Home ХАБАР ВОХӮРӢ БО НОЗИРОНИ КАЛОНИ БАХШИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯИ ШУЪБАИ АГЕНТӢ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ

ВОХӮРӢ БО НОЗИРОНИ КАЛОНИ БАХШИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯИ ШУЪБАИ АГЕНТӢ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ

by admin
132 views

Санаи 11-уми май дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади амалигардонии бандҳои дахлдори «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» вохӯрӣ бо нозирони бахши муқовимат бо коррупсияи шуъбаи Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, нозирони калони бахши муқовимат бо коррупсияи шуъбаи Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Аҳмадзода Нурулло ва Раҳимзода Абдураҳим, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, декани факултетҳо ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Нахуст профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, меҳмононро хайру мақдам гуфта, қайд карданд: “Бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд, ки ба тавсиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвари мо ба ҳисоб меравад”.

Сипас нозири калони бахши муқовимат бо коррупсияи шуъбаи Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Аҳмадзода Нурулло дар мавзуи “Муқовимат ба коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб” суханронӣ намуда, ҳамзамон қайд намуданд, ки коррупсия рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад. Он зангорест, ки пояи ҳокимиятро, агарчи пӯлодвор мустаҳкам бошад, батадриҷ хароб мекунад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби толор ба нозирони калони бахши муқовимат бо коррупсияи шуъбаи Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб суолҳо пешниҳод гардид, ки ба ҳамаи онҳо ҷавоб гардонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment