Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОЗОДИИ МАТБУОТ

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОЗОДИИ МАТБУОТ

by admin
134 views

3-юми май дар бинои маъмури Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуадуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи журналистикаи факултети филологияи тоҷик ва журналистика мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот бо иштироки мудири кафедра Алишери Абдулмаҷид, омӯзгорони кафедра, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Қурбонбӣ, докторантон, магистрантон ва донишҷӯёни бахши рӯзноманигории донишгоҳ баргузор гардид.

Дар сухани ифтитоҳии худ мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид доир ба озодии матбуот ва марҳилаҳои инкишофи он суханронӣ намуда, оид ба боз ҳам беҳтар намудани вазъи дастрасӣ ба иттилооти босифат ва саривақтӣ барои манфиати ҷамъиятӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ ва инъикоси дастовардҳои замони истиқлолият суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, дар бораи рушди бесобиқаи матбуот дар даврони истиқлолият бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар якчанд маърӯзаҳо дар мавзуъҳои мубрам, аз қабили механизмҳои ҳуқуқи инсон ва дастрасӣ ба иттилоот; дастрасӣ ба иттилооти расмӣ қобилияти истифодаи ВАО пешниҳод гардиданд. Иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки гузариш ба ВАО-и онлайн ва иштироки васеи шабакаҳои иҷтимоӣ набояд монеаҳоро барои дастрасӣ ба иттилоот тавассути ВАО-и анъанавӣ эҷод кунад.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён назари худро оид ба таъмини дастрасӣ ба иттилоот, озодии матбуот, ҳифзу манфиатҳои миллӣ, таблиғи дастовардҳои истиқлолият, гиромидошти ҳувияту фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ иброз доштанд.

Related Articles

Leave a Comment