Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПАҲНШАВИИ ТЕРРОРИЗМ ПЕШГИРӢ ВА ТЕРРОРИСТОН НОКОМ МЕШАВАНД, АГАР …

ПАҲНШАВИИ ТЕРРОРИЗМ ПЕШГИРӢ ВА ТЕРРОРИСТОН НОКОМ МЕШАВАНД, АГАР …

by admin
121 views

Вақтҳои охир дар бораи терроризм зиёд мегӯянду менависанд. Рӯзафзун гардидани дарки моҳияту хатари масъалаи мазкур ба авзои ҷаҳони муосир рабт дорад. Чанд сол қабл ҷомеаи Аврупо муътақид буд, ки онҳо аз терроризму террористон эминанд. Вале сахт иштибоҳ карданд.

Маҳз ба шарофати муносибати духӯраи онҳо солҳои охир хатар ва таҳдидҳое, ки аз терроризму ифротгаройӣ маншаъ гирифтаанд, бесобиқа доман паҳн намуда, фаъолияти созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро фаромарзиву фаромиллӣ гардид.

   Дар робита ба ин бамаврид аст, ки таъкиди Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро аз Паёмашон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат (22-юми декабри соли 2017) иқтибос орем: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад».

    Гузашти вақти на он қадар зиёд собит намуд, ки муайяну мушаххас намудани принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм, мукаммал кардани асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирӣ ва мубориза бо он, мавриди истифода қарор додани усулҳои наву муассири бартараф намудани оқибатҳои амали террористӣ бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ зарур ва ногузир аст.

   Тавре дар оғози матлаб гуфтем, ­алъон дар бораи терроризм матолиби зиёд пахш ва нашр мешавад. Ин, албатта, хуб аст, вале эътироф бояд кард, ки дар аксар матолиб умумигӯӣ ва такрор меҳвар буда, ин ҷанба аз бетафовутии муаллиф ба пайомади террроризм ва огоҳии комил надоштан аз моҳияти масъала маншаъ гирифтааст.

    Мақолаҳои ба ин масъала рабтдош­та дар сурате нишонрас, пурмуҳтаво, таваҷҷуҳбарангез ва дар ташаккули афкори ҷомеа саҳмгузор мегарданд, ки зимни иншои онҳо таҳлил амиқ бошаду ҳадафу мақсад бо истинод ба далелҳои асоснок бозгӯӣ гардад. Бинобар ин, бояд, пеш аз ҳама, шарҳ диҳем, ки терроризм, яъне — чӣ?

   Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «терроризм ин мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад».

   Террорист бошад, шахси воқеӣ аст, ки дар амалӣ намудани фаъолияти террористӣ дар ҳама шакл иштирок менамояд ё мақсади иштирок дар фаъолияти террористиро дорад.

   Рӯи кор омадани ташкилоти террористӣ «идомаи мантиқӣ» — и ин раванди номатлуб буда, дар ин замина доманаи фаъолияти террористон густурдатар мегардад. Чунин ташкилот бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти террористӣ таъсис дода шуда, дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Бояд мадди назар дошт, ки ташкилот ҳамчунин террористӣ ба ҳисоб меравад, агар яке аз воҳидҳои сохтории он фаъолияти террорис­тиро бо огоҳсозии ақаллан яке аз мақомоти роҳбарикунандаи ин ташкилот анҷом диҳад.

     Фаъолияти террористӣ «гуногунҷанба» буда, ташкил, банақшагирӣ, тайёрӣ ва содир намудани амалҳои террористӣ, моил кардан ба содиркунии амалҳои террорис­тӣ, даъвати зӯроварӣ бо ҳадафҳои террористӣ, ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ё ташкилоти ҷиноятӣ бо мақсади содир намудани амалҳои террористӣ, иштирок дар онҳо, ҷалб кардан, мусаллаҳ намудан ё истифодаи террористон, омӯзонидани малакаи террористӣ, маблағгузории ташкилоти террористӣ ё террористон аз ҳамон ҷумлаанд.

    Илова бар ин, дар ҳама шакл кумак расондан ба ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон террористӣ эътироф шудааст, таблиғи ғояҳои терроризм, паҳн кардани иттилооте, ки ба амалигардонии фаъолияти терро­ристӣ даъват менамояд ё зарурати амалигардонии чунин фаъолиятро асоснок ё сафед мекунанд, аз ҷумла бо истифодаи шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионии истифодаи умум ва интернет, фаъолияти террористӣ маҳсуб мешавад.

    Аз далелу рақамҳо бармеояд, ки терроризм ва ифротгаройӣ таърихи тӯлонӣ дошта, дар ибтидои мавҷудияти инсоният зуҳур кардааст. Фарқият танҳо дар роҳу усулҳои содиршавии амалҳои террористӣ зоҳир мегардад. Ҳама гуна зуҳурот моҳият дорад ва террористон низ зери «табл»- и роҳбарони пасипардагӣ «мерақсанд». Маҳз бастакорони пасипардагӣ дар заминаи мағзшӯйӣ ҷавононро гумроҳ намуда, ҳадафҳои муғризонаашонро амалӣ месозанд.

   Дар маҷмӯъ, мақсади террористон эҷоди бесуботӣ, барангехтани низоъҳои миллию мазҳабӣ ва нажодӣ мебошад. Барои ин тоифа манфиатҳои миллию давлатӣ умуман арзиш надоранд, онҳо ҳавасманди эъмори давлате ҳастанд, ки гӯё ҷавобгӯи «аҳком» — и динӣ ва мазҳабӣ мебошад.

   Боиси нигаронӣ он аст, ки терроризм бо риояи «назокат» — ҳо, дар шаклҳои гуногун, зери шиорҳои мафкураи ифротӣ асоснок гардида, таҳмил ва ташвиқу тарғиби он ба марҳилаи сифатан нав ворид гаштааст. Ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «ҳаракатҳои ­террористӣ ҷараёни мушаххаси мақсадгузорӣ, омодасозии рӯҳиву равонӣ ва ҷисмониро дар бар мегиранд».

   Мутаассифона, як қисми аҳли зиё ҷиҳати ба мардум, хоса насли наврас, шарҳу тавзеҳ додани аҳдоф, моҳият ва оқибатҳои терроризм то андозае саҳлангоранд. Зиёданд ҳолатҳое, ки ба муроҷиати журналистон баҳри дар якҷоягӣ омодасозии матлаб дар ин бобат бетафовутӣ зоҳир мекунанд, баҳона меҷӯянд, худро канор мегиранд, ки ин тамоюл ба заъфи корҳои фаҳмондадиҳӣ боис мегардад. Масъулинро мебояд сари ин масъала ҷиддӣ андеша ва бетаъхир тадбирандешӣ намоянд, вагарна …

   Ба андешаи декани факултети фалсафаи ДМТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Нозим Маҳмадизода, ки пажӯҳиши анҷомдодааш ба масъалаи мавриди назар рабт дорад, терроризми муосир якчанд махсусият дорад.

   Васеъ гардидани доираи ҷуғрофӣ, аз ҷониби ташкилоти байналмилалии террористӣ истифодаи омилҳои этникӣ-динӣ, таъсири омилҳои мухталифи дохилӣ ва берунии иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, торафт муташаккил гардидани фаъолияти террористӣ, ташкили гурӯҳҳои калони террористӣ бо инфрасохтори рушдёбанда, таҳия ва такмили методҳои нави фаъолияти террористӣ аз ҳамон ҷумлаанд.

   Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, сатҳи баланди терроризм дар як қатор кишварҳои Аврупо, Африқои Шимолӣ, Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад. Дар ин миён ташкилоти нисбатан сернуфуз ва хеле хавфнок ҳаракати байналмилалии ифротию террористии мамнуъшудаи «Давлати исломӣ» ба ҳисоб меравад.

  Дар шарҳу тавзеҳи ин омил зикр шуд, ки ҳадафи асосии харакати мазкур таъсиси бо ном «хилофати исломӣ» дар Шарқи Наздик, Африқо, Аврупои Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқози Шимолӣ мебошад. Васеъ гардидани минтақаҳои зери таъсири давлати бо ном исломӣ бо паҳн гардидани ғояҳои радикалии исломӣ имконпазир гашта, имкон фароҳам овард, ки ба сафи он намояндагони 80 кишвари олам, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷалб шаванд.

   Нозим Маҳмадизода ҳамфикр буданашро ба андешаи инҷониб дар бобати яке аз василаи муассири паҳн кардани ғояҳои терроризм маҳсуб шудани интернет изҳор намуда, афзуд, ки имкониятҳои он ба сифати воситаҳои робитавӣ барои ҳамоҳангсозии фаъолияти экстремистию террористӣ, ҷалби аъзои нави сохторҳои радикалӣ зиёд истифода мешавад. Дар интернет ҳатто дастурамалҳо оид ба тарҳрезӣ ва гузаронидани амалҳои террористӣ ҷой дода мешаванд, ки моҳиятан барои ашхоси ифротӣ роҳнамо аст.

   Ҳамсуҳбатам ба он назар аст, ки бояд фаъолият баҳри ҳалли мушкилоти мавҷуда дар самти муқовимат ба идеологияи терроризм тавсеа бахшида шавад. Муқовимат ба терроризм ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти мақомоти минтақавии соҳаи маориф ва сиёсати ҷавонон, роҳбарони муассисаҳои маърифатӣ ва дар маҷмӯъ тамоми ҷомеа ба ҳисоб меравад.Таҳлилҳои гузаронидашуда оид ба самаранокии низоми амалкунандаи муқовимат ба идеологияи терроризм аз зарурати афзун намудани мубодилаи таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шаҳодат медиҳад. Агар мо хоҳем, ки ба самаранокии истифодаи усулҳои таҳиягардидаи зидиифротӣ баҳои воқеӣ диҳем, бояд муттасил тадқиқоти сотсиологӣ гузаронда шавад.

   Нозим Маҳмадизода аз он нигарон аст, ки сатҳи омодагии омӯзгорон аз махсусиятҳои ба пешгирии ифротгароию терроризм рабтдошта мувофиқи мақсад нест. Аз ин рӯ, ташкили курсҳои такмили малака вобаста ба ин масъала барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии давлатӣ ба мақсад мувофиқ аст. Онҳо бояд бо маҳорати хос иттилооти заруриро дар бораи хатар, воситаҳои ҷалбкунии ҷавонон ба фаъолияти террористӣ ва муқовимат бо идеологони гурӯҳҳои ифротию террористӣ ба насли наврас расонанд. Ин иқдом боис мегардад, то омӯзгорон дар раванди таълиму тарбия сари вақт нишонаҳои радикализму ифротишавиро миёни ҷавонон ошкор намоянд.

   Барои тайёр кардани омӯзгорон ҷалби мутахассисони ботаҷриба аз соҳаҳои фарҳанг, санъат, илмҳои иҷтимоӣ — гуманитарӣ, рӯҳониёни муътабар шарти муҳим мебошад. Ғайр аз ин, донишу касбияти шахсони мансабдор, масъулони корҳои тарбиявиро баҳри муқовимат ба терроризм такмил додан ба манфиати кор аст.

   Эътироф бояд кард, ки маводи зарурӣ вобаста ба тарғиби зиддиифротию зиддитеррористӣ таҳиягардида барои ҳайати профессорон — омӯзгорон нокифоя ва то андозае дастнорас боқӣ мемонад. Мутахассисон дар бораи китобу асарҳои марбут ба ин масъала иттилои кофӣ надоранд. Ҳамсуҳбатам муътақид аст, ки истифодаи асару интишороти доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, раиси КДАМ Саймумин Ятимов, ки маҳз ба масъалаҳои тарбияи шуури зиддиэкстремистию зиддитерро­ристӣ бахшида шудаанд, метавонад садди устувор барои пешгириву рафъи зуҳуроти зикршуда бошад.

   Илова бар ин, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон асару монографияҳои зиёд дар робита ба экстремизм ва терроризм ба нашр расидаанд, ки ҳамчун маводи иттилоотии махсусгардонидашудаи базавӣ барои омӯзгорон ва психологҳои муассисаҳои таълимии кишвар пешбинӣ гардидаанд. Ба манфиати кор хоҳад буд, агар имконияти зикршуда ба ҳайси маводи омӯзишӣ ва донишгоҳ ба сифати майдони мубодилаи таҷриба дар соҳаи муқовимат ба идеологияи терроризм истифода гардад. Чунин захираҳоро дар шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо низ ташкил кардан ба мақсад мувофиқ аст.

    Беҳтар аст, агар намоишгоҳҳои «Илм ва маориф — алайҳи террор» дар сатҳи минтақавӣ, дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои бонуфузи соҳаи маориф бо назардошти хусусиятҳои мушкилот ташкил шаванд. Ин тадбир аз он ваҷҳ муҳим аст, ки таъминоти илмии муқовимат ба идеологияи терроризм ҳанӯз ба талаботи амалия ҷавобгӯ нест.

   Мавзӯъҳои афзалиятноки илмӣ, ба мисли манбаъҳои ташаккули ҷаҳонбинии террористӣ ва ҳолатҳои ба ин раванд мусоидаткунанда, методикаи фаъолияти ташкилотҳои террористӣ, таври кофӣ омӯхта нашудаанд. Ба ғайр аз ин, натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз истифодаи амалии онҳо фарсахҳо дур аст. Аз ин рӯ, декани факултети фалсафаи ДМТ пешниҳод кард, ки ҷавонони донишҷӯ, кормандони илмӣ ба гузаронидани корҳои ояндадори илмӣ-тадқиқотӣ оид ба муқовимат ба терроризм фаъолона ҷалб шаванд.

   Профессор Н. Маҳмадизода мутмаин аст, ки барои коҳиш додани сатҳи радикализатсияи ҷавонон, роҳ надодан ба ҷалби онҳо ба фаъолияти террористӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба минтақаҳои даргир сафар кардани ашхоси ҷавоне, ки дорои ақидаҳои радикалӣ мебошанд, тақвият бахшидани тарбияи ватандӯстӣ ва маънавӣ — ахлоқии ҷавонон зарур аст. Дар ҷавонон маҷмӯи арзишҳо ва меъёрҳои таърихан маъмули ватандӯстӣ, тасаввурот дар бораи зарурати инкор кардани идеологияи зӯровариро бояд ташаккул дод.

   — Бо ҷалби кормандони соҳаи таълиму тарбия гузаронидани чорабиниҳо оид ба устуворӣ ба идеологияи терроризм ва дигар амалҳои зиддиҷамъиятӣ, аз худ намудани барнома ва маводи таълимӣ — методӣ оид ба муқовимат ба идеологияи терроризм бениҳоят муҳим аст. Пуррагардонии захираҳои интернетӣ бо маводи марбут ба муқовимат ба идеологияи терроризм низ метавонад ба беҳбуд ёфтани фаъолият дар ин самт таҳрик бахшад, — афзуд ҳамсуҳбатам.

   Эътироф бояд кард, ки қишри нисбатан осебпазир дар муқобили терроризм маҳз ҷавонон мебошанд. Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки ҷавонони ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ ҷалбшуда саводи кофии дунявӣ ва маърифати динӣ надоранд. Дар аксар ҳолат маҳз ҳамин омил аз ҷониби намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро суиистифода мешавад.

   Бинобар ин, дар шароити торафт шиддат гирифтани равандҳои марбут ба глобализатсия барои ин қишр эҳтирому арҷгузорӣ ба ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд авлавият бошад. Ба ҷавонон талқин бояд кард, ки дар сурати Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.

   Зимни шарҳу тавзеҳи терроризм ва оқибатҳои он корро тавре ба роҳ бояд монд, ки ҷавонон баҳри тақвияти аркони давлатдорӣ бо сохторҳои марбута беш аз пеш ҳамкориву қаробат намоянд. Ин тадбирандешиҳо замина фароҳам меорад, ки насли наврас дар зиндагӣ роҳи ­дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.

  Дар он сурат паҳншавии терроризм пешгирӣ ва террористон ноком мешаванд.

Далер АБДУЛЛО, «Садои мардум»

Related Articles

Leave a Comment