Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ОМОДАГИИ ДИФОИ ҲАРБӢ

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ОМОДАГИИ ДИФОИ ҲАРБӢ

by admin
177 views

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки яке аз муносибатҳои хеле камхарҷ ва нисбатан самараноки паст намудани камбизоатии аҳолӣ ва ҳамзамон беҳтар намудани нишондиҳандаҳои саломатӣ ташаккули тарзи ҳаёти солими одамон мебошад ва аз ҳамин сабаб стратегия ва «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дурнамои воқеию ҷолибе такя мекунад, ки одамон метавонанд онро дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ истифода намоянд.

Ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим имрӯз субҳи барвақт бо иштироки васеи донишҷӯдухтарони хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар саҳни донишгоҳ машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.

Сипас дар нимаи дигари рӯз дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзуи “Шакл ва роҳу усулҳои тарбияи тарзи ҳаёти солим” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир, декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он Нурматов Шарофуддин, ҷонишини декан оид ба тарбия Қурбонзода Некрӯз ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад масъалаи баррасишавандаро муҳим арзёбӣ карда, зикр намуд, ки тарзи ҳаёти солим яке аз дастовардҳои беназири инсоният ба ҳисоб рафта, барои шарафёб гардидан ба дарозумриву ҳаёти босаодат риояи меъёрҳои он ҳатмӣ ба шумор меравад.

Баъди ифтитоҳи ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир суханронӣ намуда, ки дар ҷомеаи мо, ки аксарияти аҳолиро насли наврас ва ҷавон ташкил медиҳад, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ яке аз омилҳои муҳими солимии шаҳрвандон ва муаррифгари миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Сипас Нурматов Шарофуддин, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он дар мавзуи “Ташаккули тарзи ҳаёти солим-омили муҳими солимии ҷомеа”, Шоимардонов Хайрулло, муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он дар мавзуи “Тарзи ҳаёти солим-асоси тандурустии миллат”, Наимов Анвар, ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он дар мавзуи “Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар таълими тарзи ҳаёти солим”, Муҳаммадҷони Холаҳмад, донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Тарзи ҳаёти солим-асоси хушбахтии инсон” маърӯзаҳои худро ироа карданд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки фаъолияти иҷтимоии инсон, оқилона ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ва истироҳати фаъол дар реҷаи рӯз, дуруст ташкил намудани фароғати фарҳангӣ, ҳаракати фаъоли муносиб, гигиенаи шахсӣ, истифодаи қувваҳои шифобахши табиат (офтоб, ҳаво, об), хурду хӯроки дуруст, ҳолати сиҳатии психологӣ дар оила, фаъолияти меҳнатӣ ва таълимӣ дар коллектив. Ҳамаи инҳо бо ҳамдигар вобаста буда, ба омилҳои тарзи ҳаёти солим дохил мешаванд.

Related Articles

Leave a Comment