Санаи 28-уми апрели соли равон дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии «Бостоншиноси ҷавон»-и назди кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих баргузор гардид.
Дар маҳфил Холмуродзода Меҳрафрӯз, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, номзади илмҳои таърих, Каримзода Исроил, ҷонишини декан оид ба тарбия, Қурбонова З. ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, Алимов Қобил, ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик, Лалбеков Собирҷон, роҳбари маҳфил ва ҳайати омӯзгорону аъзоёни маҳфил ширкат варзиданд.
Сараввал роҳбари маҳфил суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас Шобаротов Умедҷон, донишҷӯи курси якуми факултет дар мавзуи «Ҳулбук ёдгории таърихию фарҳангӣ” ва Исоев Муҳаммадҷон, донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Самарқанд маркази касбу ҳунар ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.