Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

by admin
128 views

Санаи 15.05.2023 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи амалишавии «Консепсияи миллии тарбия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2006, №94 барои солҳои 2022-2023 конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Оила-шоҳсутуни  тарбия аст» баргузор гардид.

Дар конфронс Қувватова Муҳаббат, мудири кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Муродов Ҷамил ҷонишини декан оид ба тарбия, Алиева Бахтинисо, муаллими кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст Қувватова Муҳаббат суханронӣ намуда, конфронсро ҳусни оғоз бахшиданд ва дар мавзуи “Оила барои инсон ба ҳукми ҷаннате дар рӯйи замин аст” баромад намуданд.

Сипас донишҷӯи курси сеюми факултет Сафарова Манижа дар мавзуи “Оила-мактаби аввалини инсон”, Азимов Исматулло донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи “Андешаҳои бузургон нисбат ба никоҳ ва оила”, Нуриддинзода Моҳрӯ донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи “Оила эҳдогари ҷомеа” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳи 301 — ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик панду андарзҳо дар бобати оилаву оиладорӣ пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки дар конфронс аз ҷониби гурӯҳе аз донишҷӯён саҳначаи тарбиявӣ ва бадеҳахонӣ сурат гирифт.

Related Articles

Leave a Comment