Home ХАБАР ЛАЗЗАТИ ДИДОР ТАҲТИ УНВОНИ «ГУФТӮГУИ ДУ НАСЛ» БО АБДУЛҲАМИД САМАД

ЛАЗЗАТИ ДИДОР ТАҲТИ УНВОНИ «ГУФТӮГУИ ДУ НАСЛ» БО АБДУЛҲАМИД САМАД

by admin
99 views

Устод Абдулҳамид Самад бо ҳикояву повесту романҳояш дар миёни хонандагону пажӯҳишгарон аз маҳбубияти хос бархӯрдор буда, ҳар ҷумлаи асарҳои ӯ дар баробари кашидани бори маънӣ, равону зебову шоирона буданашон хотирмон ва ҳам таъсиргузоранд.

Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинӣ таҳти унвони “Гуфтугӯи ду насл” бахшида ба 55-умин солгарди фаъолияти эҷодии Нависандаи Халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, Нависандаи Халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, профессори фахрии донишгоҳ Зафар Мирзоён, Нависандаи Халқии Тоҷикистон Абдулқодир Раҳим, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода ва дигар нависандагону зиёиёни минтақа ва ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Меҳмононро дар саҳни донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек пешвоз гирифтанд.

Баъдан дар бинои маъмурии донишгоҳ чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.

Нахуст профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфтанд, зикр карданд: “Шуҳрати волову хомаи сеҳрангези устод Абдулҳамид Самад ба гом бардоштанҳои ӯ дар гаҳвораи суханварию мактаби ахлоқ мисли рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”, маҷаллаи адабии “Садои Шарқ”, “Адабиёт ва Санъат”, моҳномаи “Фарҳанг”, ки саҳфаи зиндагии аксар қаламкашони номвари миллати тоҷикро ин мазмун пур мекунад, алоқамандии бевосита дорад. Мавзуи меҳварии  осори Абдулҳамид Самадро дӯст доштанд, эҳтиром ба насли калонсол, маҳкум намудани дурӯягӣ, пулпарастӣ, худписандӣ, муҳаббат ва Ватан, миллатпарварӣ, худшиносии миллӣ ва таҳкими ормонҳои миллӣ ташкил медиҳад”.

Сипас Шоири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, профессори фахрии донишгоҳ Зафар Мирзоён, Нависандаи Халқии Тоҷикистон Абдулқодир Раҳим ва сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода дар бораи фаъолияти эҷодии устод Абдулҳамид Самад ибрози андеша намуданд.

Зикр гардид, ки аксаран инсонҳо қудрату тавоноӣ ва ҷасоратро ба молу сарват алоқаманд медонанд, лекин дар замири устод Абдулҳамид Самад, ки ба қавле яроқи ӯ қалам аст, бараъло падидор аст.

Дар қисмати фарҳангӣ гурӯҳи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистика порчаҳои назмиву насрӣ аз эҷодиёти шоир ва нависанда қироат намуданд. Инчунин, ҳунармандони Хонаи маданияти донишгоҳ бо роҳбарии Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Холов таронасароӣ карданд.

Тошматов Умарҷон, хабарнигорони маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment