«Зиёиёни асили мо равшангарони воқеии ҳаётанд, ки дар дар пешрафти рӯзгори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерӯи инсонӣ нақши арзанда мебозанд».
Эмомали Раҳмон
Зиёиён дар ҳар давру замон равшангарони асосии ҷомеа маҳсуб шуда, маҳз илму дониш ва ақлу хиради онҳост, ки маърифати мардум боло меравад ва ҷомеа рушду тараққӣ менамояд. Агар офтобу моҳ ба замин нуру рушноӣ бахшанд, зиёиён – омӯзгорон ба рӯҳу равони инсоният равшанӣ ва дармон мебахшанд.
Бояд зикр намуд, ки устод Абдураҳмон Шерович Қурбонов аз зумраи он зиёиён, донишмандон ва омӯзгоронест, ки тавассути афкори пурғановати илмӣ, таҳқиқотҳою навиштаҳои арзишманд ва фаъолияти илмию педагогиаш барои рушди соҳаи илм ва маорифи кишвар саҳми бориз мегузорад.
Қурбонов Абдураҳмон Шерович 15-уми апрели соли 1959 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯрообод) ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон (ДМТ) буда, фаъолияти кориро соли 1984 дар Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ДДК) ба сифати ассисенти кафедраи фалсафаи марксистӣ-ленинӣ оғоз намудааст.
Соли 1986-1990 аввал ба сифати коромӯз, баъдан аспиранти Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пажӯҳиши масъалаи хеле муҳим – «Таъсири ислом ба шуур ва психологияи ҷавонони деҳот (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» машғул гардида, бо анҷоми муҳлати аспирантура рисолаи илмиашро дар яке аз бонуфузтарин шӯроҳои диссертатсионии замони Шӯравӣ – дар Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Кумитаи марказии ҲКИШ дар ш.Москва ҳимоя намудааст. Баъди хатми бомуваффақияти аспирантура ӯ боз ба кафедраи фалсафаи ДДК баргашта, то соли 1997 дар вазифаҳои гуногун – муовини декан, ходими илмии шуъбаи илм, мудири кафедраи фалсафа фаъолият намудааст. Соли 2010 таҳти роҳбарии олими шинохтаи тоҷик, профессор Султон Наврӯзов рисолаи докториашро дар мавзӯи «Ислоҳоти институти маориф дар шароити тағйирёбии ҷомеаи тоҷикистонӣ (таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ)» ҳимоя намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки фаъолияти минбаъдаи Абдураҳмон Қурбонов дар вазифаи муовини мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1998-2007 ), ноиби ректори ДДСТ ба номи М. Турсунзода (2007-2012) ва соли 2012 то инҷониб дар вазифаи сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле пурсамар арзёбӣ шуда, дар ин давра ӯ тавонист, ки бо пажӯҳишҳои тозаю мубрам ва хулосаю пешниҳодоти хеле муфиду зарурӣ доир ба соҳаи илм ва маориф ҷиҳати ғанӣ гардондани хазинаи илми тоҷик ва хусусан, фалсафаи маориф саҳми арзанда гузорад. Ҳамзамон, аз соли 2012 ба ҳайси профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ ба донишҷӯён аз фанҳои тахассусӣ дарс мегӯяд.
Зимни шиносоӣ бо навиштаҳои устод А.Ш. Қурбонов эҳсос карда мешавад, ки ӯ ҳамеша баҳри пажӯҳиш ва таҳлили масоили хеле муҳим ва зарурӣ, самтҳои ҳаёти ҷомеа, ки аслан мавриди таҳқиқи муаллифони дигар қарор нагирифтанд, кӯшиш ба харҷ медиҳад. Масалан, дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта, ки ҳамчун оғози марҳилаи бозсозӣ ва демократияву ошкорбаёнӣ маъруф аст, масъалаи муносибати ҷавонон ба дин ва фарҳанги миллӣ низ муҳимму актуалӣ гардида, таҳқиқ ва омӯзишу арзёбии илмии он ба зарурати воқеӣ табдил ёфта буд. Вобаста ба ин, ӯ ҳамчун муҳаққиқи ҷавону пурғайрат зарурати масъалаи мазкурро дарк намуда, масъалаи «Таъсири ислом ба шуур ва психологияи ҷавонони деҳот (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)»-ро ҳамчун мавзуи диссертатсияи номзадӣ интихоб намуда, дар натиҷа доир ба самти мазкур кори тадқиқотии арзишманде ба анҷом расонда шуд.
Зимни фаъолияти корӣ дар Шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998-2007) ӯ ба таҳлил ва омӯзиши мушкилоти соҳаи мазкур амиқтар ворид гардида, бевосита ба омӯзиши фалсафаи илм ва маориф шурӯъ намуд ва то имрӯз ба таълифи асару мақолаҳои таҳлилӣ доир ба илм ва маориф машғул аст. Баъди аз хизмати давлатӣ ба соҳаи илм баргаштан Қурбонов А.Ш аслан ба таҳқиқу баррасии масълаҳои актуалие шуруъ намуд, ки дигарон то кунун ба он даст назадаанд ва он масъалаҳо барои пешравии миллату давлат зарур буданд.
Дар ин хусус академик Мусо Диноршоев қайд мекунад, ки: — “Абдураҳмон Қурбонов аз соҳаи хизмати давлатӣ ба соҳаи илм, аллакай чун як таҳлилгар ва муҳаққиқи тавоно ва собиқадор оид ба проблемаҳои илму маориф ворид гардид. Ва бояд бигӯям, ки фалсафаи муосири тоҷик ба чунин як муҳаққиқи ҷӯяндаву матинирода ниёз дошт ва бо омадани Абдураҳмон гӯё ҳамин холигӣ пур шуд. Хато намекунам бигӯям, ки ман дар байни муҳаққиқони имрӯза касеро дар ин самт бо ӯ баробар намедонам. Шиносоӣ бо фаъолияти илмию таҳқиқотии ӯ ин гуфтаҳои маро тасдиқ мекунанд».(Шастсоли пурбор. –С.10)
Бояд тазаккур дод, ки мақолаҳо ва гузоришҳои илмии ӯ доир ба масоили ба нафақа гусел намудани олимони соҳибунвон, фаъолияти литсейҳои туркӣ дар ҷумҳурӣ, фирори мағзҳо, ҳифзи амнияти зеҳнӣ, буҳрони илму маориф дар мамлакат ва ғайраҳо боиси баҳсҳои зиёд дар васоити ахбор ва шабакаҳои иҷтимоӣ гардида, ӯро ҳамчун як муҳаққиқ ва коршиноси шинохта бо ҷасорати махсус ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба ҷомеаи илмӣ муаррифӣ намуд.
Воқеан, А.Ш.Қурбонов яке аз фаъолтарин муҳаққиқони ватаниест, ки доир ба масъалаҳои вазъи илму маориф дар замони истиқлолият пажӯҳиш анҷом дода, маҳсули қалами ӯ зиёда аз 100 мақола ва 20 китоби дарсию монографияҳоро дар бар мегирад. Асарҳои ӯ “Аз дин то фалсафа”, “Фалсафаи аҳди бостон” , “Илм ва низоми идораи он дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон”, “Амнияти зеҳнӣ ва истиқлолияти давлатӣ”, “Илм ва маориф: тамоюлот, мушкилот, дурнамо”, “Методологияи тадқиқоти илмӣ”, “Таҳавулли низоми маориф дар Тоҷикистон”, “Вазъи маориф ва илм дар шароити Истиқлолияти давлатӣ” ва ғайраҳо бевосита ба таҳқиқи фарогир ва дақиқи илмӣ-фалсафии масоили маориф ва илм дар ҷумҳурӣ бахшида шудаанд, ки баёнгари воқеии саҳми муаллиф дар рушди равияи махсуси илми фалсафа – фалсафаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.
Устод А.Ш.Қурбонов бо таҳқиқотҳои дар ин самт анҷомдодааш ҳамчун муҳаққиқи варзидаи масоили маориф ва илм мавриди эътирофи олимони саршиноси кишвар қарор гирифта, ӯро аксар муҳаққиқон чун бунёдгузори фалсафаи маориф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ном мебаранд. Масалан, доктори илмҳои педагогӣ Гулмадов Файз, ки аз донишмандон ва муҳаққиқони варзидаи соҳаи маориф маҳсуб мешавад, дар яке аз мақолҳояш чунин ибрози андеша намудааст: «Қурбонов Абдураҳмон олим ва таҳлилгари варзидаи маориф мебошад ва рисолаи докториаш низ ба таҳқиқи фалсафаи маориф бахшида шуда, бояд зикр намуд, ки дар ҷумҳурӣ аввалин рисолаи илмӣ дар ин равия маҳсуб мешавад».
Файласуфи шинохтаи ватанӣ, профессор С. Аҳмадов дар яке аз мақолаҳояш зери унвони “Муҳақиқи фалсафаи маориф” чунин ибрози андеша намудааст: “Қурбонов А.Ш. файласуфест, ки ибтидои фалсафаи маорифро дар ҷумҳурӣ гузоштааст”.
Олими шинохта, доктори илмҳои педгогӣ, профессор Мирализода А.М. дар мақолааш “Родмарди арсаи афкори созанда” таъкид намудааст: “Ӯ аввалин муҳаққиқи соҳаи фалсафаи маориф дар ҷумҳурии мо маҳсуб меёбад ва пайваста ба таҳқиқи амиқи масъалаҳое даст мезанад, ки на ҳар кас ба он ҷуръат мекунад.”
Файласуфи тоҷик Рустам Назаров (рӯҳаш шод бод) зери роҳбарии устод А.Қурбонов дар ин самт рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд, ки он дуюмин тадқиқоти мукаммал дар ин самт маҳсуб мешуд. Ӯ шӯхиомез мегуфт, ки “Абдураҳмон Шерович Гершунскийи тоҷик ба ҳисоб меравад”. Ин муқоисаи Рустам Назаров ба он хотир буд, ки Б.С.Гершунский яке аз асосгузорон ва маъруфтарин муҳаққиқони фалсафаи маориф дар Россия маҳсуб мешавад. Аз гуфтаҳои боло метавон чунин хулосае баровард, ки устод А.Ш.Қурбонов воқеан, ҳамчун муҳаққиқ дар рушду густариши равияи фалсафаи маориф дар ҷумҳурии мо саҳми муносиб гузоштааст.
Тавре ки зикр гардид, ӯ ҳамчун муҳаққиқи дақиқназар ҳамеша ба масоили тоза ва ба истилоҳ обнорасида даст мезанад. Ҳамагон медонанд, ки имрӯз тарки ҷумҳурӣ намудани олимону мутахассисон ба масъалаи доғ табдил ёфта, мафҳуми “фирори мағзҳо” дар маркази таваҷҷуҳи муҳаққиқону сиёсатмадорон қарор гирифтааст. Бояд гуфт, ки солҳои охир масъалаи мазкур баъзан аз забони рӯзноманигорону муҳаққиқон садо медод, вале маводи илмию таҳлилии мушаххас ҳанӯз нашр нагардида буд. Рӯзномаи “Минбари халқ” (5 ноябри соли 2014, №45 (972) мусоҳибаи устод Абдураҳмон Қурбоновро бо рӯзноманигор Заррина Абдуллоева таҳти унвони «Зеҳнҳо» омили муҳими рушд ва амнияти миллатанд» нашр намуд, ки он аввалин маводи таҳлилии нисбатан мукаммал доир ба ин масъала маҳсуб мешуд. Бояд зикр намуд, ки ин мусоҳиба ба таҳқиқи масъалаи мубрами ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистон–“фирори мағзҳо” замина гузошт ва баъди ин силсилаи мақолаҳои устод–“Муҳоҷирати «зеҳнҳо»: таърих ва дурнамо”, “Фирори мағзҳо» чун зуҳуроти глобалӣ”, “Неруи зеҳнии ҷумҳурӣ ва ҳалли мушкилоти соҳаи илм дар замони Истиқлолият”, “Таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба раванди таълим”, “«Утечка мозгов» и национальная безопасность”, “Предостережение от последствий весенней “утечки мозгов” ва ғайраҳо дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ нашр гардиданд.
Ҳамчунин, сари ин мавзуъ мусоҳибаи рӯзноманигори шинохта Саидаи Фазл бо устод зери унвони «Фирори мағзҳо»: моҳият ва тамоюл” (Маърифати омӯзгор, 2016, №4) ба табъ расид, ки идомаи нашри натоиҷи пажӯҳишҳои эшон дар ин самт мебошад.
Мавриди зикр аст, ки то солҳои охир масъалаи муҳоҷирати неруҳои ақлонӣ чун проблемаи муҳимми иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар матбуот ва адабиёти илмӣ бо унвонҳои «муҳоҷирати зеҳнҳо», «фирори мағзҳо», «кӯчиши зеҳнҳо», «ихроҷи ақлҳо» ва ғайра дучор мешуд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки баъди пажӯҳиш ва нашри силсилаи мақолаҳои А.Ш.Қурбонов доир ба ин масъала, мафҳумҳои зикргардида дар забони васоити ахбор ва адабиётҳои илмӣ чун қолаби ягона ва маъмул –“фирори мағзҳо” қабул гардид.
Ниҳоят, соли 2016 натиҷаҳои таҳқиқоти устод доир ба масъалаи “Фирори мағзҳо” дар шакли монография бо унвони “Амнияти зеҳнӣ ва истиқлолияти давлатӣ” нашр ва дастраси хонандагон гардид, ки он ҳамчун тадқиқоти тоза барои аҳли илм ва мутахассисони соҳа арзиши баланди илмӣ дорад. Яъне, ӯ ба хотири рушди илм ва ташаккулу таҳкими нерӯри зеҳнии кишвар, ки асоси ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии давлату миллатро ташкил медиҳад, аввалин шуда таҳқиқоти мукамалро дар ин ба анҷом расонд.
Ба ақидаи академик Мусо Диноршоев, – “Бо итминони комил метавон гуфт, ки муалиф дар ин асари худ масъалаи хело мубрам — масъалаи “фирори мағҳо”-ро мариди омӯзиш ва таҳқиқ қарор додааст, ки барои илми тоҷик бесобиқа маҳсуб мешуд. Ба он хотир, ки худи мафҳуми “амнияти зеҳнӣ” то ин дам дар адабиёти илмии тоҷик, на дар шакли тоҷикӣ ва на дар шакли русияш (интеллектуальная безопасность) истифода нашуда буд… Ин аст хусусияти татқиқоти муҳим, навҷӯӣ ва кӯшишу ғайрати як нафар муаллиф барои ҳифзи нерӯи зеҳнии кишвар”. Дар воқеъ таҳқиқотҳои анҷомдодаи устод Қурбонов А.Ш саривақтӣ ва зарурӣ маҳсуб шуда, маҳз баъди нашри мақолаҳо ва асари арзишманди вай “Амнияти зеҳнӣ ва истиқлолияти давлатӣ” дигар муҳақиқон ба омӯзиши ин масъала пардохтанд, ки заминаашро ҳамин асар фароҳам овардааст.
Бояд гуфт, ки монографияҳои устод – “Илм ва маориф: тамоюлот, мушкилот, дурнамо” (2019), “Таҳавулли низоми маориф дар Тоҷикистон”(2019), “Методологияи тадқиқоти илмӣ”(2020), “Вазъи маориф ва илм дар шароити Истиқлолияти давлатӣ”(2021) чун таҳқиқотҳои бунёдии устод ба рушди соҳаи илму маориф мусоидат намуда, аксар кормандони соҳаи мазкур ин асарҳоро ба ҳайси китоби руйимизии худ мавриди истифода қарор медиҳанд.
Ҳамчунин, бояд ёдовар шуд, ки асару мақолаҳои устод берун аз ҷумҳурӣ низ нашр гардидаанд. Масалан, асари монографии устод таҳти унвони “Состояние и перспективы развития образования в современном Таджикистане (социально-философский анализ)” дар шаҳри Рига (2019) бо забони русӣ аз нашр баромад, ки ин албатта, далели сатҳ ва арзиши илмии таҳқиқотҳои ӯ маҳсуб мешаванд.
Қурбонов А.Ш файласуф ва олими ҳирфавӣ буда, осори вай аз ҷиҳати илмӣ асоснок, пурмазмун, мантиқӣ ва омафаҳм мебошад. Масоили илм ва маориф дар таълимоти фалсафии вай мақоми хосаро касб намуда, дар тақвият бахшидани сиёсати маориф ва илми ватанӣ дар самти тарбияи мутахассисон ва кадрҳои илмӣ андешаҳо ва пешниҳодоти ҷолиб дорад. Ӯ ҳамчун муҳаққиқи соҳа ба масъалаи таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар таваҷҷуҳ намуда, ҳанӯз соли 2014 дар асараш “Илм ва низоми идораи он дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ)” доир ба норасоии кадрҳои илмӣ ҳушдор дода буд, ки : «…дар сурати наандешидани чораҳои фаврӣ ва муфид оид ба ҳалли масъалаи мазкур ва идома ёфтани ҳамин гуна муносибат ба илм, омода намудани кадрҳои илмӣ ва мутахассисони ҷавон мақомоти давлатӣ, кафедраҳои мактабҳои олӣ, пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ, корхонаю муассисаҳо ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар ояндаи наздиктарин ба буҳрони шадиди кадрӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд». Тавре ки мебинем, ҳушдори устод воқеӣ, асоснок ва саривақти буда, имрӯз чунин мушкилӣ тамоми муассисаҳоро фаро гирифтааст.
Бояд тазаккур дод, ки баромад намудан аз тариқи матбуот нишон аз ҷасорати баланди ӯ мебошад. Зеро барои донишманди воқеӣ доштани ҷасорат хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Ҳангоми баҳс аз танқид наҳаросидан низ ҷасорат аст. Абдураҳмон Қурбонов маҳз бо ҳамин фазилатҳояш дар ҳамоишҳои илмӣ аз дигарон фарқ мекунад. Ӯ дар баробари ҷасорати баланд доштанаш, боз як донишманди пухтакор, серталабу сахтгир ва принсипнок низ ҳаст. Дар маҳфилу конфронсе, ки ӯ ширкат меварзад, он ҷо ҳатман баҳсу мунозира ҳаст. Ҳар масъалаеро, ки мебардорад, албатта дар атрофаш баҳсу мунозираеро низ ба вуҷуд меорад. Беҳуда намегӯянд: «Ҳақиқат зодаи баҳс аст ва илми бебаҳс пойдор намемонад…»
Як ба саҳифаҳои матбуоти даврӣ нигоҳ кунем, дарк мекунем, ки устод тақрибан даҳ соли охир аз фаъолтарин нафароне мебошад, ки бо мақолаҳои таҳлилию танқидӣ доир ба соҳаи илм ва маориф баромад мекунад. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар озмуни “Мақолаи беҳтарин” доир ба масоили илм ва маориф, ки маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон элон намуда буд, мақолаҳои устод А.Ш.Қурбонов беҳтарин дониста шуданд ва он кас сазовори ҷоиза гардиданд. Бояд зикр намуд, ки ба теъдоди зиёда аз 20 монографиву китобҳои дарсӣ ва зиёда аз 100 мақола дар соҳаи илму маориф нашрнамудааш, устод ҳатто “Алочии илм ва маорифи Тоҷикистон” нест, вале барои баромадҳои фаъолонааш дар саҳифаҳои матбуот соли 2020 ба унвони “Алочии матбуот” қадрдонӣ шудааст.
Устод А.Ш.Қурбонов дар баробари муҳаққиқи варзида буданаш, як шахси хоксор, инсони поквиҷдон, ростгӯю ростқавл ва хеле меҳнатдӯст мебошад. Маҳз ба хотири хизматҳои арзандааш зимни фаъолият дар Шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ шудааст.
Қурбонов А.Ш дар масъалаи тайёркунии кадрҳои илмии мамлакат саҳми арзанда гузошта, зери роҳбарии ӯ 1 нафар рисолаи докторӣ ва 7 – нафар рисолаҳои номзади ҳимоя намуда, ҳоло бошад, 8 нафар унвонҷӯёну аспирантон ба корҳои таҳқиқотӣ машғуланд.
Дар маҷмуъ пажӯҳиш ва навиштаҳои ин родмарди илму маърифат дар таҳлилу омӯзиши мушкилоти илму маориф нақши хосса дошта, барои таҳкими низоми идора ва таъмини самараноки фаъолияти соҳаи мазкур муфид хоҳанд буд.
Мо омӯзгорони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ аз он ифтихор дорем, ки устод Абдураҳмон Қурбонов фаъолияти кориашро аз ҳамин боргоҳи илму ирфон оғоз намуда, дастпарвари кафедраи мазкур мебошад. Дар арафаи зодрӯзашон ба устод тансиҳатию сарбаландӣ ва муваффақиятҳои эҷодӣ таманно дорем.
Ғаюров Л., Амиров Ф., Камолов Ш., омӯзгорони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ