Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МУҚАДДИМАИ ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛӢ ВА МУҲИМИЯТИ ОН БАРОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МУҚАДДИМАИ ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛӢ ВА МУҲИМИЯТИ ОН БАРОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

by admin
240 views

Дар ҳошияи мақолаи профессор Ятимов Саймумин Сатторович, рӯзномаи «Ҷумҳурият», №171 (24 782), аз 24.08.2023

Касе, ки як бор ба сухани фалсафӣ дил бохтаву лаззати онро чашидааст, аз тамоми фикрҳои беҳуда даст кашида, бо илҳоми оқилона ба сӯи ин сухан талош мекунад. [3] Андешаи шахс ба дарки миллат низ таваҷҷӯҳи фалсафиест, ки лаззати онро танҳо ватандори асил медонад. Зеро ҳастии инсон ба Ватан ва идеяҳои бунёдкорию созандагӣ вобастагии бевосита дорад.

Маълум аст, ки масъалаи рушди идеяи миллӣ ва тафаккури давлатӣ барои ҳукамои илм ва шахсиятҳои бедори миллат дар шароити давлатдории миллӣ далелҳое мебошанд, ки мавҷудияти истиқлоли сиёсиро таъмин менамоянд. Умуман, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳимояи илму дониш ва дигар манфиатҳои миллию рушди ақлӣ бояд нақшаи дурнамои худиро дошта бошад ва тарбиятгар дар ҳама давру замон тарбиятдида бошад. Махсусан, тарбияи ватандорӣ, ватанхоҳӣ ва ҳувиятсозӣ дар сатҳи тафаккури давлатӣ ба рафтору кирдори тарбиятгар ва роҳбарону сарварони сиёсӣ вобастагӣ дорад, ки дар раванди ташаккули идеяи миллӣ шаҳрвандони кишвар низ бояд аз ин амал дар канор набошанд.

Идеологияи миллӣ маҷмӯи эътиқодҳо, арзишҳо, ғояҳо ва принсипҳои муштаракест, ки ҳувият ва ҳадафҳои миллат ё кишвари мушаххасро муайян ва тавсиф мекунанд. Ин идеология барои ташаккули шахсияти коллективии шаҳрвандон, нигоҳ доштани ягонагии ҷамъият ва роҷеъ ба сиёсати миллӣ асос хизмат мекунад. Нигоҳ доштани идеологияи миллӣ як ҷузъи муҳими бисёр давлатҳост, зеро он ба ташаккул ва нигоҳдории ваҳдат, ҳувият ва арзишҳо дар дохили ҷомеа мусоидат мекунад. Идеологияи миллӣ маҷмӯи эътиқодҳо, ғояҳо, арзишҳо ва ҳадафҳои муштаракест, ки шаҳрвандони ин ё он кишварро дар атрофи идеяҳо ва манфиатҳои умумӣ муттаҳид мекунанд.

Мафҳуми «идеология» дар аввали асри XIX аз тарафи Дестют де Траси барои ифодаи илме, ки бояд мавзӯи омӯзишаш ошкор ва таҳқиқи қонунҳои ташаккулёбӣ ва инкишофи ғояҳо бошад, истифода шудааст. Зери ин мафҳум (идеология) як чанд тафсири дигар ҳам карда шудааст. Аммо мо бисёртар ба таърифи идеология ҳамчун «маҷмӯи мулоҳизот, ғоя ва назарияҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ, этникӣ ва эстетикию фалсафӣ» [1] такя мекунем. Ба андешаи С.Ятимов, ба ин таъриф нуқтаи зерин ҳам илова карда шавад: «…таъбиркунандаи воқеияти объективӣ аз мавқеи манофеи гуруҳҳои сиёсӣ, синфҳо ва афроди ҷудогона» [2], ки ин бисёр мувофиқ аст ба фикри ман.

Дар баробар ин, ба мафҳуми «миллат» назар кунем, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ бисёр кишварҳои дунё аллакай зери мафҳуми «миллат» шаҳрвандони мамлакатро дар назар доранд. Ва ҳамзамон, мафҳуми «civil nation», яъне шаҳрванд-миллат хеле маълум гаштааст, ки онро бо ҷомеаи шаҳрвандиӣ алоқаманд медонанд.

Баҳсҳо дар масъалаи фалсафаи андешаи миллӣ барои давлатҳои тозаистиқлол ва миллатҳои таҳҷоӣ ё миллати давлатсоз зарурияти воқеӣ пайдо намудаанд, ки сари ин масъала бояд коршиносон андешаи худӣ дошта бошанд. Фалсафаи идеологияи миллӣ, дар умум андешаи мақсадноке мебошад, ки дар доираи шуури ҷамъиятӣ ташаккул ёфта, ба воситаи санадҳои давлатӣ, рамзҳои сиёсӣ, таҳқиқотҳои илмӣ, адабиёт ва санъат китобҳои дарсӣ ва стандартҳои таълимӣ, фаъолияти ВАО, тарғибу ташвиқ ва тарбияи идеологӣ, шиору навиштаҷотҳои давлатӣ ва ғайра баён мегардад.

Худшиносӣ қабл аз ҳама, ин хештаншиносӣ ва дарк намудани арзишҳои миллӣ, бунёди ҳувият ва озодӣ мебошад, ки аз ҳама шаҳрвандони кишвар доштани ҳисси миллиро тақозо менамояд. Дар воқеъ, ҳисси ватандорӣ ин нишонаи музаффариятҳои ҳувияти хоси миллӣ мебошад, ки новобаста ба дигар равандҳои ҷомеа меҳру муҳаббатро нисбат ба Ватан нигоҳ медоранд. Шояд дар як марҳилаи таърихӣ бузургтарин дастоварди миллату халқиятҳо чунин буд, ки онҳо кишварҳояшонро бо номи миллати таҳҷоӣ нигоҳ дошта тавонистанд. Яъне нахуст идеяи миллӣ сарҷамъ шуда, дар атрофи як миллат ё қавмест, ки нишонаҳои асосии миллат дар он ҳувайдо гаштааст. [4] Агар мо назар ба саҳифаи таърих кунем, пайдоиши идеологияи миллӣ дар кишварҳои гуногун хусусияти хоси худро доро буд. Дар мисоли Британияи Кабир, ки оид ба ин масъала нисбат ба кишварҳои ғарбӣ пешсаф буд. Ташакулёбии худшиносии миллӣ дар Британияи Кабир хеле фаъол буд.

Дар асри XI то асри XIV дар Британияи Кабир забонҳои фаронсавӣ ва лотинӣ хело ҷойгоҳи баланд дошт. Забони фаронсавӣ барои идораи дохили давлат ва забони лотинӣ бошад, барои ширкат варзидан дар ҳаёти байналхалқӣ ва корҳои руҳонӣ амри зарурӣ дониста мешуд. Аммо донистани забони англисӣ танҳо василаи муошират бо оммаи камсавод ва камтаҳсил буд. Ин гуна вазъият сабаб шуд, ки ғурури миллии англисҳо бедор шуда, барои манфиатҳои миллии худ мубориза баранд. Ин буд, ки аз тарафи илоҳиётшинос ва файласуфи англис Ҷон Виклиф ба забони англисӣ тарҷума шудани китоби муқаддаси «Библия», ки авҷ гирифтани чунин раванди ташаккулёбии худшиносии миллӣ аҷнабиёнро нороҳат мекард, ки ин раванди муқаррарӣ аст. Низоъ миёни англисҳо ва фаронсавиҳое, ки бо номи «ҷанги садсола» маълум аст, аз ҳамин омилҳо сарчашма мегирифт. Хато нест гуфтан, ки дар ин давра англисҳо аз зери фишори фаронсавиҳо озод гардида буданд. Ҳадафи навбатии англисҳо ин озод гардидани онҳо аз таҳти фишори Папаи Рим буд.

Ҳукумронии Элизабеттаро (с.1558-1603) давраи «асри тиллоӣ» меномиданд. Барои он ки он давраро замони рушду инкишофи худшиносии миллӣ ва оғози инкишофи идеологияи миллии англис шуморидан мумкин аст. Ӯ шиори худро бо номи «Барои Ватан азият кашидан хеле аҷиб аст» қабул намудааст. Дар ин давра миллигардонии дини протестантизм оғоз гардид. Масалан, донишманди бузурги англис Ҷон Эйлмер чунин назар дошт: «Худо англис мебошад ва шумо шаҳрвандони ҷомеаи англис дар як рӯз ҳафт маротиба шукргузорӣ аз он намоем, ки англис ҳастед, на итолиёвӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ».

Олими дигари англис Ҷон Фоук мегуяд, ки «музаффарияти протестантизм ин музаффарияти миллӣ мебошад». Раванди ислоҳоти динӣ ба он хотир чунин шакл гирифта буд, ки ҳокимияти Папаи Рим барои англисҳо ҳамчун душмани миллӣ арзёбӣ мегардид. Дар ин баробар ҷомеаи англис Френси Беконро Арастуи англис менамиданд. Ҳамин гуна рушду инкишофи ҳувият ва ифтихори миллӣ то бадараҷае расид, ки ба он тобиши илмӣ ва амалӣ бахшиданд. Яъне он чизе, ки мо дар боло оид ба фалсафаи идеологияи миллӣ гуфта гузаштем.

Дар баробари Британияи Кабиру Фаронса низ яке аз кишварҳои ташшаккулдиҳандаи идеологияи миллӣ буд. Мафҳуми миллатро дар сарчашмаҳои фаронсавӣ аз асри XII вохурдан мумкин аст, ки он ҳам дар аввал тавассути калимаи лотинии «nation» истифода мешуд. Баъдан оҳиста-оҳиста бо шакли фаронсавиаш «nacion» дар сарчашмаҳо дида мешавад. Яъне идеологияи миллии Фаронса дорои хусусияти хос буд. Масалан ба мафҳумҳои «миллат» ва «ватан» алоқамандии зич дошт. Калимаи ватан низ дар забони фаронсавӣ аз калимаи лотинии «patrio» пайдо гардида, мафҳуми «патриот», яъне ватандор ё ватандӯстдоро ба вуҷуд овардааст. Патриотизм ҷавҳари асосии идеологияи миллии фаронсавиҳоро ташкил менамуд. Умуман ҳимояи ватан ва ҳифзи марзу бум ҳадафи аслии ҷомеаи фаронсавӣ маҳсуб меёфт.

Мутафаккирони фаронсавӣ ҳангоми таърифу тавсифи моҳияти миллат характери миллиро доимо дар маркази диққат қарор медоданд. Ба ақидаи Жан Жак Руссо, тарбияи миллӣ метавонад характери миллиро ташаккул диҳад. Руссо таъкид бар он намуда буд, ки тарбия бояд рӯҳи инсонро шакли миллӣ бубахшад ва шавқу завқи шаҳрвандонро тавре бедор намояд, ки онҳо доимо ватандӯст боқӣ бимонанд ва то дами марг, ба ғайр аз ватан, чизи дигареро эътирофу ситоиш карда натавонанд. [4] Ин раванди таърихӣ барои миллатҳои тозаистиқлол на танҳо дарс барои ибрат ва дарси бозшиносию миллӣ бошад, ҳамчунин замимае барои сохтани як давлати миллии муосир гардад.

Дар ҷаҳони муосир марҳилаи нав оғоз гардидааст, ки ояндаи он аз ҷониби донишмандон ба таври гуногун шаҳр дода мешавад. Аз ҷумла, поёни таърих, баргаштани давлатҳои миллӣ ба муқобилятҳои анъанавӣ, таназзули давлатҳои миллӣ дар зери тамоюлоти гуногуни ҷаҳонӣ, аз қабили трайбализм, глобализатсия ва монанди инҳо. Ҳар яки ин таълимот ҷанбаҳои мухталифи воқеияти бамаломадаро инъикос менамоянд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин моҳияти асли масъала ҳанӯз ҳам номаълум аст. [5] Солҳои навадуми асри гузашта ҷанги сард байни капитализм ва сотсиализм ба фоидаи капитализм ҳал шуд. Он замон бону Маргарет Тетчер ошкор гуфта буд: «фурӯпошии низоми коммунистӣ ин ғалабаи Амрико ва Ғарб, ғалабаи демократия ва озодӣ барои низоми дурӯғини коммунистӣ буд. Ҳақиқат назди мо он дараҷа қимате дорад, ки мо наметавонем онро сарфи назар карда, ба замонасозӣ пардозем». [6]

Дар заминаи муборизаҳои оштинопазири қудратҳо барои таъсири ҳудудию фарҳангӣ ва дастрасӣ ба захираҳои моддӣ ва маънавӣ таърих ба халқҳои пасошӯравӣ имкон дод, ки истиқлоли худро эълон намоянд. Эмисарҳои хориҷӣ дар раванди истиқлолхоҳии халқу миллатҳои собиқ салтанати бузург ба саркубии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию манавии давлати бузурги Шӯравӣ мафтун шуд, ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои муттаҳидкунандаи идеологияи собиқ, роҳҳои мухталифи ғорати моликияти давлатӣ бозӣ карданд, бо эҳсосоти динӣ ва миллӣ ба маърази муноқишаҳои байналмилалӣ кашидани манфиатҳои стратегии халқу миллатҳоро ҳамчун тухми кинаю адоват барои наслҳои оянда дар замини кишварҳои пасошӯравӣ мекоштанд. Ин ҳолат аз як ҷониб агар барои ба пуррагӣ нест кардани давлати салтанати собитнигаронида бошад ҳам, аз ҷониби дигар давлатҳои ба тозагӣ соҳиби истиқлолгаштаро дар ҳолатҳои тобеият ва сархамӣ нигоҳ доштан ва дар ҳолати зарурӣ ба манфиатҳои худ идора намудани минтақа буд. [7]

Дар чунин марҳалаи ҳассос ва тақдирсоз 9 сентябри соли 1991 истиқлоли сиёсӣ ва давлатии ватани азизамон расман эълон шуд. Ин яке аз воқеаи бузургтарин дар таърихи пуршебу фарози халқи мо буд, зеро имкони амалии таъсиси давлати озод ва мустақили миллӣ баъди садсолаҳо аз нав фароҳам гардид. Роҳбарият ва масъулони давлат дар даврони эълони истиқлоли давлатӣ аз имконияти мавҷуда дуруст истифода накарда, неъмати истиқлол ва давлатдории миллати пуррешаи таърихро ҳифз карда натавонистанд ва натавонистанд вазифаҳо ва мундариҷаи фаъолияти давлатро дар ин марҳилаи сарнавиштсоз дуруст муайян намуда, тавассути таъмини тавозуни манфиатҳои гӯруҳҳои мухталифи ҷомеа, онро барои ба даст овардани ҳадафҳои созандаи умумимиллӣ сафарбар созанд. Ва ҳамин тариқ дар «соли 1992 ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун як марҳилаи ниҳоят фоҷиавӣ ворид мешавад. Чунки дар ҳоле, ки ҳамсояҳоямон сарнавишти умумӣ дорем, қадамҳояшонро дар роҳи рушди мустақили сиёсиву иқтисодӣ мениҳанд, мо бо гуноҳи ҳизбҳои ҷудогона ва гурӯҳҳои иҷтимоиву сиёсӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ афканда шудем». [8]

Миллати тоҷик дар ҳошияи давлати фурурафтаи шӯравӣ имкон пайдо намуд, ки дар сарҳади бархӯрди режимҳои истиқлолию дунявӣ, дар ҳавзаи муноқишаи манфиатҳои миллии таърихию замонавӣ, дар майдони муборизаҳои мазҳабию ақидавии бо сиёсат ва мустақилиятхоҳӣ махлутгардида истиқлоли худро эълон дорад. Истиқлол дар замоне эълон шуд, ки алакай дар майдони бозсозию озодандешии гарбачевӣ тафаккури гурӯҳи муайяни одамон аз ҷониби гурӯҳҳои хориҷӣ бо ғаразу ҳадафҳои дур аз манфиати мардум заҳролуд шуда буданд. Дигар ин ки марду пасошӯравӣ, ки чунин имкони фарохи давлатдорию фарҳангбарқароркуниро надида буданд, рукнҳои аслии миллии худро хеле фарох ҷустуҷӯ мекарданд, ки гоҳо на сарҳади фарҳанги миллиро ва ҳатто ҳудуди манфиатҳои миллатро убур кард, тафаккурри миллиро низ ба заҳролудшавӣ мебурданд. [9]

Таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин масъала (ҷанги шаҳрвандӣ- И.У.) маводи зиёд гирд овардааст. Зеро баъди итминон пайдо кардани инсоният, ки ҳар ҷанг метавонад на танҳо бо куштору асиргирию харобию тағйири ҳудуди давлат анҷом ёбад, дар таърихи садсолаву ҳазорсолаҳо мисолҳои зиёде дар ин бобат ба даст омадаанд. Асри XIX-XX дар масъалаи ҷангу сулҳ, чи ҷанги дохилӣ ва чи байни давлатӣ намунаи ибрат аст. Дар ин силсила сулҳкорӣ дар Тоҷикистон (таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон — И.У.) мавқеи хосе дорад. Роҳи сулҳи Тоҷикистон (раванди сулҳи тоҷикон бо имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон», ки рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав имзо шуд, ба охир расид — И.У.) нисбатан кӯтоҳтар аст. Албатта барои онҳое, ки он рӯзҳоро ба сар бурдаанд, ин роҳи беохир менамуд, роҳи пурмашаққат. Аммо дар назди таърих ин роҳи кӯтоҳе ҳисоб мешавад. Биноан, давлатҳои олам ин роҳро донистан мехоҳанд. Созмони Милали Муттаҳид аз сулҳи Тоҷикистон ҳамчун аз далели муваффақияти сулҳкории худ сухан мегуяд. [10]

Бояд зикр сохт, ки бисёри коршиносони соҳаи сиёсат ва ҷомеашиносӣ оид ба масъалаи дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ба сиёсати ҷаҳони ворид шудан ҳамчун як давлати мустақили миллӣ басо душвор аст ва на ҳар халқу миллат ба чунин як дастоварди бузург ноил шуда метавонад.

Неруҳое, ки мошини ҷаҳонишавиро ба пеш мебаранд, ба таври ошкоро иқтисоди миллиро таҳти нуфузи худ қарор додаанд ва барои ба даст гирифтани манбаъҳои даромад бо ҳукуматҳо сари носозгорӣ доранд. Қонунҳо ва меъёрҳои миллӣ андак-андак дар сояи қонунҳо ва созишномаҳои фаромиллӣ, монанди Бунёди байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ мерасад, дастгоҳи қонунгузории кишварҳо вазифаи қонунгузориро бо тарсу ҳарос анҷом медиҳад. Масъулони умури иқтисодии давлатҳо ҳангоми таъсиси буҷа, молиёт ва тақсими даромадҳо тавсияҳои созмонҳои байналмилалиро бояд ба таври хаттӣ дар назар дошта бошанд. Барои кишварҳои дар ҳоли тавсеа сиёсатгузорӣ ва иҷрои барномаҳои иқтисодӣ монанди гузаштан аз даҳлези торикест, ки ҷо-ҷои он ханҷарҳо ва олотҳои бурранда гузошта шудааст. Бесабаб нест, ки дар ду даҳсолаи охир бисёре аз кишварҳои ҷаҳони севвум дар барномарезӣ ва иҷрои он саргашта шудаанд. Дар вазъияти баамаломада давлатҳо, созмонҳо ва ширкатҳои миллӣ ногузиранд ҷойгоҳи худро дубора иваз намоянд. [11]

Бояд гуфт, ки бисёр аз давлатҳо ба ҷаҳонишавӣ нигоҳи хуб надоранд, қарору тасмимҳое, ки бозингарони асосии «тахтаи бузурги шоҳмот» дар шаҳрҳои бузург қабул мекунанд, ҳатто дар дуртарин минтақаҳои Осиё, Африқо ва кишварҳои Амрикои ҷанубӣ таъсир мегузорад. Пуртаъсиртарин омиле, ки раванди ҷаҳонишавиро метезонад, рушди саноати иртиботӣ ва компютерӣ мебошад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки Амрико ва Аврупо беш аз пеш ба воситаи шабакаҳои умумӣ ва барномаҳои ҷолибаш ҷавонони кишварҳои гуногунро аз фарҳанги миллӣ ва боварҳои мазҳаби ниёгонашон дур ва оҳиста-оҳиста бегона мекунанд.

Таърихшиноси марксисти англис Эрик Хобсбаум дар шарҳи таҳаввулоти охири ҷаҳон, ҳаракат ба сӯи миллигароӣ ва фурӯмиллигароиро пешбинӣ мекунад. Аз як сӯ, ин раванд боиси ҳаракати ҷомеаҳо ба самти ташкили созмони сиёсиву иқтисодӣ дар сатҳи як минтақа ё дар миқёси ҷаҳонӣ мегардад. Ва аз сӯи дигар ин раванд метавонад бо тағйир ёфтани ҳувият ва фарҳанги ҷомеаҳо анҷом пазирад.

Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ру ба инкишоф узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки тавонист ба сиёсати ҷаҳонӣ ҳамчун як давлати мустақили миллӣ таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон роҳ ёбад. Раванди ҷаҳонишави Тоҷикистонро бетаъсир нагузошт, агар мо назар ба ваъияти фарҳангии ҷомеа кунем, мебинем, ки дар ҳоли ҳозир то ҳадди зиёд фарҳанги ҷомеа дар дасти шабакаҳои моҳвораӣ ва телевизионӣ қарор дорад. Вақте нигоҳ ба он чи дар миёни мардум ва андешаву тафаккуроти он ҷой дорад, меандозем, дармеёбем, ки фарҳангамон бо чӣ зиштиҳое омехта шудааст. Олдос Хаксли, нависандаи англис дар асари худ нишон додааст, ки харобкориҳои фарҳангӣ дар асри технологӣ дар бисёр маврид зери ниқобе, ки писханд дар лаб дорад, сурат мегиранд. Ягон ниёзе ба ниҳодҳои назораткунандаи тафаккуру андешаи мардум нест. Чунки ин корро интернет, телевизион, моҳвора ва дигар афзорҳои таблиғоткунанда анҷомаш медиҳад. Гуфтан зарур аст, ки тақрибан ҳамаи ҷомеаҳои фарҳангӣ худро аз ҳуҷуми ҷаҳонишавӣ дар ҳоли хатар мебинанд. Ва ҳамзамон ҷомеаи фарҳангии Тоҷикистон дар маърази хатар мебошад. Бинобар ин, Тоҷикистон дар ин раванди ҷаҳонишавӣ бояд барои ташаккули давлати миллии муосир дунявӣ талош варзад. Идеологияи миллӣ олитарин арши барои мо тоҷикистониён бояд бошад.

Барои халқҳое, ки таърихи бостонӣ ва андӯхтаҳои фарҳангӣ зиёд доранд, гӯё ҳар сари чанд гоҳ як таҷаддуди маънавӣ лозим меояд, ки аз бозгашт ба асли худ оғоз ёфта, бо пайдо кардани чеҳраи нави замонӣ анҷом меёбад. Бахусус онҳоеро, ки Карл Ясперс «халқҳои меҳвари ҷаҳон» номида буд, гоҳ-гоҳе аз таҷдиди маънавӣ, аз созгорӣ ёфтан бо замони навин гузир нест. Ҳоло барои мардуми тоҷик чунин марҳилае расидааст, ки тибқи вежагиҳои раҳпаймоии таърихии чанд аср, мувофиқи тӯшаи даст роҳи нав интихоб намоянд, ки дар он идеологияи миллӣ барои сохтани давлати миллии дунявии муосир мусоид аст. Дар ин интихобкорӣ бегумон аз ёрону дӯстони ҳамдасту ҳампой бисёр меҳрбонӣ ва раҳнамоӣ хоҳанд дид. Ин ёрмандиву ғамхориро бо сипосгузории тамом бояд пазируфт, аммо асосан ба қувваи худ, ба аслияти маънавӣ, яъне идеологияи миллӣ хеш такя бояд кард. Мо тоҷиконро эҳёи миллӣ дар пеш аст. Идеологияи миллӣ комилан руйдоди маънавист ва ҳатман решаҳои амиқрафтаи таърихӣ дорад. Ва як шарти асосии он ваҳдату ягонагист. Бояд тавораҳои ҷудоиро аз миён бардорем, ба ҳам оем, даст ба ҳам бидиҳем дар зери як идеологияи миллӣ зиндагиву кору фаъолият намоем. Бояд қадри якдигар бидонем, ба қадри андӯхтаҳои фарҳангии худ, ба қадри арзишҳои маънавии чандинасра бирасем. Он гоҳ муяссар хоҳад шуд, ки ҳастии таърихии худро умри дубора бубахшем. Медонем, ки идеологияи миллӣ инчунин болоравии иқтисодӣ, моддиву техникӣ ва умуман иҷтимоӣ хоҳад буд. Вале идеологияи миллӣ аз ҳама пештар рушду камоли маънавист, камолотест, ки бо ҳамраъиву ҳамдастӣ ва ягонагӣ сари мақсуди олӣ роҳ меандозад. Пас, агар зудтар фаро расидани чунин камолоти инсониро хоҳем, бештар аз ҳама дар ҳаққи фарҳанги маънавӣ ғамхорӣ бояд кунем.

Қуввати дили тоҷикон аз неруи бузурги маънавияти онҳо буд. Тавоноии маънавии тоҷикон чунон аст, ки минбаъд ҳам бақои умри онҳоро таъмин хоҳад кард. Ҳама имконотро ба кор бояд гирифт, то садаи бисту якум даврони паси сар шудани ҷудоиву парокандагӣ ва фаро расидани ягонагиву яклухтӣ, даврони эҳёи миллии тоҷикон бошад. [12]

Хулоса, агар мо такяи бештар ба арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ, миллии халқамон, ки сарчашмаи покӣ, ростӣ, некӣ, инсондӯстӣ, мебошанд, инчунин бо ба кор гирифтани таҷрибаи кишварҳои ахлоқадор фароянди тарбияи ахлоқиро барои сохтани давлати миллии муосири дунявиро дар сатҳи баланд ба роҳ монем, дар ояндаи наздик ба ҳадафи ормонҳои миллиямон мерасем.

Адабиёт

  1. Маҳмадов А.Н., Қудусов Х.С., Назарияҳои сиёсии муосир. Душанбе:, матбааи ДМТ. саҳ. 290
  2. А.Н. Маҳмадов, Муқаддимаи идеяи миллӣ. Душанбе:. «ЭР-граф». 2013. саҳ. 36
  3. Д.Анахт. Соч., -М., 1980. — С.31
  4. Зафар Сайидзода. Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳон. Монограф. -Душанбе: ҶДММ «Контрас», 2016. С. 215
  5. Киссинджер, Генри. «Мировой порядок» Генри Киссинджер; [пер. Сангл. В.Желнинова, А.Милюкова].- Москва: Издателиство АСТ, 2015. -512. -(Политика).
  6. Краткий словарь по философии. Изд. 3-ое, перераб.(Ред. И.В. Блауберг, И.К. Пантин). -М.:Политиздат., 1979. -С. 99
  7. Муқаддимаи низоъшиносӣ (китоби дарсӣ барои мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), -Душанбе: «ЭР-граф», 2006. С. 148
  8. Муҳаммадҷони Шакурии Бухорӣ. «Хуросон аст ин ҷо».
  9. Народная газета. — 1992. — 30 декабр
  10. С.Ятимов. Идеологияи ва манфиатҳои миллӣ. -Душанбе: «Ганҷ нашриёт», 2015, -С. 12
  11. Сайидзода З.Ш. Густариши ахлоқи миллӣ-посух ба паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ. -Душанбе: ҶДММ «Контрас», 2014. С. 30-31
  12. Тетчер М., Искуство управления государством. Стратегии для меняюҳегося мира. -М. 2012. -С. 33
  13. Холиқзода А., Бунёдгузори давлати миллӣ-Пешвои миллат.-Душанбе: «ЭР-граф», 2015, саҳ. 92

Изатов Умедҷон, унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment