Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ИФРОТГАРОӢ ТАНҲО МУСИБАТ АСТ!

ИФРОТГАРОӢ ТАНҲО МУСИБАТ АСТ!

by admin
135 views

Яке аз масъалаҳои ташвишовар ва падидаи номатлубе, ки дар тамоми ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод мекунад,  терроризм дар ниқоби ислом ном гирифтааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи имрӯза гардидааст.

Террорист аз вожаи лотинии terоr-(террору даҳшат) гирифта шуда, маънои тарсу ваҳшату маргро бо худ ҳамл мекунад ва террорист ба касе гуфта мешавад, ки боиси нигаронию хисороти молӣ ва ҷонии дигарон шавад.

Терроризм барои нахустин бор дар имперотурии Рум баъдан дар ҷаҳони ислом зуҳур карда ва то имрӯз ба шаклҳои гуногун, бо ангезаҳои идеалогияи мазҳабӣ, иқтисодӣ ба ҳаёти худ идома дода истодааст.

Боиси таассуф аст, аъзоёни бузургтарин гурӯҳҳои террористӣ ва эктремистии сатҳи ҷаҳонӣ зиёдтар аз номи поки дини мубини ислом баромад намуда, ҷавонони гумроҳи камсавод ва онҳое, ки фарҳанги пасти динӣ доранд, ба тарафи худ ҷалб намуда, ба онҳо ваъдаи пулу моли бардурӯғ дода, фатво медиҳанд, ки гӯё бар ин амалҳои зишташон дохили ҷаннат мегардида бошанд, ҳол он ки дохили ҷаннат ва ҷаҳаннам шудани кадом инсонро Худо худ медонаду бас.

Масъалаи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгароию ифротӣ албатта доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст, ки ин ҳам аз якчанд омилҳои манфӣ вобастагӣ дорад. Беаҳамиятӣ зоҳир намудани волидон нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон, муҳити носолиме, ки ба шуур ва рӯҳу равони ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад, инчунин, муносибат доштан бо ҷавононе, ки аз одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ аз фарҳанги пурғановати ниёгони мо дур ҳастанд. Инҳо яке аз омилҳое мебошанд, ки ба дохилшавии ин қишри ҷудонашавандаи ҷомеа ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ замина мегузорад.

Мутаасифона, ин падидаи номатлуб дар ҷумҳурии мо дар байни бархе аз ҷавонон тарафдорони худро пайдо кардааст.

Боиси нигаронист, ки бархе аз ин ҷавонони раҳгумзада падару модар, ҳамсару фарзандон ва дигар наздиконашонро дар ғурбат гузошта, худ ба кишварҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия ва Миср ворид шуда, ба ин васила xонаи худ ва дигаронро дар хатар мегузоранд.

Арзишҳои чун ватандӯстиву ватандорӣ ва худшиносӣ дар зеҳни онҳо бегона гашта, ҷойи онро идеология ё афкори зиддимилливу мардумбадбинӣ фаро мегирад.

Мо ҷавонон бояд шукургузор аз он бошем, ки дар чунин давлати соҳибистиқлолу демократӣ озодона умр ба сар мебарем. Аз ин лиҳоз, мо ҷавононро мебояд, ки ҳамеша бар ин ватану ин меҳан содиқ бошем ва ҳамеша бар зидди зуҳуроти имрӯза-терроризм ва эктремизм мубориза барем. Чунки терроризм ва экстремизм яке аз падидаҳои шуми замони муосир ба шумор рафта, ба бақои одаму олам таҳдид мекунанд.

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд…

Розиқова САЙЁҲАТ, донишҷӯи факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment