Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МАФҲУМИ ОИЛА ВА МАВҚЕИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

МАФҲУМИ ОИЛА ВА МАВҚЕИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

by admin
352 views

Яке аз ҷузъҳои муҳими ҷамъият оила аст, яъне оила ячейкаи асосии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Барои бахту саодати оила маданияти баланди умумӣ, маданияти эҳсосӣ лозим, ҳамчунин ҳисси олии вазифашиносӣ, барои ҳаёту рӯзгори одамӣ ва дар назди ҷамъият масъулият ҳис кардан аст ва ҷавонон барои никоҳ бояд натанҳо аз ҷиҳати маънавӣ, балки аз ҷиҳати руҳӣ низ тайёр бошанд, чунки ақди никоҳ натанҳо шодмонии муҳаббати занушӯӣ ва фарзанддорӣ аст, балки он мушкилоти ҳақиқии зиндагӣ, ташвишу тарадудҳои зиёдеро ҳам дорост. Суханвари бузург Самуэл Ҷонсон чунин гуфтааст: “Никоҳ бисёр ғамгинӣ меорад, вале беникоҳӣ ягон хурсандӣ намеоварад”.

Аз ин хотир, инсон бояд ҳамаҷониба омодаи зиндагии комил бошад ва баҳри расидан ба мақсадҳои неки зиндагӣ,  ҳам аз ҷиҳати руҳонӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодию ҷисмонӣ омода бошад. Ин нуқтаро сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳама баромаду ҷаласаҳои худ ба ҷавонон таъкид намудаанд. Сарвари давлат дар соли 2015 зимни ироаи Паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ гуфта буд, ки «Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад». Вобаста ба ин пешниҳод менамоям, ки соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон карда шавад . Аз ин хотир ҳар сол 15-уми май ҳамчун Рӯзи оила ҷашн гирифта мешавад.

Пойдорӣ ва устувории оиларо муҳаббат ташкил медиҳад. Агар дар оила муҳаббат бошад, зану шавҳар ба хотири он аз баъзе талаботҳои худ гузашт карда, ҳамдигарро ба хубӣ дарк мекунанд ва мушкилоти дар оила ба вуҷуд омадаро ба осонӣ ҳал менамоянд. Агар ишқ барҳам хӯрад, зиндагии инсон фасоду касод мешавад. Аммо, мутаассифона, дар замони имрӯз муҳаббат муқаддасот ва қадру қимати худро аз даст додааст, ки ин боиси зиёд шудани оилавайроншавӣ дар миёни ҷавонон гаштааст.

Умри инсон ҳамеша дар ҳаракат аст ва мутаассифона он гузарон аст. Аз ин хотир инсон бояд кӯшиш намояд, ки умри хешро ҳамеша ба осудагию хушҳолӣ сипарӣ намояд. Иҷрои ин вазифа ва қарзи муқаддас дар навбати аввал бар уҳдаи зан аст. Дар ҷараёни ҳаёти муштарак бо шавҳар дар оромӣ, рафоқат, самимият ва дӯстӣ зиндагӣ кардан зан мақоми хоса дорад. Дар баробари ин шавҳар уҳдадор аст, ки барои осудагии оила шароити муносиб фароҳам орад. Бузурге гуфтааст: “Ҳеҷ касро ба никоҳ шудан маҷбур намекунанд. Аммо ҳар касе, ки никоҳ шуд, бояд ба итоати қонуни никоҳ маҷбур карда шавад.

Ба ақидаи Ибни Сино, вақте ки инсон хонаю манзил сохта, барои рӯзгор молро захира кард, ба каси харҷкунандаи он низ муҳтоҷ мегардад. Зани ҳақиқӣ шавҳари худро дӯст медорад ва ҳамеша дар хусуси муҳаббати ӯ фикр мекунад. Мутафаккир занҳои бешарму ҳаёро танқид намуда, собит кардааст, ки зани беишқу вафо эътибори оиларо ба нестӣ бурда, аз боварӣ ва муҳаббати шавҳар маҳрум мегардад.

Азбаски сатҳи зиндагӣ ва маълумотнокии падару модарон гуногунанд, тарбияи кӯдакон ҳам як хел нест. Фарзандон бояд дар фазои орому солими психологӣ, муҳити созгор ба воя расида, тарбияро аз оила гиранд. Зеро оила нахуст мактаби тарбияи инсон ва ташаккули тафаккури ӯ мебошад, ки тавассути он инсон минбаъд дар ҷомеа ҷой ва мақоми худро пайдо мекунад. Дар қатори оилаҳои беҳтарин оилаҳое низ ҳастанд, ки ба шароити мусоиди зиндагӣ нигоҳ накарда, дар тарбияи фарзандон мусоҳалакорӣ мекунанд ва ба камбудиҳо роҳ медиҳанд. Ба онҳо ёдовар мешавем, ки падару модар шудан ҳай осон, лек падару модарӣ карда битон!

Дар иддаи оилаҳо, ба хусус баъзе оилаҳои ҷавон аз боиси камтаҷрибагии волидайн тарбияи кӯдакон коста мешавад. Яке аз сабабҳои он дар оила аз ҳад зиёд ҳукмравоӣ доштани калонсолон аст, ки кӯдакон аз тарс аз мустақилона рафторкунӣ маҳрум мешаванд. Дар чунин вазъият майлу рағбат, озодии онҳо фишор меёбад ва дар рушду камолоти маънавӣ маҳдуд мегарданд. Боиси дигари камбудии тарбияи оилавӣ ин аз ҳад зиёд нозпарвару эрка тарбия кардани кӯдакон аст. Ин аз он сабаб рӯй медиҳад, ки волидайн фарзанди худро аз меъёр зиёд дӯстдорӣ мекунанд, ягон чизро барояш дареғ намедоранд, ҳатто гуноҳҳояшро бо навозиш мебахшанд. Оқибат он бо такаббуру инҷиқ ва худбину бахил ба воя мерасад.

Калон кардани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ қарзи муҳим, вазифаи аввалиндараҷа ва масъулияти падару модар дар назди ҷомеа, миллату Ватан ва мардум мебошад. Оид ба уҳдадориҳои падару модар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зикр гардидааст.

Дар баъзе хонадонҳо падару модар нисбати фарзанд серталабӣ кунанд, бобою модаркалон «бача – бодом, набера – мағзи бодом» – гӯён онҳоро ноҳақ монеъ мешаванд, набераашонро тарафгирӣ намуда, айбҳояшро мепӯшанд, гуноҳҳояшро мебахшанд. Дар чунин ҳолат кӯдакон бо мунофиқию дурӯягӣ тарбия меёбанд.

Доираи ҳамкории оила ва мактаб хеле васеъ аст. Фақат равобиту ҳамкории мустаҳками муаллимон ва падару модарон метавонад нуқсонҳои ҷойдоштаи тарбияи оилавиро ба маҷрои дуруст равона кунад.

Инсон нахустин асосҳои феълу атвор, рафтор, кирдор, муносибат ба худ ва дигарон, муносибат ба меҳнат, муносибат ба ҳаёти ҷомеаро маҳз аз оила мегирад. Бесабаб нест, ки бузургон оиларо шаҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумуи миллат номидаанд. Тамоми бурду бохти зиндагӣ бо кори оила ва оиладорӣ зич марбут аст. Аз ин рӯ давлат ба оила ҳамчун ҷавҳари ҷамъият аҳамияти ҳамаҷониба медиҳад.

Аз азал тоҷикон мафҳуми «оила» ва «оиладорӣ»-ро муқаддас дониста, иззату эҳтироми байни аъзои оила, хусусан падару модарро ҳамеша ба ҷо меоранд. Ҳар як падару модар барои тарбияи фарзанд бояд аз беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагонамон истифода барад. Доир ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд мутафаккири Шарқ Муҳаммад Ғаззолӣ фармудааст: «Падару модар ба мисли сарчашмаи обе мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, пас поёноб низ мусаффо хоҳад шуд».

Имрӯз аҳли ҷомеа аз коҳиш ёфтани ахлоқ байни наврасону ҷавонон бонги изтироб мезананд. Мутаассифона, ин падидаи номатлуб он қадар доман паҳн кардааст, ки баъзан инсонро ба даҳшат меорад. Умуман, паст рафтани ахлоқи ҷавононро танҳо ба насли нав мансуб донистан беинсофӣ мебуд, зеро аз мушоҳидаҳои хеш мебинем, ки ин раванд чун хуни фасодноки зиёновар аз азал ҷорист.

Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи мо ҷудошавии оилаҳои ҷавон мебошад. Сабабҳои асосӣ боз ҳам аз таълиму тарбияи онҳо вобаста аст, зеро бархеи онҳо барои бунёди оилаи мустақил тайёр нестанд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он сахт ниёз дошт. Маҳз, талаботи ин қонун имкон фароҳам овард, то баъзе парокандагиҳои ҷойдоштаи иҷтимоии замони ҳозираро ба эътидол оварем. Дастур ва роҳнамои беҳтарин барои падару модарони мо китобҳои арзишманди ниёгонамон, аз қабили «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Насиҳатнома» — и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Насирӣ» — и Насриддини Тӯсӣ, «Кимиёи саодат» — и Ғаззолӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» — и ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигар панду насиҳатномаҳо мебошанд. Дар ин китобҳо марҳалаҳои мухталифи таҷрибаи ахлоқии миллати тоҷик ҷамъбаст гардида, нақши падару модар дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзанд, ки ояндаи ҷомеаро муайян менамояд, бо далелҳои муътамад ба исбот расидаанд.

Фаризаи Давлатмурод ва Шамсияи  Тоҳирхон, омӯзгорони кафедраи таърихи халқи тоҷик Донишгоҳи давалатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment