, тоҷикон, таълиф ёфтани асари гаронбаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Чеҳраҳои мондагор” аз як ҷиҳат барои муаррифии фарзандони фарзонаи миллат, нишони ҳастии мо хизмати бузургро ба анҷом расонида бошад, аз ҷониби дигар бозгӯи қудрату манзалат, ҳифзи истиқлолияти миллӣ аз гузашта то ба имрӯз аст. Чи тавре дар китоб баён мегардад: «Мо дар ҷаҳони имрӯз фарҳанги беназир дорем ва вориси тамаддуни беш аз шашҳазорсола ҳастем. Баробари ин шахсиятҳои бузӯрги фарҳангию таърихие дорем, ки ҳар кадоми онҳо мавриди эҳтироми хосу ом мебошад. Вале замони муосир моро водор месозад, ки баробари ифтихор доштан аз гузаштагони хеш дар арсаи зиндагии имрӯза қаҳрамонҳои коргузори замонро ба воя расонем. Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, чароғи маърифатро парафшон созем ва бо наврасону ҷавонони соҳибзавқи хеш ба дастовардҳои тоза ноил гардем, то онҳо шукуфоии миллатро таъмин намуда, кишвари моро ба як сарзамини аз ҳар ҷиҳат пешрафта табдил диҳанд».

Табиист, ки имрӯз хизмате, ки асари “Чеҳраҳои мондагор”-и Пешвои миллат дар густариши давлату давлатдори кардааст ва хоҳад кард, ба монанди нақши “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти ҳувияти миллии мост. Зеро асари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар як марҳилаи муайяни таърихӣ барои шинохти миллати тоҷик нақши бузӯргро бозида бошад, имрӯз асари “Чеҳраҳои мондагор”-и Пешвои миллат ба омӯхтани рӯйдодҳои таърихию фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои бузӯрги миллат ва чеҳраҳои адаби имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем ва бо фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем.

Ҳамзамон бо ин зикр кардан зарур аст, ки дар китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Пешвои миллат, симоҳои тамоми гузаштагони мо ки то имрӯз аз асрҳои хеле қадим мондагор буданд оварда шудаанд, яъне тамоми шоҳону амирон, мутафаккирону олимон, нависандагону адибони муосир ва дар маҷмӯъ тамоми он ашхоси номвари миллати куҳанбунёдамонро ёдовар шудаанд. Аз мутолиаи ин китоб ба таври возеҳ ҳар як хонанда оид ба таърихи ғанӣ ва фарҳангу маданият ба хубӣ огоҳи меёбад. Ҳамчунин рӯ овардан ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Пешвои миллат, боз ба он хотир мебошад, ки мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи шоирони тавоное чун Абдулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Саъдии Шерозию Хоҷа Ҳофиз, Абдулқодири Бедилу Муҳаммад Иқбол, Садриддин Айнию Муъмин Қаноат ва амсоли инҳо ба ёд орем.

Мушоҳида намудан мункин аст, ки Пешвои миллат дар баробари ҳамаи он хизматҳои нотакрор, беназир ва ҷовидонааш, ки дар наҷот ва эҳёи миллату давлати тоҷикон ба сомон расонид ва тавонист, ки на танҳо Тоҷикистони маҳбубро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад, балки дар марҳилаи сифатан нави таърихӣ як Тоҷикистони навро эҷод намуд ва ба сифати давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, дунявӣ ва ягона онро ба арсаи олам муаррифӣ намуд. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо тамоми давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон баҳри пешрафту ободии кишвараш ҳамкориҳои дӯстона барқарор намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодро эълон намудааст, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кишвари мо тайёр аст бо давлатҳои мутараққии ҷаҳон ҳамкорӣ намояд.

Дар асари «Чеҳраҳои мондагор» ҳамчунин, оид ба истиқлол ва масъалаҳои тоҷикшиносӣ сухан рафта, дар бобати давлату давлатдори замина ва омилҳои ташаккули истиқлолиятхоҳии мо ёдоварӣ шуда, ҳусусиятҳои муҳими рушди давлатдории миллӣ илмӣ баён гардидааст.

Дар асари «Чеҳраҳои мондагор» ҳамаи мадракҳои таърихи даврабанди гардида, воқеъбинона баҳогузори гардидааст. Табиист, ки мӯъҷизаи ҳайратангези таърих дар ҳамин аст, ки силсилаи як қатор давлату давлатдори дар асоси ҳамин дастоварди илмӣ, яъне китоби «Чеҳраҳои мондагор» ворид шуда, даврабанди ва арзёби намудани тамаддуни башари мақоми арзандаву шоистаеро соҳиб гардид. Чи тавре таърихшиноси фаронсавӣ Томас Карлейл (1795-1881) ҳаққонӣ қайд намудааст, ки «Таърихи дунё тарҷумаи ҳоли одамони бузург аст»

Халқи қадимаи тоҷик, ки дар тӯли ҳазорсолаи таърих басо ҷафоҳо кашидааст, низ бурду бохтҳои худро аз давраи пайдоиш токунун маҳз бо чунин абармардони миллат дар тарозӯи таърих муайян мекунад. Воқеан китоби «Чеҳраҳои мондагор» як шӯълае буд, ки бо гузаштаҳои миллати тоҷик саҳифаи наве эҳдо намуда, худшиносию ифтихори миллии халқи тоҷикро вусъат ва тақвит бахшид ва ба фарзандони ҷасури таърихи қадима дошта рӯшноии саргузашти халқи тоҷикро рӯйи авроқи таърих оварда, мақоми таърихии миллати моро ба таври арзанда ба ҷаҳониён муаррифи намуд.

Ҳамин тавр мутолиа ва омӯзиши китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Пешвои миллат, барои хештаншиносӣ, эҳтироми таъриху фарҳанг ва таъмини сулҳу ваҳдат ва дӯстдоштани Тоҷикистони азиз саҳми босазо мегузорад ва моро ба он ҳидоят мекунад, ки нафақат ин таърихи куҳанро донем, дӯст дорем, эҳтиром намоем, балки онро зинда нигоҳ дорем, муқаддас донем ва барои ояндаи бозҳам шукуфонтари ин Ватан саҳмгузор бошем.

Файзов Рамазон, номзади илмҳои сиёсӣ, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment