17-уми майи соли 2023 дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони “Пояи давлат намонад бе маориф устувор” ҷамъбаст гардид., ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар олимпиадаи имсола зиёда аз 400 нафар донишҷӯ аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, аз рӯйи 14 фанни таълимӣ бо ҳам сабқат намуданд. Дар натиҷа 36 нафар сазовори чойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардида, 4 нафар барои иштироки фаъолона сазовори “Ифтихорнома”-и Вазорати моариф ва илм гардиданд.
Аз рӯйи натиҷаҳо дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар натиҷа донишҷӯён сазовори ҷойҳои зерин гардиданд:
- Зарипова Муниса Алишеровна — донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи хориҷӣ, ихтисоси забони англисӣ, аз фанни забони англисӣ, ҷойи якум;
- Муродов Муҳаммадҷон Музаффарович — донишҷӯи курси 3-юми факултети таърих ва ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ, аз фанни сиёсатшиносӣ, ҷойи сеюм;
- Муҳамадҷони Ҷиёнхон — донишҷӯи курси 3-юми факултети химия ва биология, ихтисоси химия ва биология, аз фанни фалсафа, ҷойи сеюм.
Ҳамчунин Фаридуни Бобоҷон — донишҷӯи курси 1-уми факултети химия ва биология, ихтисоси химия ва биология, аз фанни химия барои иштироки фаъолона бо Сипосномаи озмун сарфароз гардонида шуд.